Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гузоришҳо дар бораи аз ҷониби Русия ба ҷанги Украина рафтани тоҷикон. ВИДЕО


Гузоришҳо дар бораи ба ҷанги Украина рафтани тоҷикон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:34 0:00

Наворро дар инҷо бинед

Бо идомаи ҷанг дар Украина, гузоришҳо дар бораи сафарбар шудани тоҷикон ва зодагони дигари Осиёи Марказӣ аз тарафи Русия ба ин ҷанг зиёдтар мешавад.

Ҳоло дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳое чарх мезананд, ки нишон медиҳанд, чӣ гуна занони тоҷик писар ва ё наздикони дигарашонро ба ҷанги Украина гусел мекунанд.

Дар яке аз наворҳо тахминан 30 мардеро метавон дид, ки аксаран ба зодагони Осиёи Марказӣ ва ё минтақаи ҷанубии Русия шабоҳат доранд. Муаллифони саҳифаи "Осторожно Новости" дар Телеграм, ки наворро аввалин шуда нашр карданд, исрор доранд, ки дар он "сафарбарии муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ" ба Украина сабт шудааст.

Дар навори дигар, ки дар шабакаи "Тик-Ток" нашр шуд, зане бо забони омехтаи тоҷикиву русӣ бо марде бо номи Саидшоҳ "худоҳофизӣ" мекунад.

Муаллифи саҳифа "Юсупова 999", ки асосан дар бораи пухту паз навор нашр мекунад, дертар шарҳ дод, ки дар видео сафарбарии бародараш ба амалиёти низомӣ дар Украина сабт шудааст.

Ӯ дар шарҳи навораш гуфтааст: "Пораи ҷигаратро мебаранду намедонӣ ба куҷо. Касе намедонад, ба ӯ чӣ иттифоқ хоҳад уфтод. Аз субҳ ба худ омада наметавонам. Шахсонеро даъват мекунанд, ки аллакай хидмат кардаанд. Дар бораи онҳоеро, ки хидмат накардаанд, чизе намедонам. Маълум шуд, ки бародарам 5-уми сентябр аз ҳаққи берун шудан аз Русия маҳрум шудааст. Ӯ 12-уми сентябр ба Тоҷикистон билет дошт. Ҳама чиз пешакӣ тарҳрезӣ шуда будааст."

Дар видеои дигар, ки баъдан дар канали "Осторожно Новости" нашр шуд, занон бо ашк дар чашм мардони ҷавонтар аз сисоларо, ки ба забони тоҷикӣ суҳбат мекунанд, зоҳиран ба артиш гусел мекунанд.

То эълони "мобилизатсия" ё басеҷ (сафарбаркунии нерӯҳои эҳтиётӣ ба артиш) дар Русия дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳои сершумори иштироки зодагони Тоҷикистон дар ҷагҳои Украина нашр шуда буданд. Коршиосони соҳаи муҳоҷират мегӯянд, сабаби асосии чунин ҳол мавҷудияти мувофиқати душаҳрвандӣ миёни Русия ва Тоҷикистон аст.

Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилии Русия, дар панҷ соли охир наздик ба 200 ҳазор тоҷикистонӣ соҳиби шаҳрвандии Русия шудаанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG