Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин вазъияти ҷаҳонро "хатарнок" хонд. Амрико: "Дар ҳарфҳояш чизе нав набуд"


Владимир Путин
Владимир Путин

Раиси ҷумҳури Русия гуфтааст, ҷаҳон бо хатарноктарин даҳа пас аз Ҷанги Дувуми Ҷаҳонӣ рӯбарӯ аст. Владимир Путин рӯзи 27-уми октябр дар Маҳфили таҳлилии "Валдай" кишварҳои ғарбиро дар вазъи ҳозираи ҷаҳон гунаҳкор донист.

Ӯ афзуд, Ғарб урфи байнулмилалиро нодида гирифт, то нуфузи худро ҳифз кунад ва кишварҳоеро, ки "тамаддунҳои дараҷаи ду" медонанд, зери назорати худ дароварад.

Ба иддаои раиси ҷумҳури Русия, Ғарб ба рақобатҳои одилона бо қудратҳои иқтисодӣ ва сиёсии дар ҳоло зуҳур дар Осиё қодир нест ва аз ин рӯ, ба таҳримҳои иқтисодӣ ва "инқилобҳои ранга" ба унвони силоҳе барои суст кардани рақибони худ рӯй овардааст.

Раиси ҷумҳури Русия дар идома гуфт, аз фиристодани нерӯҳои русӣ ба Украина пушаймон нест. Путин ҳамчунин гуфт, ҳар лаҳза ба сарбозони рус, ки дар Украина ҷон бохтаанд, меандешад, вале Маскав ҳеч интихоби дигаре ба ғайр аз ҳамлаи низомӣ ба Украина надошт. Кремл ин ҳамлаи низомиро "амалиёти низомии вижа" ном мебарад.

Путин ҳукумати Амрико ва муттаҳидони он кишварро муттаҳам кард, ки дар як бозии қудратталабонаи "хатарнок ва хунин" талош мекунанд шартҳои худро ба кишварҳои дигари ҷаҳон бор кунанд. Ба иддаои вай, ҷанг дар Украина бахше аз талошҳои Ғарб барои мустаҳкам кардани нуфузаш бар ҷаҳон аст.

Путин ҷангро дар Украина набарде байни Ғарб ва Русия донист ва дар айни ҳол гуфт, то ҳудуде як "ҷанги дохилӣ" аст, зеро ба гуфтаи ӯ, русҳо ва украиниҳо як миллат ҳастанд. Киев ҳар ду назарияро ба шиддат рад кардааст.

Ин изҳороти ӯ дар ҳоле аст, ки аз ҳамлаи бедалели Русия ба Украина беш аз ҳашт моҳ мегузарад. Ин ҳамла рӯзи 24-уми феврал оғоз шуд ва бузургтарин даргирии низомӣ дар Аврупо аз замони Ҷанги Дувуми Ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад.

Ҷон Карби, сухангӯи Шӯрои амнияти миллии Амрико, мегӯяд, дар суханони Путин ҳарфи наве ироа нашуд. Вай афзуд, ба бовари ӯ, ҳадафҳои стратегии Путин тағйир наёфтааст. "Путин намехоҳад, Украина ба унвони як кишвари мустақил вуҷуд дошта бошад", -- илова кард ӯ.

Русия бо ин ҳамла робитаашро бо Ғарб ба ҳадде тира кард, ки пас аз Ҷанги Сард бесобиқа будааст.

Дар ҳамлаҳои Русия ба шаҳрҳои Украина, аз ҷумла пойтахт Киев, ҳазорон украинӣ кушта шудаанд ва бисёре аз зерсохторҳо вайрон гаштанд. Миллионҳо украинӣ беҷо шудаанд ва беш аз 6 миллион нафари онҳо дар хориҷ паноҳанда шуданд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG