"Шикоятро дар матбуот хондем, вале ба мо набуд"
Будан ё набудани шиканҷаро дар боздоштгоҳ ва зиндонҳои Тоҷикистон рӯзи 25-уми октябр дар Душанбе баҳс карданд. Файзалӣ Давлатзода, корманди Додситонии кулли Тоҷикистон, дар ҳошияи нишаст ба Радиои Озодӣ гуфт, то ин дам дар бораи шиканҷа шудани рӯзноманигорон ва сокинони боздоштшудаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шикоят нагирифтанд.
Ин дар ҳолест, ки манобеи огоҳ аз қазияи рӯзноманигор Абдуллоҳ Ғурбатӣ дар аввали моҳи октябр гуфтанд, ӯ ду ҳафта пеш аз эълони ҳукм "зери фишор дар наворе ба гуноҳ иқрор карда", хоҳони раҳоияш шудааст.
Наздикони Абдусаттор Пирмуҳаммадзода низ иддао карданд, ки ӯ зери фишор ба гуноҳ иқрор карда. Худаш дертар дар номае, ки тавасусти манбаи наздик ба тафтишот ба дасти Радиои Озодӣ расид, чӣ гуна шиканҷа шуданашро нақл кардааст. "Ҳашт-даҳ рӯзи азобу уқубат, изолятсияи комил, таҳдиду таҳқир ва расидан ба аъзои оилаам водор кард, ки гуноҳи накардаро ба дӯш бигирам,” – навиштааст ӯ.
Файзалӣ Давлатзода гуфт, "дар ҳақиқат, дар матубот хондем, вале расман шикоят нашудааст. Тибқи талаботи қонун, агар вобаста ба шиканҷа шикоят шавад, дар доираи тафтиши парвандаи ҷиноӣ мавриди тафтиш қарор мегирад."
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Мақомот дар Тоҷикистон аксар вақт вуҷуди шиканҷаву бадрафториро нисбати боздоштшудаҳо ва гумонбарон рад мекунанд. Фишор ва истифода аз шиканҷа дар боздоштгоҳҳои Тоҷикистон аз масъалаҳои доғ ба шумор меравад. Созмону кишварҳои ғарбӣ, аз ҷумла Департаменти давлатии Амрико, борҳо мақомоти Тоҷикистонро барои чунин рафторашон танқид карда, аз мақомот хостаанд, шиканҷаро решакан кунанд.
“Номаҳо то додгоҳ намерасанд”
Масъулони Додситонии кул гуфтанд, аз шаш шикояти гуё шиканҷа шудани боздоштшудаҳо дар нӯҳ моҳи имсол "яке ҳам тасдиқи худро наёфт". Эътилофи созмонҳои зидди шиканҷа хабар дод, ки дар ду соли охир ҳадди ақал дар бораи 40 мавриди шиканҷа ва муносибатҳои дигари бераҳмона шикоят гирифт.
Онҳо мегӯянд, ин рақам бахше аз шумораи воқеии парвандаҳост. Аз як сӯ, ба гуфтаи онҳо, "шикоятҳо дуруст таҳқиқ намешаванд" ва аз тарафи дигар "бисёриҳо аз тарси таъқиб лаб ба шикоят намекушоянд".
Фахриддин Зубайдзода, муовини сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноии Вазорати адлияи Тоҷикистон, гуфт, дар ду соли охир дар зиндонҳои кишвар “ягон мавриди шиканҷа нисбати маҳбусон сабт нашудааст. Дар утоқҳои ҷаримавӣ камераҳои мушоҳидавӣ насб карда шудааст. Ҳар ҳаракати кормандон назорат карда мешавад."
Гулчеҳра Холматова, вакили мудофеъ ва мудири созмони иҷтимоии “Дунёи ҳуқуқ”, мегӯяд, на ҳама шикоят аз шиканҷа ба додгоҳ мерасад ва сабабҳояш низ гуногун аст.
“Яке аз онҳо набудани далели шиканҷа, новобаста ба хулосаи тиббӣ аст. Дигар фишор ба даъвогар, набудани маблағи кофӣ, набудани донишҳои ҳуқуқӣ ва ғайра. Инҷо яке гуфт, дар Тоҷикистон шикоят аз шиканҷа ҷо дорад, вале фоҷеа нест. Ин фоҷеа аст, фоҷеа на танҳо ба худи шиканҷашуда, балки ба хонаводаи ӯ. Мутаассифона, созмонҳои ҳуқуқӣ наметавонанд, мустақилона тафтишот баранд,” – илова кард ӯ.
Тоҷикистон ба сабаби бадрафторӣ ва шиканҷаи гумонбарон дар боздоштгоҳҳо ҳамеша танқид мешавад. Созмони Милал дар гузашта гуфтааст, дар Тоҷикистон маъмурони интизомӣ барои гирифтани эътирофи гуноҳ, боздоштшудагонро шиканҷа мекунанд ва додгоҳҳо низ ин эътирофро ба инобат мегиранд, ки мухолиф ба қонунҳои худи кишвар ва аҳдномаҳои байнулмилалист. Мақомоти Тоҷикистон онро “худиқрорӣ” меноманд.