Тошиев дар бораи баҳс бо Тоҷикистон: "Ба гузашт омода ҳастем"

Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии (КДАМ) Қирғизистон гуфтааст, “Қирғизистон ва Тоҷикистон дар масъалаи аломатгузории сарҳади умумӣ ба иттифоқи назар даст ёфтанд”.

Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии (КДАМ) Қирғизистон гуфтааст, “Қирғизистон ва Тоҷикистон дар масъалаи аломатгузории сарҳади умумӣ ба иттифоқи назар даст ёфтанд”.

Бидуни тавзеҳе Тошиев ба такрори ҳарфҳои аз ин пеши президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов (Жапаров) гуфтааст, ки “то поёни соли ҷорӣ талош мекунем масъалаи марзро ҳал кунем”.

Тошиев дар як мусоҳибаи рӯзи 19-уми ноябраш бо расонаи минтақавии "Region TV" гуфтааст, “баррасии масъалаҳо бо Тоҷикистон хуб ҷараён доранд”. Ӯ бо ёдоварӣ аз сафари рӯзи 14-уми ноябраш дар садри комиссиюни аломатгузории марзи Қирғизистон ба Душанбе гуфтааст: “Мо то андозае ба ҳалли масъалаҳо шурӯъ кардем. Агар пештар ҳал карда наметавонистем, ҳоло – на. Ҳоло мо то андозае забон меёбем. Мо ҳоло масъалаҳоеро, ки бояд ҳал кунем, ба ҳамдигар нишон медиҳем. Ба гузашти дутарафа роҳ медиҳем. Мо пешниҳод дорем, ки “биёед, шумо ин қитъаи заминро гиред, мо – онро”. - Тошиев дар идомаи мусоҳибааш гуфт, - Мо мегӯем, “агар ба шумо чизе лозим бошад, хеле хуб, мо ба шумо ёрӣ мекунем, вале шумо ҳам ба мо бо он чи ки ба мо лозим аст, ёрӣ кунед”. Ҳамин хел мо бо Тоҷикистон музокира карда ҳал мекунем”. Тошиев гуфт, интизор меравад, ки давоми як ҳафтаи наздик ҳайате аз Тоҷикистон ба Қирғизистон меравад. “Акнун мо аз паи мувофиқаҳои давлатӣ мешавем, - гуфтааст дар ин мусоҳиба Тошиев. - Агар ин мувофиқаҳо ба даст ояд, одамони зарурӣ созишномаро имзо мекунанд ва мо онро ба парлумон мефиристем. Он ҷо муфассал баррасӣ мекунем ва бо ризоияти вакилон санадро қабул карда президентон имзо мекунанд. Мушкили ду кишвар ҳал хоҳад шуд”.

Бо ин вуҷуд Тошиев нагуфт, ки додугирифтҳои қитъаҳои замин мушаххасан қадом қитъаҳоро пешбинӣ мекунанд ва манзур аз “гузашт” чӣ аст. Мақомот дар Тоҷикистон ҳам ба ҳеҷ шакл изҳори назарҳои ахири мақомоти Қирғизистонро шарҳ намедиҳанд. Аз ҷумла, изҳороти рӯзи 17-уми ноябри президенти Қирғизистон, ки изҳори умедворӣ кард, ки “то поёни соли ҷорӣ” баҳсҳои марзӣ бо Тоҷикистон ҳал мешаванд, бе шарҳу вокуниши Тоҷикистон монд.

Ҷаласаи ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон оид ба таъйину аломатгузории марз рӯзи 14-уми ноябр дар шаҳри Душанбе баргузор шуд. Ду тараф гуфтанд, ки ёддошти ҳусни тафоҳум имзо кардаанд, вале на ҷониби Душанбе ва на Бишкек ҳеҷ тафсилоте аз ин гуфтугӯҳо нашр накарданд.

Сӯҳбатҳои ахири Тошиев дар ҳолест, ки рӯзи 18-уми ноябр парлумони Қирғизистон Созишнома оид ба муайянсозии қитъаҳои алоҳидаи марз ва идораи муштараки обанбори Кампирободро бо Узбекистон тасдиқ кард. Ин созишнома ҳам дар дохили Қирғизистон бо баҳсу мухолифатҳои ҷомеаи маданӣ рӯбарӯ шуд, вале мақомот даҳҳо нафарро ҳабс карда, ниҳоят дар парлумон ин созишро тасвиб карданд.

Баҳсҳои марзии Қирғизистону Тоҷикистон, ки давоми ду соли охир ба муноқишаҳои мусаллаҳона табдил шудаанд, бартараф нашудаанд. Тоҷикистону Қирғизистон садҳо километр марзи худро таъйину аломатгузорӣ накардаанд ва ҳамин сол низоъ дар сарҳади байни ду кишвар сабаби марги на камтар аз 200 нафар аз ҳарду тараф шуд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Порлумони Қирғизистон созишномаи марзиро бо Узбекистон тасдиқ кардСодир Ҷабборов: То соли нав талош мекунем, масоили марзиро бо Тоҷикистон ҳал кунемТазоҳурот дар Узген ва Бишкек зидди додани "Кампиробод" ба Узбекистон Содир Ҷабборов дар бораи баҳси марзӣ бо Тоҷикистон чӣ гуфт?Тошиев ба вакилон дар бораи буданаш дар Душанбе маълумот дод