Ҳазорҳо шаҳрванди Русия, ки пас аз эълони басеҷ (басиҷ) ё сафарбаркунии нерӯҳои эҳтиётӣ ба артиш ба Тоҷикистон гурехтанд, дар фикри кӯчидан ба кишвари севум будаанд. Баъзе аз онҳо сабабро набудани ҷойи кору шароити муносиби зиндагӣ номиданд. Мақомот шумораи шаҳрвандони фирории Русияро дар Тоҷикистон намегӯянд.
Туркия, Узбекистон...
Никита пас аз эълони басеҷ аз Маскав ба Хуҷанд омадааст. Ӯ мегуяд, ҳоло дар фикри рафтан ба Туркия аст, то ҷойи кори муносибе ёбаду ба зиндагӣ ва тамошои гӯшаҳои ҷаҳон идома диҳад.
“То замони парвоз ба Туркия дар инҷо мунтазир мемонам. Кӯшиш мекунам, дар Туркия ҷойи кор ёбам. Зиндагӣ кунам. Мехоҳам, ба кишварҳое равам, ки бо Русия раводид надоранд,” – гуфт ӯ рӯзи 5-уми октябр.
Қисми дигари шаҳрвандони Русия дар фикри кӯчидан ба Ҳиндустону Узбекистон ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ҳастанд. Максим аз шаҳри Маскав омадааст ва чанд руз боз дар Душанбест, вале барои кору зиндагӣ Узбекистонро интихоб карда.
“Маро суръати бисёр сусти Интернет дар Тоҷикистон ба ташвиш овард. Ин вазъ водор мекунад, ки вариантҳои дигарро ҷустуҷӯ кунам,” – афзуд ӯ.
“Инҷо бекорӣ зиёд аст”
Максим мегӯяд, мутахассиси бозоршинос аст ва умед надорад, ки дар Тоҷикистон кори хуберо бо маоши беҳтар биёбад: “Инҷо сатҳи бекорӣ низ бисёр болост. Баръакс, тоҷикистониҳо дар ҷустуҷӯи кор ба Русия мераванд. Бо дониш ва маълумоте, ки ман дорам, бояд дар бозори Русия кор кунам.”
Видеоро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Михаил, шаҳрванди дигари Русия, бо харҷи сад ҳазор рубл ба Тоҷикистон омадааст, вале ҳоло мехоҳад, дубора ба ватанаш баргардад. “Бори аввал дар кишвари Шумо ҳастам. Ба хонаи як дӯст ба меҳмонӣ омадам. Ҳоло барои бозгашт ба Маскав омода мешавам,” – кӯтоҳ гуфт ӯ.
Маълум нест, мақомоти Тоҷикистон барои нигоҳ доштани мутахассисони рус талош доранд, ё не. Аммо мавзӯи ҷалби онҳо ба кор рӯзи 5-уми октябр дар нишасте дар Душанбе баҳс шуд. Иштирокдорони он гуфтанд, дар ҳоли ҳозир шаҳрвандони Русия муваққатӣ ба Тоҷикистон омадаанд, вале агар мақомот шароити мусоид фароҳам биоранд, мумкин аст, вазъ дигар шавад.
Мақомот омор намедиҳанд
Шумораи шаҳрвандони Русия, ки дар ду ҳафтаи охир ба Тоҷикистон омадаанд, эълон намешавад. Нусратулло Маҳмадзода, сухангӯи Вазорати корҳои дохилӣ, гуфт, “омори онҳо дар вазорат сабт нашудааст.”
Ин дар ҳолест, ки онҳо дар ҷойи муваққатии зист, яъне манзилҳои иҷора ва ё меҳмонхонаҳо дар Тоҷикистон, худро сабти ном кардаанд.
“Аксари онҳо аз Тоҷикистон ба ҳайси кишвари транзитӣ истифода мекунанд. Онҳо паноҳанда нестанд. Ҳаққи ба кишварҳои дигар рафтанро доранд. То имрӯз ягон мавридеро сабт накардем, ки як паноҳанда ё гуреза аз Русия омада бошад,” – гуфт Маҳмадзода.
Тибқи мушоҳидаи хабарнигорони Радиои Озодӣ, ин шабу рӯз меҳмонхонаҳои пойтахти Тоҷикистон аз муштариён пур аст ва масъулони меҳмонхонаҳо мегӯянд, то чанд рӯзи дигар утоқи холӣ надоранд.
Рӯзи 21-уми сентябри имсол раиси ҷумҳури Русия қонунро дар бораи басеҷи нерӯҳои эҳтиётӣ ба сафи артиш имзо кард. Тибқи он, шахсони то 45-сола барои хидмати низомӣ даъват карда мешаванд, вале ҳазорон нафар ба кишварҳои ҳамсоя ва Осиёи Марказӣ фирор карданд.