Дар Душанбе ба сафири Қирғизистон нотаи эътирозӣ супурданд

Эрлан Абдилдаев, сафири Қирғизистон дар Тоҷикистон

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба сафири Қирғизистон дар Душанбе дар робита ба изҳори назари як мансабдори қирғиз нотаи эътирозӣ супурдааст.

Дар хабарномае Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон эълон кард, ки рӯзи 7-уми октябр Эрлан Абдилдаев, сафири Қирғизистон дар Тоҷикистон ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон даъват шуд. Вазорат аз паёми фейсбукии Чингиз Кустабаев, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон норизоӣ кардааст.

Чингиз Кустабаев рӯзи 6-уми октябр дар паёми фейсбукии худ бо номи “Ҷоиза гунаҳкоронро ёфт” аз тарафи президенти Русия Владимир Путин бо ордени “Барои хидмати шоиста ба меҳан дараҷаи III” мукофотонида шудани раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро танқид кард.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон навиштаи Кустабаевро “изҳороти паст” номида, онро “далели аз миён рафтани фарҳанги сиёсӣ ва набудани ахлоқи одии дипломатӣ” донистааст. Дар хабарномаи Вазорат гуфта шудааст, ки амали мансабдори қирғиз “кӯшиши дағалонае барои таҳмили ақидаи бардурӯғ ба афкори умум доир ба сабабҳои аслии таҷовузи мусаллаҳонаи Қирғизистон бар зидди Тоҷикистон” аст.

“Зикр гардид, ки чунин изҳороти риёкорона ба ҳолат ва ҳарфи протоколҳое, ки ҷонибҳо 19 ва 25 сентябри соли 2022 имзо кардаанд, мувофиқат намекунад,”—гуфта шудааст дар хабарномаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.

Ба гуфтаи мақомот, ба сафири Қирғизистон дар Тоҷикистон мавзуи “ҷилавгирӣ аз пайдо шудани паёмҳо дар фазои иттилоотӣ, ки метавонанд ҷомеаи ҳарду кишварро ба иштибоҳ андозанд,” баҳс шудааст. Рӯзи 14-уми сентябр дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон муноқиша сар зад ва он рӯзи 17-уми сентябр ба поён расид. Ду ҷониб барои риояи оташбас ба созиш расиданд, вале баҳси мақомдорони ду кишвар дар матбуот ҳанӯз поён наёфтааст.

Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, дар ин ҳодиса беш аз 40 ғайринизомӣ кушта ва дусад нафари дигар захмӣ шуданд. Радиои Озодӣ номи беш аз 70 кушташударо гирд овард.

Қирғизистон дар бораи 62 кушта ва беш аз дусад захмӣ гузориш дод.

Ҷанҷоли ду тараф барои хати сарҳад аст, ки дарозияш ба тақрибан ҳазор километр мерасад, вале садҳо километри он аз пошхӯрии Шӯравӣ то ҳоло таъину нишонагузорӣ нашудааст. Тоҷикистону Қирғизистон бар асоси харитаву санадҳои гуногун ба ҳақ будани худ пофишорӣ доранд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Баҳси Қирғизистону Тоҷикистон дар бораи ордени Путин ба РаҳмонҲайати Қирғизистон ба нишасти минтақаӣ дар Душанбе "наомадааст"Баҳси ташкили гуруҳҳои мусаллаҳи ихтиёрӣ дар марзи ҚирғизистонТоҷикистон зиёни расидаро аз даргирии марзӣ бо Қирғизистон гуфтҶанҷоли Тоҷикистону Қирғизистонро ба ҷаласаи САҲА кашиданд