Алӣ Каримӣ, яке аз ситорагони футболи Эрон, бо тарафдорӣ ва садо баланд кардан ба ҳимоят аз тазоҳургарон дар кишвар мақомоти расмиро ба хашм овардааст.
Бештар аз 10 рӯз аст, ки мардуми Эрон бинобар марги як духтари ҷавон дар идораи пулис ба хиёбонҳо мерезанд ва ба зидди ҳукумат шиор медиҳанд. Маҳсо Аминиро маъмурони пулис барои, ба гуфтаи онҳо, “бадҳиҷобӣ” дастгир карданд ва чанде баъд аз марги ӯ хабар доданд. Ҳоло дар Эрон баъзе аз мақомот хостаанд, Алӣ Каримӣ, ки дар Имороти Муттаҳидаи Арабӣ иқомат дорад, боздошт шавад, қисмати дигар гуфтаанд, бояд молу амволашро мусодира кунанд.
Алӣ Каримӣ чӣ гуфту чӣ шунид?
Тазоҳуроти зиддиҳукуматӣ, ки дар бештар аз 10 рӯзи гузашта Эронро такон дод, то ҳол пешво ва ё раҳбаре надорад. Вале расонаҳо ва сиёсатмадорони муҳофизакор Алӣ Каримиро, яке аз раҳбарони тазоҳургарон ва аз ҷумла заноне хондаанд, ки ҳиҷобҳои худро аз сар гирифтанду дар хиёбонҳо ба оташ афканданд.
Онҳо мегӯянд, Алӣ Каримӣ, “балвогар” асту яке аз барангезандагони ошӯб. Тазоҳурот баъди он сар зад, ки Маҳсо Аминӣ, баъди боздошти маъмурони пулиси ахлоқ ба таври шубҳабарангез ба ҳалокат расид.
Капитани собиқи тими миллии футболи Эрон баъди навиштаҳояш дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷумла Инстаграм таҳти ҳамлаи расонаҳову мақомот қарор гирифт. Ӯ, ки муқими Дубай аст, танҳо дар Инстаграм 12 миллион ҳаводор дорад.
Алӣ Каримӣ, аз беҳтарин футболбозони Эрон, мақомотро барои марги Маҳсо Аминӣ танқид кард, ҳимояташро аз тазоҳургарон, бахусус занон баён дошт ва аз артиш хост, “нагузорад, то хуни бегуноҳон рехта шавад.” Ӯ бо муроҷиат ба 450 ҳазор ҳаводораш дар Твиттер навишт: “Аз занони қавӣ натарсед. Мумкин аст, рӯзе бирасад, ки онҳо ягона артиши шумо бошанд.”
Вай айни замон мардумро ба ваҳдат даъват кард ва созмони номаҳбуб дар байни мардум “Муҷоҳиддини Халқ”-ро зери танқид гирифт, ки саъй дорад, тазоҳуротро барои аҳдофи сиёсии худаш истифода кунад. Алӣ Каримии 43-сола ҳамчунин дар навиштаҳои худ роҳҳои истифодаи филтршиканҳои хусусиро ба эрониҳо нишон дод, ки баъди тазоҳурот дастрасии онҳоро ба Интернет сахт маҳдуд кардаанд.
Чаро аз ӯ метарсанд?
Мақомот, ки саркӯби бераҳмонаи тазоҳургаронро бо истифода аз нерӯ, ҳушдор, маҳдуд кардани Интернет идома медиҳанд, зоҳиран аз маҳбубият ва нуфузи Алӣ Каримӣ бахусус дар байни ҷавонон тарсидаанд.
Тазоҳургарон дар чанд рӯзи гузашта дар 80 шаҳри Эрон ба хиёбонҳо рехтанд, зӯроварӣ бар занонро танқид карданд, хоҳони эҳтиром ба ҳаққи занон, озодӣ ва адолат шуданд. Бисёре аз онҳо даъват мекарданд, ки низоми исломӣ дар Эрон аз байн бардошта шавад ва “марг бар диктатор” шиор медоданд.
Тазоҳурот дар зодгоҳи Маҳсо Аминӣ дар вилояти Курдистон оғоз ёфт ва дар даҳҳо шаҳри дигари Эрон паҳн шуд. Бино ба гузоришҳо, то кунун 41 нафар дар ҷараёни эътирозҳо кушта ва даҳҳо нафари дигар ба шумули хабарнигорону фаъолони маданӣ ва тазоҳургарон дастгир шудаанд. Фаъолони маданӣ мегӯянд, теъдоди қурбониён назар ба ончӣ ки мақомот мегӯянд, зиёд аст.
Мақомоти пулис мегӯянд, Маҳсо Аминӣ рӯзи 16-уми сентябр баъди онки барои “тарбият” ба идораи пулис оварда шуд, бар асари сактаи ногаҳонии дил фавтид. Онҳо иддаоҳоро дар бораи марги Маҳсо дар натиҷа зарба ба сараш рад мекунанд.
“Чун эҳтиромаш мекунанд, ҳадафи ҳамла қарор гирифтааст”
Бо вуҷуди ваъдаи мақомот барои таҳқиқи ҳодиса, тазоҳурот дар Эрон бештар шуд. Дар як видео, ки фаъоле бо номи “1500 тасвир” дар Твиттер гузоштааст, шунида мешавад, ки тазоҳургарон номи Каримиро мегиранду фарёд мекашанд.
Як хабарнигори муқими Теҳрон, ки аз бими таъқиб нахост, номаш бурда шавад, ба Радиои Озодӣ гуфт: “Мардум ӯро дӯст медоранд, баръакси дигар сиёсатмадороне, ки дар Ғарб ҳастанд, ӯро худӣ медонанд. Эҳтиромаш мекунанд ва барои ҳамин ӯ ҳадафи ҳамла қарор гирифтааст.”
Муҳаммад Ҳайронӣ, гузоришгари варзишӣ, ки дар шаҳри Франкфурти Олмон зиндагӣ мекунад ва дар гузашта мушовири расонаии дастаи маъруфи “Истиқлол” будааст, ба Радиои Фардо гуфт, Алӣ Каримӣ (Марадонаи Осиё) ҳар вақте, ки эрониён ба зидди истибдод тазоҳурот кардаанд, дар канори онҳо истодааст. Ӯ афзуд: “Хислати адолатхоҳӣ ҳамроҳ бо маҳорати футболбозиаш аз ӯ шахсияте сохтааст, ки эрониён бо ӯ ҳамеша ифтихор кардаанд.
Ҳайронӣ ҳимояти Каримӣ аз Ҷунбиши сабзро ёдовар шуд, ки соли 2009 баъди пирӯзии Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳури муҳофизакор дар интихобот бераҳмона саркӯб шуд.
Баъдҳо як аксеро нашр карданд, ки дар он дида мешавад, Каримӣ дар як ҷое нишастааст ва ба Аҳмадинажод, ки барои дидани тамрини дастаи футбол омадааст, аҳамияте намедиҳад.
Ҳушдори мақомоти эронӣ
Хабаргузории “Форс”, ки онро як шарики Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ медонанд, хостааст, ки бо Алӣ Каримӣ “бархӯрд” шавад ва Алӣ Расоӣ, вакили муҳофизакори мардумӣ гуфтааст, ки моликияти Каримиро дар Эрон бояд мусодира кунанд.
Ғулом Ҳусайн Муҳсин Эҷеӣ, вазири адлияи Эрон рӯзи 26-уми сентябр ба чеҳраҳои шинохтаву маҳбуб дар Эрон, ки ба тарафдорӣ аз тазоҳургарон садо баланд кардаанд, ҳушдор дод, вале номи ҳеч касеро нагирифт. Ӯ гуфт: “Онҳое, ки бо ҳимояти ин низом маъруф шудаанд, бояд бидонанд, ки барои осеб расондан ба ин кишвар сазои амалашонро мегиранд.” Эҷеӣ афзуд, онҳоро маълум мекунем ва барои амалҳояшон ҷазо медиҳем.
Рӯзномаи муҳофизакори “Рӯз плас” иддао кард, ки гуё Интерпол дастури боздошти Каримиро содир кардааст, вале “Эътимодолнайн” навишт, ки мақомоти интизомӣ чунин дархостеро аз Интерпол накардаанд.
Дар тазоҳуроте, ки давлат худаш бо ҳадафи намоиши мухолифат ба эътирозгарони зиддиҳукуматӣ ташкил кард, бино ба гузоришҳо, баъзе аз тазоҳургарон шиорҳое бо номи Алӣ Каримӣ доштаанд ва дар яке ҳам ӯро “хиёнаткор” номидаанд.
Дар як шиоре, ки матбуоти дохилӣ нашр кардааст, духтараки хурде дида мешавад, ки дар даст ин навиштаро дорад: “Ту ватани худро барои чӣ фурӯхтӣ? Барои виза ба Канада?” Каримӣ бо бознашри ин акс, ба духтари шиорбадаст гуфтааст, ки ӯро мисли духтари худаш дӯст медорад ва ба ӯву тамоми “духтарони сарзаминам беҳтаринҳоро орзумандам.”
Садо аз Дубай
Муҳаммад Ҳайронӣ мегӯяд мавзеъгириҳои Каримӣ дар солҳои ахир, мақомоти эронӣ аз ҷумла Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари олии Эронро ба хашм овардааст. Ӯ афзуд: “Хоманаӣ Каримӣ ва Вориё Ғафуриро (футболбози дигари маъруф ва мунтақиди ҳокимони Эрон) сахт танқид кард ва бидуни зикри номашон онҳоро ба хиёнат муттаҳам кард.”
Ба қавли Ҳайронӣ, танқиди мақомот аз Алӣ Каримӣ баръакс ба маҳбубияти ӯ дар Эрон афзудааст. Муҳаммад Ҳайронӣ мегӯяд, иқомати Каримӣ дар Дубай ба ӯ имкон медиҳад, озодона афкори хешро баён кунад.
Ба қавли хабарнигор: “Иттифоқан, бисёре аз ҷавонон, ки ӯро чеҳраи варзишӣ ва ахлоқӣ мешумурданд, акнун дар симои ӯ рамзи касеро мебинанд, ки дар муқобили истибдоди ҳоким дар Эрон ором нанишастааст.”
Алӣ Каримӣ, фақат яке аз чеҳраҳои шинохта дар Эрон аст, ки ҳамраъйии хешро бо тазоҳургарон нишон дода ва зӯроварии ҳукуматро ба онҳо маҳкум кардааст.
Гуфтугӯ