Дар Украина қариб ду ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон мондаанд

Таркиш. Киев, Украина

Мақомот аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар Украина хостаанд, ки талаботи вазъи ҳарбиро дар он кишвар риоя кунанд ва агар имкон ҳаст, "қаламрави Украинаро тарк кунанд". Дар айни замон аз шаҳрвандони дигар талаб шудааст, аз рафтан ба Украина худдорӣ варзанд.

Сафорати Тоҷикистон дар Киев рӯзи 11-уми октябр тасмимро "ба шиддат гирифтани ҳамлаҳо ба инфрасохторҳои муҳим дар саросари Украина ва таҳдид ба амнияти шахсӣ" номид. Як рӯз пеш аз он, Русия ба Киев ва минтақаҳои дигари Украина зарбаҳои сахти ҳавоӣ зад ва камаш 19 кас кушта ва беш аз 100 нафар захмӣ шуданд.

Давлаталӣ Назризода, сафири Тоҷикистон дар Украина, мегӯяд, ду рӯз зарбаҳои ҳавоӣ ба Киев зиёд буд, аммо "ҳоло вазъ ором аст". Ӯ рӯзи 12-уми октябр дар суҳбати телефонӣ афзуд:

Давлаталӣ Назризода

"Албатта, чунин тасаввурот ҳаст, ки дар ҳама ҷой ҷанг ҷараён дорад. Бисёре аз минтақаҳо, бахусус бахшҳои ғарбии Украина, нисбатан ороманд. Қисме аз шаҳрвандони мо дар минтақаҳои ҷангӣ буданд ва баромада рафтанд. Як қисми дигарашон ба минтақаҳои ғарбӣ кӯчиданд, яъне маконҳои амнтар. Ҳоло ҳам шаҳрвандони мо дар Украина ҳастанд ва дар соҳаҳои гуногун кор мекунанд. Соҳибкорон ҳастанд. Баъзе аз шаҳрвандони мо дар бахши кишоварзӣ низ кор мекунанд."

Радиои Озодӣ: Донишҷӯёни тоҷик низ ҳастанд?

Давлаталӣ Назризода: "Вақте амалиёт сар шуд, қариб сад донишҷӯйро ба Тоҷикистон баргардондем. Ҳоло ягон донишҷӯ намондааст. Ҳамроҳи масъулони Вазорати маориф ва ректорони донишгоҳҳои Украина суҳбат доштем. Онҳо гуфтанд, ба хотири инки донишҷӯён дипломи ҳамин донишгоҳҳоро бигиранд, онлайн ба таҳсил идома диҳанд. Агар вазъ оромтар мешуд, баргашта меомаданд ва таҳсилро дубора идома медоданд. Ин беҳтар буд."

Радиои Озодӣ: Кори сафорат чӣ гуна пеш меравад?

Давлаталӣ Назризода: "Мушкил аст, ин вазъ ба кори мо бисёр таъсир гузошт. Масалан, дар мавриди додугирифти мол ҳеч коре пеш бурда наметавонем, чунки ҳамаи роҳҳо бастаанд. Аксар кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамин вазъро доранд. Албатта, новобаста ба вазъият, сафорат кор мекунад. Як самти асосии кори мо ҳифзи манфиати шаҳрвандон аст. Бо онҳо кор мекунем, ки дар ҳолати ногувор науфтанд."

Радиои Озодӣ: Дақиқан чанд шаҳрванди Тоҷикистон дар онҷо мондаанд?

Давлаталӣ Назризода: "Шаҳрвандони Тоҷикистон тақрибан чоруним ҳазор буданд. Тибқи маълумоти дақиқе, ки аз сарҳадбонҳо гирифтем, қариб се ҳазор нафар аз ин кишвар баромада, як қисмашон баъди беҳтар шудани вазъ ба Киев баргаштанд. Ҳоло тақрибан ду ҳазор шаҳрванди мо инҷо ҳастанд."

Радиои Озодӣ: Баъзе аз кишварҳо сафоратҳояшонро дар Украина бастаанд...

Давлаталӣ Назризода: "Сафорати кишварҳои хориҷӣ инҷо ҳастанд. Муддате аз Киев берун рафта буданд, боз баргаштанд. Аз ҷумла, сафорати ҳама кишварҳои Осиёи Марказӣ фаъолият доранд. Мо дар инҷо қариб ду ҳазор шаҳрванд дорем. Албатта, будани сафорат зарур аст."