Бо гузашти 8 моҳ аз ҷанг дар Украина, Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия бо як лаҳни зоҳиран нармтар гуфт, ки дигар зарурате ба ҳамлаҳои ҳавоии васеъ ба ҳамсоякишварро намебинад.
Ӯ ҳамчунин гуфт, ки сафарбарии иловагӣ ба ончӣ ки Русия “амалиёти низомӣ” дар Украина меномад, то ду ҳафтаи дигар ба поён мерасад. Владимир Путин зимни суҳбат бо хабарнигорон дар шаҳри Остона гуфт, Русия омодаи музокирот барои поён хотима додан ба ҷанг аст ва бо ширкати миёнҷигарони байналмилалӣ, ки агар Украинаро ба сари миз биёранд.
Владимир Путин, ки гуфтааст, ки барои ҳимоят аз “тамомияти арзии” Русия омода аст, силоҳи атомӣ ба кор барад, ҳамчунин гуфт, дар сурати рӯёруии мустақим байни НАТО ва Русия мумкин аст, “фалокатҳои ҷаҳонӣ” ба вуқуъ пайвандад. Раиси ҷумҳури Русия гуфт, “дигар зарурате ба ҳамлаҳои васеъ” нест, зеро ҳадафҳои лозимӣ зарба хӯрдаанд ва мо дар пеши худ “вайрон кардани Украинаро” ҳадаф нагузоштаем.
Раиси ҷумҳури Русия дар ин бора пас аз нишасти сарони кишварҳои муштаракулманофеъ дар пойтахти Қазоқистон суҳбат кард. Ҳамин ҳафта неруҳои Русия ба ҳадафҳои зиёде дар Украина зарбаҳои мушакӣ заданд ва аз тарафи дигар неруҳои украинӣ манотиқи зиёдеро аз дасти сарбозони рус бозпас гирифтанд.
Гуфтугӯ