Як мақомдори баландпояи Украина гуфтааст, ки ду ҳамлагар дар тамрингоҳи низомӣ дар Белгороди Русия аз Тоҷикистон будаанд.
Вазорати дифои Русия шоми 15-уми октябр эълон кард, ки дар як “ҳамлаи террористӣ” дар тамрингоҳи низомии вилояти Белгород 11 нафар кушта ва 15 нафар захмӣ шудааст. Ба гуфтаи мақомоти рус, ду зодаи як кишвари узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳангоми машқи тирпаронӣ ба сӯи ҳамхидматони худ тир парронданд ва худашон ҳангоми оташи ҷавобӣ кушта шудаанд. Дар ин тамрингоҳ афроде, ки тариқи "мобилизатсия" ё сафарбаркунии нерӯҳои эҳтиётӣ ба артиш даъват шуда буданд, барои ҷанг ба Украина омодагӣ медиданд.
Алексей Арестович, мушовири Владимир Зеленский, президенти Украина, дар як мусоҳиба дар YouTube гуфтааст, ки ҳамлагарон аз Тоҷикистон будаанд ва пас аз баҳс бар сари дин ба сӯи ҳамхидматони худ оташ кушодаанд.
Хабаргузории Ройтерз бо иқтибос аз суҳбати Алексей Арестович гуфтааст, ки аксари сокинони Тоҷикистон мусалмон ва аҳолии Русия аксаран масеҳӣ ҳастанд.
Маълум нест, ки мушовири президенти Украина ба асоси чӣ далеле ҳамлагаронро тоҷикистонӣ номидааст. Дар хабарномаи Вазорати мудофиаи Русия ҳамлагаронро зодаи яке аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (СНГ) гуфтаанд, вале аз кишвари мушаххасе ном бурда нашудааст.
Дар бархе аз расонаҳои мустақили Русия ва сафҳаҳои телеграмӣ, ки ҳамлаи Русия ба Украинаро пайгирӣ мекунанд, ин ду нафар “шаҳрванди Тоҷикистон” номида шудаанд. Ҳамчунин гуфта шудааст, ки ҳамлаварон аслан 3 нафар буда, яке аз онҳо зинда мондааст ва аз ҷойи воқеа фирор кардааст. Чанде аз манбаъҳо гуфтаанд, ки 22 нафар кушта ва даҳҳо тани дигар захмӣ гаштаанд.
Мақомоти тоҷик ба ин ҳодиса ҳанӯз вокуниш накардаанд. Вазорати мудофиаи Русия низ сабаби сар задани ин ҳодисаро шарҳ надодааст.
Хабаргузориҳои Русия навиштаанд, ки ҳодиса дар тамрингоҳи Солотии вилояти Белгород, дар наздикии марзи Русия бо Украина, рух додааст. Дар ҳудуди ин вилоят борҳо мушак афтода, таркиш рух додааст.
Дар ин тамрингоҳ садҳо нафар, ки тариқи маъракаи сафарбарии ҷузъӣ ба артиш ҷалб шудаанд, барои рафтан ба ҷанги Украина омода мешаванд.
Владимир Путин, президенти Русия рӯзи 21-уми сентябр қарори "мобилизатсия" ё сафарбаркунии нерӯҳои эҳтиётӣ ба артишро имзо кард. Ҳазорон нафар пас аз ин қарор аз Русия фирор карданд, вале дида мешавад, ки ҳазорон нафари дигар ба артиш ҷалб шудаанд.
Гузоришҳо дар бораи сафарбар шудани тоҷикон ва зодагони дигари Осиёи Марказӣ аз тарафи Русия низ дида мешавад. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳое нашр шуда буд, ки нишон медиҳанд, чӣ гуна занони тоҷик писар ва ё наздикони дигарашонро ба ҷанги Украина гусел мекунанд.
Русия беасос рӯзи 24-уми феврал ба Украина ҳамла кард ва ин ҷанг, ки боиси кушта шудани ҳазорон нафару овора шудани миллионҳо нафар шуд, ҳанӯз идома дорад.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Дар тамрингоҳе 11 низомии рус кушта шудааст. Ҳодисаро ҳамлаи террористӣ гуфтандВладимир Путин гуфт, сафарбарӣ ба ҷанг ду ҳафта баъд тамом мешавадСафири Украина дар Душанбе аз ҳамкорӣ бо Тоҷикистон ва ҷанги Русия гуфт. ВИДЕО"Рақс накардам, ба поям тир заданд." Шиканҷагоҳҳои Русия дар Украина. ВИДЕО"Ҷанги бегона". Оё ҷалби ақаллиятҳои миллӣ ва муҳоҷирон ба ҷанги Украина Тоҷикистонро таҳдид мекунад?Гузоришҳо дар бораи аз ҷониби Русия ба ҷанги Украина рафтани тоҷикон. ВИДЕО