Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазирбековҳо "Бадяга" ва "Фуратсилин" хостаанд. Наздикон аз шиканҷа мегӯянд. ВИДЕО


Рамзӣ ва Ораз Вазирбековҳо
Рамзӣ ва Ораз Вазирбековҳо

Пайвандони Ораз ва Рамзӣ Вазирбековҳо, фаъолони боздоштшудаи бадахшонӣ, мегӯянд, як моҳ боз онҳоро надидаанд ва намедонанд, ки дар чӣ шароит ҳастанд. Аммо рӯйхати доруҳое, ки оварданашро хостаанд, нигарониро дар бораи эҳтимоли шиканҷа шудани онҳо бештар кардааст. Мақомот дар ин бора суҳбат намекунанд.

Сабрина Отамбекова, ҳамсари Ораз Вазирбеков, рӯзи 29-уми август аз Русия ба Радиои Озодӣ гуфт, шавҳараш рӯйхати доруҳоро ба пайвандонаш фиристодааст, то зудтар барояш фароҳам кунанд.

"Мо рӯйхатро дидем. Дар он давоҳое ба монанди "Бадяга", "Фуратсилин" ва доруҳои дигарро навиштаанд. Табибон гуфтанд, онҳоро барои давои захму доғҳои сиёҳе, ки бар асари зарбу лат дар бадан пайдо мешаванд, истифода мекунанд," – афзуд ӯ.

Хонум Отамбекова илова кард, ки доруҳоро рӯзи панҷшанбеи гузашта ба боздоштгоҳ бурдаанд. Зангҳои мо ба масъулони боздоштгоҳ ва мақомоти тафтишотӣ барои дақиқ кардани вазъ бенатиҷа монд.

Наздикони Ораз ва Рамзӣ Вазиребковҳо мегӯянд, онҳо вакили мудофеи давлатӣ доранд, аммо вазъро бозгӯ намекунанд. "Вақте аз намояндаҳои боздоштгоҳ мепурсем, ки чаро ба худи мо иҷозаи мулоқот намедиҳед, фақат як ҷавоб доранд, "фармон аз болост", -- мегӯянд пайвандони Ораз ва Рамзӣ Вазирбековҳо.

Ораз ва Рамзӣ Вазирбековҳо дар охири моҳи июл дар Русия нопадид ва дертар дар Тоҷикистон аз худ дарак доданд. Онҳо дар наворе, ки маълум нест, дар чӣ шароит сабт шудааст, гуфтанд, ихтиёрӣ баргаштанд, аммо наздиконашон мегӯянд, саҳнасозӣ аст.

Ҳарчанд маълум аст, ки дар пайванд ба ҳодисаҳои Бадахшон дастгир шудаанд, иттиҳоми расмии зидди онҳо мушаххас нест. Пайвандон мегӯянд, дар бораи ҷараёни тафтишот хабаре надоранд ва намедонанд, айби онҳо чист.

Вазирбековҳо бо назарҳои танқидияшон нисбати мақомоти Тоҷикистон маъруфанд. Қаблан ҳарду дар наворе гуфта буданд, ки шаҳрвандии Русияро доранд ва агар ногаҳон дар Тоҷикистон пайдо шуданд, "пас, рабуда шудаанд". Ҷониби Русия дар ин муддат вокунише накардааст.

Наворро дар инҷо бинед:

Аҳволи Вазирбековҳо дар боздоштгоҳ чӣ гуна аст?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:11 0:00

Пойгоҳи Pamir Daily News мегӯяд, дар ним сол дастикам 5 зодаи Бадахшон дар Русия рабуда ва ба Тоҷикистон оварда шудаанд. Амриддин Аловатшоев, яке аз афроди бонуфуз дар миёни ҷавонони Бадахшон, яке аз онҳост. Ӯ моҳи январи имсол дар Русия нопадид шуд. Наздикони варзишгар се ҳафта талош карданд, ки дар бораи ӯ хатту хабаре ёбанд, вале кӯшишҳо бенатиҷа буданд. Танҳо дар аввали моҳи феврал мақомоти расмӣ дар Тоҷикистон эътироф карданд, ки Аловатшоев дар як боздоштгоҳи шаҳри Душанбе аст ва сипас ба 18 сол зиндон маҳкум карданд.

Фаъолони ҳуқуқи башар се сол пеш гуфта буданд, ки дар солҳои 2005-2018 дар хориҷа, бахусус Русия, 15 шаҳрванди Тоҷикистон рабудаву боздошт ва ё нопадид шудаанд. Аксари ин ҳодисаҳоро дорои ангезаҳои сиёсӣ номида, ба нигоҳи танқидии ин афрод нисбат ба ҳукумати Тоҷикистон рабт медиҳанд.

Созмонҳои байнулмилалии ҳомии ҳуқуқ гуфтаанд, ки Тоҷикистон мухолифонашро дар хориҷа ҳам таъқиб мекунад. Мақомоти расмӣ чунин иттиҳомро ҳамеша рад мекунанд ва эълом мекунанд, ки афроди дар кишвар пайдо шуда бо майли худ ба Тоҷикистон омаданд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG