"Мемориал", Алес Билятский ва Маркази озодиҳои шаҳрвандии Украина - барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел

Намунаи Ҷоизаи сулҳи Нобел

Ҷоизаи имсолаи сулҳи Нобел насиби се ҷониб – фаъоли беларусӣ Алес Билятский, созмони “Мемориал”-и Русия ва Маркази озодиҳои шаҳрвандии Украина мегардад. Қарори Кумитаи норвежии Нобел 7-уми октябр эълон шуд.

Ҷоизаи имсолаи сулҳи Нобел насиби се ҷониб – фаъоли беларусӣ Алес Билятский, созмони “Мемориал”-и Русия ва Маркази озодиҳои шаҳрвандии Украина мегардад. Қарори Кумитаи норвежии Нобел 7-уми октябр эълон шуд ва дар он омадааст, ки “барандаҳои ҷоизаи сулҳ намояндагони ҷомеаи маданӣ дар кишварҳои худ мебошанд. Онҳо давоми солиёни дароз ҳуқуқ ба танқиди қудрат ва ҳимоят аз ҳуқуқҳои бунёдии шаҳрвандонро ташвиқ кардаанд”.

Кумитаи Нобел мегӯяд, ин нафарон ва созмонҳо “ҷиноятҳои ҷангӣ, поймолшавии ҳуқуқи инсон ва нақзи қудратро ҳуҷҷатгузорӣ кардаанд. Дар ҳамроҳӣ онҳо аҳамияти ҷомеаи маданиро барои сулҳу демократия ба намоиш мегузоранд”.

Соли гузашта ин ҷоиза насиби ду нафар – журналистони филиппинӣ ва рус - Мария Ресса ва Дмитрий Муратов шуд, ки “барои ҷасораташон дар мубориза барои озодии баён” қадрдонӣ шуданд.

Соли 2020 Барномаи ғизои Созмони Милали Муттаҳид, идораи воқеъ дар Руми Итолиё барои муборизааш бо гуруснагӣ дар ҷаҳон барандаи ин ҷоиза шуданд. Ба баранда нишони тиллои ҷоизаи Сулҳи Нобел ва беш аз 1.4 миллион доллар дода мешавад.

Ҷоизаро соҳибкору саноатчии швед Алфред Нобел дар соли 1895 таъсис дода буд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Дмитрий Муратов: "Мо давои зидди зулм ҳастем"Роҳбари мухолифони Мянмар ба 4 сол зиндон маҳкум шудҶоизаи Сулҳи Нобелро ба Дмитрий Муратов ва Мария Ресса додандҶоизаи адабии Нобел насиби нависанда Абдурозиқ Гурно гаштНобел барои рушди дорусозӣ ва сабзтар шудани илми кимиё дода шуд