Пас аз се ҳафта саркӯби маргбори норозиёни балуч, ки дар пайи он даҳҳо нафар кушта шуданд, эътирозҳо дар Зоҳидон ва ҳамчунин бисёре аз гӯшаҳои дигари Эрон рӯзи 21-уми октябр идома кард.
Эътирози мардуми Зоҳидон ин бор аз як ҷиҳат фарқ дошт. Мавлавӣ Абдулҳамид, имоми ҷумъаи аҳли суннат дар он вилоят, дар хутбааш масъулони Ҷумҳурии Исломиро сахт танқид кард.
"Даҳҳо нафар дар хиёбонҳо ва бидуни ҳеч далеле ба қатл расиданд. Ба сару сина тир хӯрданд. Чӣ касе инҳоро ба қатл расонд? Ба чӣ ҷурме? Чӣ қадар мардум захмӣ, фалаҷ шуданд. Чӣ касе ҷавобгӯйи ин аст? Инҳо шаҳрванди ин кишваранд, моли ҳамин мамлакатанд," – гуфт ӯ.
Мардуми Зоҳидон пас аз намози ҷумъаи 21-уми октябр дигарбора эътироз карданд ва бо нидои "Марг бар Хоманаӣ" мустақим раҳбари олии Эронро хитоб қарор доданд. Касе, ки аз назари Мавлавӣ Абдулҳамид низ масъул аст.
Ӯ афзуд: "Мудирони кишвар ва раҳбарии Ҷумҳурии Исломӣ, ки ҳамаи нерӯҳои мусаллаҳ таҳти фармони эшонанд, билохира, ҳама пеши Худо масъуланд. Ҳеч кас наметавонад, аз масъулият шона холӣ кунад."
Ҳанӯз масъулони Ҷумҳурии Исломӣ посухе барои ҷумъаи хунини Зоҳидон надоранд. Ҳодисаи 30-юми сентябри имсол, ки дар он беш аз бист кӯдак ҳам кушта шудаанд.
"Афроде, ки ин ҷиноятро карданд, мардумро куштанд, мегарданд, то дурӯғе дуруст кунанд. Таҷзияталаб мегӯянд, ҳамааш кизби маҳз аст. Боз гуфтанд, бо силоҳ мавриди ҳамла қарор доданд. Чанд нафар аз Шумо кушта шудед? Дар ин саҳна ҳеч нафаре аз он тараф кушта нашудааст," – гуфт Мавлавӣ Абдулҳамид.
Гузориши видеоӣ аз Радиои Фардо, бахши эронии Радиои Озодӣ:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Фармондеҳи Сиистону Балучистон муътаризони ҷумъаи хунини 30-юми сентябрро 150 авбошу фитнагар хонд ва гуфт, 57 нафари онҳоро дастгир кардаанд.
Он рӯз гурӯҳе аз сокинони Зоҳидон дар эътироз ба таҷовузи як духтари 15-сола дар назди як идораи пулис ҷамъ омаданд. Кормандони пулис ба сӯи онҳо тир андохтанд. Расонаҳо ва мақомҳои расмии Эрон гурӯҳи “Ҷайш Ал-Адл”-ро масъули ҳамла донистанд. “Ҷайш Ал-Адл” як гурӯҳи мусаллаҳи балучҳо аст, ки алайҳи Эрон амалиёт анҷом медиҳад.
Он сӯ Аҳмади Хотамӣ, имоми муваққати ҷумъаи Теҳрон, рӯзи 21-уми октябр гуфт, "Худо оташи эътирозҳоро хомӯш кард". Вай ҳамчунин гуфта, ки бояд қувваи қазоии Эрон тавре бархӯрд бикунад, ки дигар касе ба қавлаш ҳаваси бетартибиву шӯришро накунад.
Мавҷи эътирзҳо аз нимаи моҳи сентябри имсол дар Эрон ҷараён дорад. Мардум баъди он хашмгин шуданду ба кӯчаҳо баромаданд, ки Маҳсо Аминии 22-сола ба гумони "бадҳиҷобӣ" аз тарафи пулиси ахлоқ дастгир ва баъди се рӯз дар ҳоли беҳушӣ ҷон дод.
Дар ҳоле ки мақомоти Эрон иддао доранд, ки эътирозҳо дар он кишвар поён ёфтааст, тазоҳурот ва ҳамзамон мавҷи боздошти фаъолону рӯзноманигорон ва донишҷӯён идома дорад. Аз ҷумла, Исфаҳон 21-уми октябр шаби нооромеро гузаронд. Муътаризон дар хиёбонҳо буданд.
Ҳусейн Аштарӣ, фармондеҳи интизомии Эрон, иддао кард, ки фақат як дарсади донишҷӯён дар эътирозҳо ширкат карданд. Ҷолиб инки ҳатто агар ин адад дуруст бошад, яъне 300 ҳазор донишомӯз дар эътирозҳо ширкат кардаанд. Аз он пеш муовини сиёсии созмони "Басиҷ" теъдоди умумии эътирозгаронро ҳадди аксар 70 ҳазор нафар дониста буд.