Ёддоште аз рӯзноманигор Мустафо Халаҷӣ, Радиои Фардо
Чанд моҳ пас аз онки Зар Амириброҳимӣ, барандаи ҷоизаи беҳтарин бозигари зан дар ҷашнвораи имсолаи Кан, пешбинӣ кард, ки инқилоби баъдии Эронро занон рақам хоҳанд зад, эътирозҳое дар Эрон шакл гирифт ва мавзӯи зану озодиҳояш меҳвари аслӣ аст.
Ин арзёбии хонум Амириброҳимӣ, ки худ қурбонии занситезӣ дар Ҷумҳурии Исломии Эрон шудааст, дар канори арзёбиҳои дигари монанд аз фаъолони маданӣ ва ҷомеашиносон бидуни пуштвона набуд.
Ончи сабаби чунин арзёбиҳо дар солҳои охир шуда, бистари амиқи таъбизи ошкор алайҳи занон дар Ҷумҳурии Исломӣ ва ҳамчунин ба намоиш даромадани ошкори муқовимати занони эронӣ алайҳи ин табъиз аст.
Он гуна ки таърихи муосири Эрон нишон медиҳад, занони Эрон аввалин нерӯи оппозитсиюни Ҷумҳурии Исломӣ буданд, зеро ин низом пеш аз ҳар қишр ва гуруҳе ба ҷанги мустақим алайҳи онон рафт.
Низоми иқтидоргаро ва мардсолори Ҷумҳурии Исломӣ бо ин тасвири ботил, ки занон заифтарин инсонҳо ҳастанд ва саркӯби онон соддатар аз бақияи нерӯҳост, алайҳи занон даст ба кор шуд, аммо ғофил аз инки занон худро ба аввалин ва пуршумортарин эътирозгарон табдил карданд.
Ҳанӯз як моҳ аз инқилоби Эрон нагузашта буд, ки тазоҳуроти пуршумори занон ба муносибати рӯзи ҷаҳонии зан ба саҳнаи эътирозҳои зиддиҳукуматӣ табдил шуд. Зеро Рӯҳуллоҳ Хумайнӣ бо фосилаи кӯтоҳе аз инқилоб, қонуни ҳимояти хонаводаро бекор ва ҳиҷоби исломиро дар кишвар иҷборӣ кард. Ин гуна аввалин пояҳои нақзи густурда ва системавии ҳуқуқи занон дар Ҷумҳурии Исломӣ оғоз шуд.
Ҳарчанд зоҳиран рӯсарӣ ва чодар бар ҳаёти иҷтимоии занон дар Эрон соя афканд, занон ҳаргиз таслим нашуданд ва эътирози онҳо низ ҳампои саркӯбашон савияҳои ҷадид ёфт.
Қудрат ва пешравии ороми занон ба гунае буда, ки пас аз чаҳор даҳа аз эътирози занон дар ибтидои инқилоб, бори дигар зан ба меҳвари аслии як эътироз, ин бор бузургтар ва пуршумортар, табдил шуд.
Дуруст аст, ки сабаби аввалияи эътирозҳои ҳозира хашми мардум нисбат ба рехта шудани хуни як зан буда, аммо оташҳои зери хокистар ба андозаи кофӣ вуҷуд дошта, ки ин эътирозҳо ба фаротар аз як хунхоҳии содда табдил шавад.
Номи Маҳсо Аминӣ акнун намоди дастикам беш аз 40-солаи муборизаи занони Эрон дар даврони Ҷумҳурии Исломӣ аст.
Чаро “Зан, Зиндагӣ, Озодӣ”?
Эътирозгарон, чи зан ва чи мард, дар миёни анбӯҳи шиорҳои сардодашуда ба таври худҷӯш шиори “Зан, Зиндагӣ, Озодӣ”-ро ба унвони шиори аслии худ интихоб карданд. Калимаи зан дар ин шиор меҳварӣ аст. Зиндагӣ бидуни зан вуҷуд надорад ва озодӣ ҳам бидуни озодии занон.
Аммо барҷастагии нақши занон дар ин эътирозҳо фақат дар шиору аҳдофашон ё танҳо ва паёмҳояшон нест, занону духтарон бо ҳузури пурранг ва шуҷоатмандонаи худ, саҳнаҳои бесобиқаро дар эътирозҳои Эрон ба намоиш гузоштанд: Аз қарор гирифтан дар сафи аввали эътирозҳо ва бардоштан ё сӯзондани рӯсариҳо то рақсидан дар миёнаи майдон ва рӯ ба рӯ шудан бо нерӯҳои саркӯбгар ва ҳатто фарёд задан бар сари онҳо.
Ин шуҷоати бесобиқаи духтарон ва заноне, ки аксарияти онон дар даврони Ҷумҳурии Исломӣ ба дунё омадаанд, бо ҳимоят ва пуштибонии мардон ва писарон ҳам мувоҷеҳ шудааст.
Ин амр нишон медиҳад, ки хостҳои қадимии занони насли инқилоби исломӣ, чиҳил сол баъд, ба таври амиқтаре дар наслҳои пас аз инқилоб реша давонда ва ҷудоии бештаре байни ҷомеаи Эрон ва ҳукумати Ҷумҳурии Исломӣ эҷод кардааст.
Ба назар мерасад, мансабдорони Ҷумҳурии Исломӣ ва дар раъсашон раҳбари олӣ, аз ин ҷудоӣ огоҳанд. Оятуллоҳ Хоманаӣ рӯзи чаҳоршанбе дар суханронии худ дар ҷамъи низомиён аз эътирозҳои кунунӣ сухане ба миён наовард, аммо ба ин шикофи наслӣ ишора ва ғайримустақим онро тасдиқ кард.
Ӯ бори дигар аз мақомҳо ва нерӯҳои вобаста ба Ҷумҳурии Исломӣ ба таври ҷиддӣ хост, ки ривояти ҳукуматро аз воқеаҳое ҳамчун ҷанги Эрон ва Ироқ барои насли ҳозира бозгӯ кунанд.
Ҷумҳурии Исломӣ инро ҳам ба хубӣ медонад, ки дигар ривоятҳояш дар миёни насли нав, ба вижа духтарону занон, харидоре надорад, ба ҳамин далел даст ба аслиҳа мебарад ва эътирозҳоро саркӯб мекунад.
Аммо саркӯб, ҳатто шадид ва хунбораш, наметавонад, хостҳои ҷомеаи ҳозираи Эрон, ба вижа хостҳои занон ва насли навро аз байн бибарад ва дер ё зуд зилзилаи эътирозҳои дигар пояҳои ҳукуматро хоҳад ларзонд.
Гуфтугӯ