Ҷоизаи имсолаи Сулҳи Нобелро ба сардабири нашрияи русии "Новая газета" Дмитрий Муратов ва журналисти филиппиниву амрикоӣ Мария Ресса доданд. Кумитаи норвежии Нобел 8-уми октябр дар изҳороте гуфт: "Ресса ва Муратов ҷоизаи Сулҳи Нобелро барои ҷасораташон дар мубориза барои озодии баён дар Филиппин ва Русия сазовор мешаванд."
Дар идома омадааст: "Айни замон, онҳо аз ҳамаи он журналистоне намояндагӣ мекунанд, ки дар шароити печида барои ормонҳои худ, яъне демократия ва озодии матбуот истодагарӣ мекунанд."
Ҷоизаи Сулҳи Нобел барои шахсият ва созмонҳое дода мешавад, ки барои "дӯстии байни мардум" беҳтарин талошҳои худро намоиш додаанд.
Дмитрий Муратов ба сомонаи Readovka гуфт: "Ин ҷоиза, ба назари ман, аз они Анна Политковская, Юрий Шекочихин, Игор Домников ва дӯстону ҳамкорони дигари аздастрафтаам мебошад. Ва ин ҷоиза барои онҳое аст, ки имрӯз онҳоро агенти хориҷӣ ва унсурҳои номатлуб меноманд. Ҳамроҳ бо ҳамкорон, фикр мекунем, ки бо ин ҷоиза чӣ кор кунем."
Дмитрий Муратов соли 1961 дар шаҳри Куйбишеви Русия таваллуд шуда, баъд аз хидмат дар артиш дар нашрияи "Волжский комсомолец" ва "Комсомольская правда" кор кардааст.
Соли 1993 яке аз ҳаммуассисони "Новая ежедневная газета" шуд. Он пас аз ду сол ба "Новая газета" тағйири ном кард ва Муратов сардабираш шуд.
Муратов шаҳрванди сеюми Русия аст, ки барандаи ҷоизаи Сулҳи Нобел мешавад. Пеш аз ин, ҳомии ҳуқуқ Андрей Сахаров ва собиқ президенти СССР Михаил Горбачёв барандаи ин ҷоиза шудаанд.
Мария Ресса дар 30 сол кори журналистиаш хабарнигори CNN дар Осиё ва раиси бахши хабарҳои ABS-CBN буд. Вай дар чанд ташаббусҳои бахшида ба озодии матбуот иштирок кардааст. Солҳои охир таҳқиқоти журналистии ӯ дар пойгоҳи интернетии Rappler боиси ифтитоҳи парвандаҳои ҷиноӣ ба зидди ӯ шудааст.
Имсол 95 созмон ва 234 шахсият, аз ҷумла мунтақиди Кремлин Алексей Навалний; раҳбари мухолифони Беларус Светлана Тихановская ва фаъоли муҳитзистӣ аз Шветсия Грета Тунберг довталаби ҷоизаи Сулҳи Нобел буданд.
Соли гузашта Барномаи ғизои Созмони Милали Муттаҳид, идораи воқеъ дар Руми Итолиё барои муборизааш бо гуруснагӣ дар ҷаҳон барандаи ин ҷоиза шуданд. Ба баранда нишони тиллои ҷоизаи Сулҳи Нобел ва беш аз 1.4 миллион доллар дода мешавад.
Ҷоизаро соҳибкору саноатчии швед Алфред Нобел дар соли 1895 таъсис дода буд.
Тақдими ҷоизаҳои Нобел имсол аз 4-уми октябр бо эълони барандаҳои ҷоизаи Нобел дар бахши психология ё равоншиносӣ ва тиб шуруъ шуд.