Порлумони Қирғизистон Созишнома оид ба муайянсозии қитъаҳои алоҳидаи марз ва идораи муштараки обанбори Кампирободро бо Узбекистон тасдиқ кард.
Дар ин ҷаласа президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов иштирок кард. Лоиҳаи қонунро барои тасдиқи созишнома Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии ин кишвар муаррифӣ кард.
"Мо ягон порча замин, ягон гектар заминро ба ҳамсоя намедиҳем. Барои ин ҷавоб медиҳам. Мо ҳамагӣ 4485 гектар, ки дар зери об ҳаст, додем, дигар тамом. Дар дигар деҳаҳо ягон қитъа дода нашуд. Мо 19,5 гектар заминро иваз кардем. Дар ҳудуди ноҳияи Узген 19,5 гектар заминро онҳо ба мо доданд ва ҳамин миқдор мо ба онҳо додем. Дигар ягон порча надодем,”—гуфт Қамчибек Тошиев.
Аз лоиҳаи қонун 64 вакил тарафдорӣ ва 19 тани дигар мухолифат карданд.
Ҷабборов пештар аз ин гуфта буд, ки 99 дарсади қитъаҳои баҳсӣ бо Узбекистон ба нафъи Қирғизистон ҳал шудаанд. Вай илова карда буд, ки "дар баҳси марзӣ бо Узбекистон нуқта гузошта мешавад."
"Ман бовар дорам, мардум ба мо офарин хонанд, вақте ки ҳама чизро бо чашми худ бубинад," - гуфт Ҷабборов.
Созишномаи марзиро бо ҷониби Қирғизистон рӯзи 14-уми ноябр порлумони Узбекистон низ тасдиқ карда буд.
Муҳокимаи тарҳи қонуни тасдиқи созишнома аз ҷониби мухолифони Қирғизистон эътирозҳоеро ба бор овард. Фаъолон гурӯҳеро таъсис доданд, ки зиди додани обанбори Кампиробод ба Узбекистон буданд. Мақомоти қирғиз 26 нафарро бо иттиҳоми “ташкили бетартибӣ” боздошт карданд.
Гуфтугӯ