Дар интизори набарди сахт. Омодагии Украина ва Русия барои гирифтани як минтақа. ВИДЕО

Нерӯҳои Украина дар ҷабҳаи аввали ҷанг мегӯянд, интизори ҷангҳои сахте дар вилояти ҷанубии Херсон ҳастанд, ки онҷо Русия нерӯҳояшро тақвият мебахшад. Аз тарафи дигар, дар худи Русия тамринҳои пурсарусадое сурат гирифт, ки ҷараёни зарба бо мушакҳои атомиро ба рақиби эҳтимолӣ машқ карданд.

Набарди қарибулвуқуъ дар наздикии рӯдхонаи Днепр инро маълум мекунад, ки оё Украина метавонад, ки назорати Русияро дар ҷануби кишвар суст кунад ё не.

Як сарбози украинӣ мегӯяд, нерӯҳои Русия хандақ мекананд: “Русҳо мавзеъҳояшонро тағйир медиҳанд. Хадамоти мо маълум карданд, ки онҳо нерӯҳои тоза ҷалб кардаанд, камингоҳҳояшонро мустаҳкам мекунанд, хандақ мекананд. Онҳо аз неруҳои ҳавоӣ, тӯпхонаву сарбозони мо метарсанд.”

Дар як хати ҷабҳа, ба гуфтаи сарбозони украинӣ, ҳамлаҳои тӯпхонаии нерӯҳои Русия пас аз чанд ҳафтаи сукут зиёдтар шудааст. Муколамаҳои байни нерӯҳои Русия аз ирсоли сарбозони иловагӣ ба маҳал дарак медиҳанд. Бо афзоиши танишҳо, Русияву НАТО тамринҳои солонаи нерӯҳои атомиашонро баргузор мекунанд.

Русия Киевро ба омодагӣ аз истифода аз бомбаи олуда ба маводи атомӣ муттаҳам мекунад. Украинаву Ғарб ин иддаоро беасос ва баҳонае барои шиддат додани ҷанг номидаанд.

Дар ҳамин ҳол, телевизионҳои давлатии Русия киштиҳои зериобӣ, бомбандозҳои стратегӣ ва нерӯҳоеро нишон медоданд, ки посух ба ҳамлаи атомии рақибро тамрин мекунанд.

Сергей Шойгу, вазири дифои Русия, ба Владимир Путин гуфт, нерӯҳо омодаи посух додан ҳастанд: "Рафиқ фармондеҳи олӣ, бар асоси барномаи омода кардани нерӯҳои мусаллаҳи Русия таҳти раҳбарии Шумо машқҳое сурат мегиранд, ки дар ҷараёни он зарбаи фарогири атомии нерӯҳои стратегӣ дар посух ба ҳамлаи атомии рақиб тамрин мешавад.”

Киев мегӯяд, Маскав бо баланд кардани сарусадо дар бораи ҷанги атомӣ мехоҳад, кишварҳои ғарбиро тарсонад, то аз ҳимояти Украина даст кашанд.

Баъд аз ҳамлаҳои ҷавобии нерӯҳои Украина дар моҳи сентябр, Владимир Путин бо ҷалби садҳо ҳазор сарбози нав ба ҷанг, ба қаламраваш ҳамроҳ кардани минтақаҳои ишғолӣ ва таҳдид бо аслиҳаи атомӣ буҳронро шиддат бахшид.

Русия ҳамин моҳ бо истифода аз мушак ва дрон ё паҳподҳои сохти Эрон зарбаҳоро дар Украина зиёд кард, ки дар натиҷа зербунёдҳои зиёди барқӣ вайрон шуданд ва боғу хонаҳои истиқоматӣ ҳам осеб диданд.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Украина ба ҷанги сахт бо Русия омодагӣ мегирад