Аз исроф то сохтакорӣ. Ба парвандаи котибаи собиқ ду айби дигар зам кардаанд

Рустам Саидаҳмадзода ва Азиза Ҳайдарова

Ба парвандаи котибаи додраси пешини машҳур ба “ҳукми сафед” ду айби дигар зам кардаанд. Азиза Ҳайдароваи 22-сола пештар ба қаллобӣ муттаҳам буд, ҳоло ба “исрофкорӣ” ва “сохтакории далелҳо” низ гумонбар аст. Модараш ӯро бегуноҳ медонад. Мақомот мегӯянд, хулосаи ниҳоиро додгоҳ хоҳад гуфт.

"Дар Боздоштгоҳ хабардор шудам"

Барно Ҳайдарова, модари Азиза Ҳайдарова, гуфт, аз ҷузъиёти парванда рӯзи 17-уми октябр огоҳ шуд ва аз сарнавишти ояндаи духтараш сахт нигарон аст. “Ӯро аз Боздоштгоҳи Душанбе ба Хуҷанд орварданд. Барояш хӯрок бурдам ва дар онҷо хабардор шудам. Духтарам ин гуноҳҳоро накардааст,” – нақл кард ӯ.

Мақомот тафсилоти парвандаи Азиза Ҳайдароваро нагуфтанд. Бар асоси иттиҳомҳои эълоншуда ба котибаи собиқ бештар аз 20 сол зиндон ё ҷаримаи калон таҳдид мекунад.

Модараш мегӯяд, муфаттишон ду айби дигарро ба иттиҳоми аввалӣ пайванд додаанд ва ҳамаи он дар атрофи харидурӯши як хона мечархад. Сухан дар бораи манзиле дар шаҳри Хуҷанд меравад. Мақомот онро ҳосили қаллобии Азиза Ҳайдарова медонанд, вале модараш мегӯяд, онро ду сол пеш бо пули ба даст овардааш дар Русия харид.

Хона - баҳона?

“Ду моддаи нав гуё бар асоси баҳс ё даъвои соҳибони хона пайдо шуда, ба ҳуҷҷатгузории он рабт доштааст”, - гуфт Барно Ҳайдарова ва ҳамзамон афзуд, парвандаро ба Додгоҳи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ фиристодаанд.

Мақомот рӯзи 6-уми октябр ба ӯ гуфтаанд, ки мурофиа дар онҷо "бетарафона" хоҳад гузашт. Ҳайдарова ба шаффофу одилона гузаштани муҳокима дар як ноҳияи дурдаст, ки ба гуфтааш "роҳ дур асту хабарнигорон дастрасӣ надоранд", бовар надорад.

Азиза Ҳайдарова рӯзи 10-уми июни имсол ва баъди боздошти додраси маъруф ба "ҳукми сафед" Рустам Саидаҳмадзода ба гумони қаллобӣ дастгир шуд.

Барно Ҳайдарова дар суҳбати пешинааш иддао карда буд, ки муфаттишон духтарашро ба зидди Рустам Саидаҳмадзода истифода карданӣ ҳастанд ва баҳси хона як баҳона аст. Азиза Ҳайдарова ба ҳайси котибаи додраси пешин кор мекард.

Рустам Саидаҳмадзода рӯзи 29-уми июн дастгир гардид. Ба иттилои дарёфтӣ, ӯро ба "додани хабари дурӯғ" ва "баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ" гумонбар донистаанд. Манобеи Радиои Озодӣ мегӯянд, Саидаҳмадзода айбномаро рад кардааст.

Номи ӯ соле пеш ва баъди онки як сокини вилояти Суғдро дар муҳокима бегуноҳ эълон кард, дар сархати расонаҳо қарор гирифт.