Ҳукумати Амрико мегӯяд, бинобар истифодаи дрон ё паҳподҳои Эрон дар ҷанги Украина ба зидди Теҳрон таҳримҳои сахт ҷорӣ мекунад. Кохи Сафед ҳамчунин гуфт, шубҳа дорад, ки ба ин зудӣ дар масъалаи эҳёи созиши атомӣ бо Эрон ба ҷое бирасанд.
Дар фазои шаҳри Киев хатари наве зуҳур кардааст. Ин дафъа аз Эрон. Украина мегӯяд, паҳподҳои вайронгару қотиле, ки ба пойтахт ҳамла мекунанд, сохти Эрон аст. Эрон мегӯяд, чунин нест. Русия шарҳ надодааст. Карин Жан Пийер, сухангӯи Кохи Сафед, дар нишасте дар Вашингтон дар бораи истифодаи паҳподҳои эронӣ ва посухи Амрико дар робита ба он суҳбат кард.
Ӯ гуфт: "Эрониҳо воқеиятро намегӯянд ва рад мекунанд, ки ба Русия барои ҷанг дар Украина силоҳ медиҳанд. Бино ба гузоришҳо, Эрон ҳоло дар фикри фурӯши аслиҳаи бештари вайронгар барои кумак ба таҷовуз дар Украина аст. Мо корро барои таҳримот ба зидди тиҷорати аслиҳа ба зидди Русияву Эрон идома медиҳем. Мо коре мекунем, ки Эрон ба осонӣ ба Русия силоҳ фурухта натавонад."
Аммо таҳлилгарон мегӯянд, Ғарб кори зиёде карда наметавонад. Ба қавли Энтони Кордсман, таҳлилгари Маркази Пажуҳишҳои Стратегӣ ва Байнулмилалӣ: “Онҳо ҳамон кореро мекунанд, ки моҳҳо анҷом додаанд. Баъзе афроду ширкату фармондеҳонро, ки силоҳу системаҳоро мефурӯшанд, интихоб ва таҳрим мекунанд. Ҳоло ин кор асари зиёде надорад."
Наворро дар инҷо бинед:
Ҳукумати Амрико ҳамчунин ба ҳимоят аз тазоҳуроте садо баланд кард, ки Эронро фаро гирифтааст. Тазоҳурот баъди марги як духтари ҷавон дар идораи пулиси ахлоқ дар моҳи сентябр сар зад.
Ҷеннифер Гавитт, ёвари вазири умури хориҷии Амрико, мегӯяд, “ҳоло чашми ҷаҳониён ба сӯи тазоҳургарони шуҷоъ дар Эрон аст, ки барои ҳуқуқи худ садо баланд мекунанд. На фақат барои ҳуқуқи занон, балки ҳамаи ҳуқуқи худ. Амрико ҳам дар канори онҳост.”
Амрико бинобар саркӯби тазоҳургарон ба зидди мақомоти баландпояи Эрон таҳрим ҷорӣ кард ва роҳҳои дастрасии эрониёнро ба расонаҳо дар Интернет ва муошират бо ҳамдигар осонтар сохт. Айни замон Кохи Сафед нигарон аст, ки музокирот дар бораи созиши атомӣ бо Эрон ба бунбаст ворид шудааст. “Мо интизор надорем, созише ба ин зудӣ ба даст биёяд,” – гуфт Карин Жан Пийер, сухангӯи Кохи Сафед.
Ба гуфтаи таҳлилгарон, шанси эҳёи созиши атомии Эрон бо кишварҳои ғарбӣ аз замони омадани раиси ҷумҳури нави муҳофизакор ба қудрат дар соли 2021 кам шудааст.
Энтони Кордсман, таҳлилгари Маркази Пажуҳишҳои Стратегӣ ва Байнулмилалӣ, гуфт: "Баъди интихоботи Эрон созиши атомӣ ба мушкили бисёр ҷиддӣ гирифтор шуд. Эрон ба ҳадде демократия ва мухолифон дорад. Ҳукумат нисбат ба рӯҳониён то як андоза таҳаммулгаро аст. Раиси ҷумҳури кунунӣ дар нияту ҳадаф як руҳонии фавқуллода муҳофизакор аст."
Ҳоло чӣ? Амрико мегӯяд, раҳбарони Эрон бояд ба ҳаққи мардум эҳтиром гузоранд. Чизе, ки мардум дар саросари шаҳрҳои Эрон ва берун аз он ҳафтаҳост бо баргузории тазоҳурот талаб доранд.
Гуфтугӯ