“Як тоҷик захмӣ ва дигаре кушта шуд.” Нақли сарбози артиши Русия аз ҷанги Украина

Саҳнае аз ҷанги Русия зидди Украина

Як сарбози тоҷиктабори артиши Русия мегӯяд, шоҳиди ширкати даҳҳо тоҷик дар ҷанги зидди Украина будааст.

Ин сарбози тоҷиктабори шаҳрванди Узбекистон, ки нахост номашро зикр кунем, пас аз се моҳи ширкат дар ҷанг захмӣ шуда, дар бемористони ҳарбӣ бистарӣ аст. Ӯ гуфт, дар пеши чашмаш чанд тоҷик кушта ва захмӣ шуд. Тафтиши дурустии ҳарфҳои ӯ номумкин аст. Ба нақли ӯ, аксари муҳоҷирон то замони оғози маъракаи сафарбарӣ аз тариқи Чеченистон ба ҷанг ҷалб мешуданд.

Дар ҷанги Русия алайҳи Украина даҳҳо зодаи кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла тоҷикон ҳам ширкат доранд. Теъдоди дақиқи онҳо маълум нест, вале хабари кушта шудани чанде аз онҳо дар ин ҷанг расонаӣ шудааст.

Ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ мегӯяд, ӯ ба хотири дар оянда кор кардан дар сохторҳои низомии Русия ба ин ҷанг рафт, вале аксаран то эълони сафарбарӣ, ба хотири дарёфти пули бештар ва зиндагии беҳтар дар Русия ба ҷанг мерафтанд.

Сарбоз: "Ман ду сол пеш соҳиби шиносномаи русӣ шудам. Хизмат рафта омадаму дар як ширкати хусусии муҳофизатӣ кор мекардам. Моҳи феврал вақте ҷанг сар шуд, мехостам равам, падарам розӣ набуд ва аз сӯи дигар, вақте ман бо чанд ҳамхизматам, ки бачаҳои рус буданд, муроҷиат кардем, моро нагирифтанд. Бояд аз ташхиси зиёди тиббӣ мегузаштем. Дертар фаҳмидем, ки дар Грозний хоҳишмандони рафтан ба ҷангро қабул мекунанд. 21-уми июл ба қисми ҳарбӣ ворид шуда, 15 рӯз машқ кардему баъд ба ҷанг рафтем. Мо дар тарафи Луҳанск ва Миссечански Украина будем."

Радиои Озодӣ: Аксари кишварҳои дунё ҷанги Русия ба Украинаро амали ғосибона ва хилофи меъёрҳои инсониву байналмилалӣ медонанд. Аз тарафи дигар, расонаҳо низ хабар медиҳанд, ки дар ин ҷанг сарбозу афсари зиёди рус кушта шудааст. Шумо натарсидед?

Сарбоз: Тарс буд албатта, вале чӣ кор кунем дигар. Мо ҳамин роҳро интихоб кардем, бояд мерафтем. Ҳеҷ кас моро маҷбур накардааст. Ҳамроҳи ман чанд тоҷики дигар ҳам буд он ҷо. Яктоаш захм хурд, дигариро куштанд. Ӯ аз Челябинск буд. Ман 3 моҳ дар он ҷо будам. Ба наздикӣ баргаштам. Ҳоло дар беморхонаи ҳарбӣ ҳастам. Аз дастам захмӣ шудам.

Радиои Озодӣ: Дар майдони ҷанг бо шумо сарбозон аз кишварҳои собиқ шӯравӣ зиёд буданд?

Сарбоз: Бале, тоҷиконе буданд, ки душаҳрвандӣ доштанд. Дар 3 моҳе, ки ман он ҷо будам тоҷик ва қирғизу узбек ҳам зиёд буданд, ки мурданд. Дар насиб ҳар чӣ бошад, ҳамонро мебинӣ?

Он ҷо чандин тоҷикро ҳам куштанд. Дар дасти худам чанд тоҷик мурд. Якеаш аз Челябинск, мисли бародарам буд, дар рӯйи дастам фавтид. Ман ӯро ака мегуфтам. Ё як тоҷики дигар, ки захм бардоштаву фавтид.

Радиои Озодӣ: Барои шумо чӣ миқдор пул медоданд?

Сарбоз: Мо маош мегирем. Вобаста аз вазифа маблағ дода мешавад. Масалан, сарбози оддӣ 150 ҳазор рубл мегирад. Агар дар сафи пеш бошӣ, барои як рӯз 8 ҳазор рубл дода мешавад. Ман дар сафи пеш будам. Агар мабодо одам кушта шавад, ба хонаводаи ӯ ё ҳамсар ё зану фарзандон 13 миллион рубл дода мешавад. Масалан, ба ҳамон тоҷике, ки бо ман буд ва кушта шуд, 10 ё 12 миллион рубл доданд.

Радиои Озодӣ: Тоҷикистон ва Узбекистон аз шаҳрвандонашон даъват карданд, ки дар ҷанги зидди Украина иштирок накунанд. Шумо медонед, ки тибқи қонунҳои Узбекистон ва ҳам Тоҷикистон ширкат дар ҷанги Украина ҷиноят аст?

Сарбоз: Хайр, шароит ҳамин тавр аст, ки касе ба пул мӯҳтоҷ асту шароиташ хуб нест, барои пул меравад. Бисёр буданд онҳое ҳам, ки барои пул мерафтанд. Вақте мобилизатсия шуд, дигар ҳама меравад. Вале росташро гӯям, ман то рафтан ҳам маоши хуб мегирифтам. Ман орзӯи кор дар сохторҳои ҳарбии Русияро доштам.

Радиои Озодӣ: Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо мехонем, ки бисёре аз сарбозону афсарон маҷбур ба ҷанг ҷалб мешаванд ва онҳое ҳам, ки ихтиёрӣ рафтаанд, пушймон шудаанд?

Сарбоз: Он ҷо ҳам, вақте одам мебинад, ки як кас дар пеши чашмаш куштаву захмӣ мешавад, албатта пушаймон мешаванд. Худоро шукр, ки ман зинда баргаштам. Ҳоло намедонам, ки пас аз сиҳат шудан дубора маро боз ба ҷанг мефиристанд ё не.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

11 кушта ва 15 захмӣ. Ишора ба даст доштани ду тоҷик дар ҳодисаи Белгороди Русия "Ҷанги бегона". Оё ҷалби ақаллиятҳои миллӣ ва муҳоҷирон ба ҷанги Украина Тоҷикистонро таҳдид мекунад?Гузоришҳо дар бораи аз ҷониби Русия ба ҷанги Украина рафтани тоҷикон. ВИДЕОФармони Путин ба тоҷикон ва "душаҳрвандиҳо" чӣ таъсир дорад? ВИДЕО