Раёсати марзбонии КДАМ дар вилояти Суғд вазири мудофиаи Қирғизистон ва мақомдорони дигари ин кишварро ба “иғвоангезӣ” ва “кӯшиши ноором кардани вазъ” муттаҳам кард.
Ин ниҳод бо нашри изҳороте рӯзи 20-уми октябр гуфтааст, сиёсатмадорони Қирғизистон “бо муроҷиатҳои моҷароҷуёна”-и худ дар бораи баҳси марзӣ, мехоҳанд, вазъро дар миёни ду кишвар муташанниҷ кунанд.
Вазири дифои Қирғизистон, Бактибек Бекболотов, рӯзи 19-уми октябр дар нишасти матбуотӣ гуфт, бе миёнравии кишвар ё созмоне ба монанди СПАД дар масъалаи таъйини марз бо Тоҷикистон ба сулҳ нахоҳанд расид. "Ба наздикӣ бо дабири кулли СПАД, суҳбат доштам. Гуфтам, ки миёни Қирғизистону Тоҷикистон сулҳ нахоҳад шуд, зеро қирғизҳо ҳақиқати худро доранд, тоҷикон ҳақиқати худро," – гуфт ӯ.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Вазири Қирғизистон хоҳони доварии СПАД дар баҳс бо Тоҷикистон шудҲадаф аз ин изҳороти мансабдори баландпояи Қирғизистонро, раёсати марзбонӣ дар Суғд "ноором кардани вазъ миёни ду кишвар" арзёбӣ кардааст.
Мақомоти тоҷик ҳамчунин аз он нигаронӣ кардаанд, ки вазири мудофиаи Қиғизистон ошкоро аз харидани мушакандози "Печора-2БМ" хабар додааст. "Муроҷиатҳои моҷароҷӯёнаи ходимони сиёсӣ ва низомии Ҷумҳурии Қирғизистон муқобили уҳдадориҳои ба зиммагирифтаи тарафҳо буда, ба мураккабшавии вазъият дар сарҳад ва пайдо шудани ҳисси нобоварӣ нисбат ба якдигар боис мегарданд," – омадааст дар изҳорот.
Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон рӯзи гузашта ҳам чанд аксеро нашр кард ва гуфт, ҷониби Қирғизистон бархилофи созишномаҳои ҳосилшуда аслиҳаи вазнинро ба хати сарҳад меорад. Ҷониби Қирғизистон дар посух, баръакс, низомиёни тоҷикро "ба иғвоандозӣ дар миёни мардуми наздимарзӣ" муттаҳам карданд.