"Гӯшае аз Тоҷикистон". Чӣ гуна Руфия Сафарова дар Қазоқистон муваффақ шуд? ВИДЕО

Руфия Сафарова дар ошхонаи "Гӯшае аз Тоҷикистон"

“Гўшае аз Тоҷикистон”. Ин номи ошхонаест, ки як зани тоҷик дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон таъсис додааст.

Руфия Сафарова ҳоло ба танҳоӣ кори ин ошхонаи хӯрокҳои миллиро пеш мебарад ва аз ҳисоби даромади он дар зодгоҳаш масҷид бунёд кардааст. Дар ошхонаи Руфия Сафарова, дар бозори “Кабуди”-и шаҳри Алмаато асосан хӯрокҳои тоҷикӣ омода мешаванд. Дар ин ҷо аз оши палав то қурутобу мастова – ҳама навъи ғизоҳои маъруфи тоҷикӣ таҳия мешаванд.

Руфия Сафарова 30 сол пеш дар рӯзҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон маҷбур шуд ба Қазоқистон кӯчад. Се сол истод ва ба Тоҷикистон баргашт. Аммо тақдир ӯро дубора ба шаҳри Алмато овард. Дар як сӯҳбаташ бо Радиои Озодӣ Руфия Сафарова гуфт, ошхонаро ҳамроҳ бо падар ва бародаронаш ташкил кард.

Ҳоло ӯ 51 сол дорад ва ҳеҷ гоҳ оила барпо накардааст. Як фарзанди бародарашро ба фарзандхонӣ гирифтааст. Ӯ мегӯяд, танҳоӣ иродаи ӯро нашикаст ва ба як соҳибкори боғайрат табдил дод.

Мегӯяд, кори ӯ дар ин бозор якбора аз ошхона шурӯъ нашуд. Солҳои аввали ба Қазоқистон омадан аввал дар бозори “Кабуди”-и Алмаато рубандагӣ мекард ва соли 2000-ум ин ошхонаро фаъол намуданд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Ошхонаи Руфия нишонаи меҳмоннавозии тоҷикон дар Алмаато

Руфия Сафарова гуфт: “Худам ҳамроҳи падарам, аз ягон кас пул нагирифем, ҳамроҳи падарам кардем. Фақат тоҷикони худамонро ба кор гирифтем. Аввал додаром будем, ҳозир 6 нафар тоҷикони худамон ҳастему як зани қазоқ. Се зану ду нафар мард кор мекунем”.

Руқия Очилдиева, як зани тоҷиктабор коргари ошхонаи Руфия аст. Ним сол пеш шавҳараш вафот кард ва ӯ ҳамроҳи шаш фарзандаш танҳо монд. Руқия Очилдиева мегӯяд:

“Аз бозе ки ки мардаки ман аз дунё гузашт, рафта моро оварда ва дар инҷо ба кор гирифт. Шаш моҳ шуд ҳамроҳи кӯдаконам ин ҷо омадем, духтарчаам калон шудааст, меорам, ҳамроҳам кор мекунад, бачаамро ҳам меорам, ҳамроҳ кор мекунем. Ҳар рӯз чӣ қадаре бошад, маошамро медиҳад ва хӯрокҳои кӯдаконамро медиҳад, гирифта меравем.”

Дасти кӯмаки Руфия Сафарова бо ин маҳдуд нашуд. Ошхонаи ӯ макони зиндагии тоҷикон ва ҳам афғонистониҳе аст, ки ба Алмаато омада, дар кӯча мондаанд. Руфия дар кӯмакҳои худ Тоҷикистонро ҳам фаромӯш накард.

Ӯ мегӯяд: “Дар Тоҷикистон 15 сол мешавад як масҷиди калон сохтам дар ҳазрати Хоҷа Абдулло, беҳад ҷойи хуб аст. Мо интернат дорем, касалхона дорем, онҳоро ҳеч вақт фаромӯш намекунем. Аввал - онҳо, баъд хонаамон. Дар Навобод ҳам интернат ҳаст, ҳам касалхона. Падарамон дар интернат калон шудаанд, мо онҳоро фаромӯш намекунем.”

Руфия Сафарова шаҳрвандии Қазоқистонро дорад. Дар бозори “Кабуди”- шаҳри Алмаато ӯро бо номи Руфа мешиносанд. Бархеҳо дар симои ӯ ба Тоҷикистон баҳо медиҳанд.

Алан, ки хӯрокҳои ин ошхонаро дӯст медорад, мегӯяд: “Ин чойхона як пораи хурди Тоҷикистон аст. Барои он ки дар инҷо шуморо соҳибхонаи меҳрубон пешвоз мегирад, хӯрокҳои болаззат мепазад ва аз ҳама муҳим, қалби бузург дорад. Ӯ ҳамчун намояндаи мардуми Тоҷикистон нишон медиҳад, ки онҳо чӣ гуна меҳрубон ва меҳмоннавоз ҳастанд.”

Руфия яке аз ҳазорҳо бонувони тоҷик аст, ки солҳо пеш маҷбур шуд муҳоҷират кунад, вале бо ёрии наздикон тавонист зиндагиву кори худро мураттаб танзим намуда ба зодгоҳаш ҳам ёрӣ расонад. Раванди муҳоҷирати занон аз Тоҷикистон ба Русия ва дигар кишвраҳо ҳоло низ идома дорад, вале на ҳамаи онҳо мисли Руфия Сафарова муваффақ мешаванд. Бархе маҷбуранд барои пайдо кардани ризқу рӯзӣ корҳои мушкилро таҳаммул кунанд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

"Халиқ бонк" намояндагияшро дар Тоҷикистон мефурӯшад"Баъди пошхӯрии Шӯравӣ таваҷҷуҳ шуд." Имомхатибҳои тоҷик дар масҷидҳои Қазоқистон. ВИДЕОБартарӣ ва мушкилоти зиндагии тоҷикон дар Қазоқистон. ВИДЕО.Нозирони тоҷик интихоботи Қазоқистонро назорат мекунандФасод, хонаводаи ҳоким ва муносибати кишварҳо. "Хати сурх" дар Тоҷикистон ва ҳамсояҳояш кадом аст?