Акбар Аминов 12 сол боз дар масҷиди шаҳри Шимкенти Қазоқистон имомхатиб аст. Ин рӯҳонии 41-сола таҳсили диниро дар мадрасаи Салмони Форсӣ дар шаҳри Исфара ва як донишгоҳи исломӣ дар Қазоқистон гирифтааст. Мисли Акбар Аминов даҳҳо тоҷики бумӣ дар масҷидҳои Қазоқистон имом ҳастанд.
“Ҳамчун як фарди ҳамин миллат, ҳамчун як шаҳрванди Қазоқистон, инчунин, як роҳбари рӯҳонӣ эҳтироми зиёде ва нақши бузург доранд. Агар ҳуҷҷат мехоҳед, дар тамоми масҷидҳое, ки суҳбат дар бораи тоҷик бошад, ҷамоат ба онҳо эҳтиром доранд,” – нақл кард Акбар Аминов дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.
Ба ин масҷид қазоқҳо, тоҷикон ва узбекони бумӣ меоянд. Амри маъруф бо забони қазоқӣ аст.
"Тоҷик ҳастӣ, мулло ҳастӣ"
Теъдоди дақиқи имомҳои тоҷик дар Қазоқистон маълум нест. Танҳо аз наберагони Мулло Исмоил қариб 30 нафар дар масҷидҳои ин кишвар имом ҳастанд. Яҳёхоҷа Исмоилов яке аз онҳост. Ӯ 35 сол боз дар шаҳрҳои гуногуни Қазоқистон пешдарои намози мардум мебошад.
“Қазоқҳо як мақол доранд, “тожик булсин, мулло булсин” яъне тоҷик бошӣ, ту мулло ҳастӣ. Дар ҳама ҷо аз фарзандони қишлоқи мо ва тоҷикони дигари Қазоқистон ҳамчун қорӣ, устод, имом ва муаззин кор карда истодаанд,” – гуфт Яҳёхоҷа Исмоилов.
Видеоро дар инҷо бинед:
Рӯҳониён дар Қазоқистон аз эҳтироми хос бархӯрдоранд. Дар ҳар маҳфил бологузаранд ва мағозаву бозору дигар иншоотро мекушоянд.
Аксар имомҳои тоҷик дар Қазоқистон зодагони маҳаллаи Фирдавсӣ дар ноҳияи Мақтаарал ҳастанд. Гузаштагони онҳо, ки асосан рӯҳонӣ буданд, дар солҳои таъқиби сталинӣ маҷбур шуданд, аз Тоҷикистон бигурезанд.
Талабот баъди фурӯпошии Шӯравӣ
Имомназар Ҳақназаров соли 1990 имом шуд. Ӯ мегӯяд, бо пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ, ки динро афюн медонист, талабот ба руҳониён дар Қазоқистон якбора зиёд шуд.
Созмону кишварҳои ғарбӣ Қазоқистонро ба мисли Тоҷикистон барои маҳдудияти озодиҳои сиёсӣ ва динӣ танқид мекунанд. Аммо Қазоқистон ба фарқ аз Тоҷикистон занону наврасон ҳақ доранд, ба масҷид бираванду намоз хонанд.
Дар назди ҳар масҷид таълими Қуръон ва ҳадис амал мекунад. Ба ғайр аз ин, дар Қазоқистон 11 мадраса ҳаст, вале баъзе маҳдудиятҳо низ ҷой дорад. Аз ҷумла, таъини мавзӯи амри маъруф аз сӯи идораи муфтиёт.
Акбар Аминов мегӯяд, “амри маъруф ва наҳйи мункар ҳудуд надорад, давлат ба амри маъруфи имомҳо дахолат намекунад, муфтиёт пешниҳод мекунад. Ин ҷумъа дар бораи мардони сахӣ буд, ин пешниҳоди муфтиёт буд.”
70 дарсади сокинони Қазоқистон мусалмон ҳастанд. Аксар мусалмонон дар ин кишвар аз мазҳаби ҳанафӣ пайравӣ мекунанд. Имсол дар Қазоқистон бузургтарин масҷид дар Осиёи Марказӣ кушода шуд. Дар маросими ифтитоҳи масҷид Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳури собиқи Қазоқистон иштирок дошт.
Гуфтугӯ