- Бисёре аз одамон медонанд, ки ҷангро дар Украина Путин оғоз кард. Маҳз Путин. Ӯ, ки тақрибан чаҳоряк аср боз дар курсии раҳбарӣ дар Кремл нишастааст ва то ҳол нияти супурдани қудратро надорад, чӣ касе аст?
- Владимир Путин аз захираҳои ба мерос гирифтааш хуб истифода кард. Вай тактики хуб ва шогирди бисёр босабре аст, вале ҳеч гоҳ шахсияти барҷастае набудааст. "Мол" ном ҷосуси КГБ дар мактаб бо баҳои 3 ва дар донишкада бад мехонд. Аксар ҳамкасбонаш аз рӯйи рутба аз ӯ пеш гузаштанд. Вай дар вилояти Дрезден ва дар мақоми музофотӣ монд. Березовский, Чубайс, оилаи Елтсин ӯро президент карданд. Ба шарофати телевизион. Путин фаҳмид, ки телевизион метавонад, ҳатто чунин шахси беаҳамиятеро президенти Русия бикунад. Пас, коре кард, ки телевизион ба ӯ ҳеч вақт таҳдид накунад. Ӯ пас аз шикастани телевизиони НТВ ба назорати пурра бар расонаҳо оғоз кард...
Путин дид, ки чӣ гуна пул бисёр чизҳоро ҳал мекунад. Парвандаи нахустини ЮКОС дар соли 2003 вокуниш ба он буд, ки Ходорковский дар интихоботи порлумонӣ "Яблоко" ва Ҳизби коммунистро маблағгузорӣ мекард. Ин як ҳушдори ҷиддӣ буд: ҳеч кас ҳақ надорад, ба ҷуз Кремл, ба сиёсат сармоягузорӣ кунад. Илова бар ин, ӯ аз мероси бисёр олиҷаноби Елтсин, Конститутсияи соли 1993, ки шитобкорона навишта шуда буд, истифода кард. Он Конститутсия ба президент қудрати комил дод, то порлумон дигар ҳеч гоҳ ба раиси ҷумҳур мухолифат накунад."
- Коршиносон бар ин назаранд, ки ӯ "кадршинос"-и бисёр хуб аст. Медонад, чӣ гуна одамонеро ба мансаб интихоб кунад, ки ба ӯ содиқ бошанд ва ба осонӣ дар ҳама ҷиноятҳояш шарик шаванд…
- "Мо хатоҳои зиёди кадрии Путинро дидем. Масалан, достони таъини яке аз муҳофизонаш ба мансаби волии вилояти Калининград. Ӯ баъди се ҳафтаи мансабдорӣ нишасти аввалини матбуотӣ дод ва фаҳмид, ки ҷойи ӯ нест ва чизу чораашро бардошту рафт…"
- Албатта, баъзе хатоҳо ҳастанд…
- "Путин дар бахши кадрҳо нокомии бисёр ҷиддӣ дорад, вале хуб мефаҳмад, ки низоми мафиёиро чӣ гуна ташкил кунад. Системае, ки Путин сохтааст, "давлати мафиёӣ" ном дорад. Як нафар ҳамчун сардори мафия ва дигарон лейтенантҳои ӯ ва масъули бахши маводи мухаддиру казино ва фоҳишаҳо ҳастанд. Ҳамин ки ҷанҷол шуд, ба назди сардор мераванд ва ӯ мегуяд: "ба ту 50 дарсад, ба ту ҳам 50 дарсад". Ё "ба ту 80 дарсад, ба ту 20 дарсад." Касе, ки 20 дарсад гирифт, норозӣ мешавад, аммо дар маҷмуъ система кор мекунад ва ӯ мефаҳмад, ки дар баҳси оянда барояш порчаи калонтаре медиҳанд. Путин маҳз ҳамин давлати мафиёиро дар шакли ҳақиқияш сохт. Дар он фақат фоҳишаҳо, казиноҳо ва маводи мухаддир нест, балки нафту газ, замин ва шартномаҳои давлатӣ низ шомил аст. Путин аз соли 1991 то 1996 раҳбари мафияи Санкт-Петербург буд ва ӯ модели идоракунии мафияи Петербургро ба идоракунии кишвар овард. Он ба шарофати Конститутсияи Елтсин хуб кор кард."
- Ба назари Шумо, Путин барои корҳое, ки кардааст, сазовори кадом ҷазост?
- "Дар қонунгузории Русия дар ин маврид ҷазои дигаре ба ҷуз аз ҳабси якумрӣ пешбинӣ нашудааст. Сенарияи идеалӣ, албатта, эълони ҳукми зиндони якумрӣ аз тарафи Додгоҳи Байнулмилалии Ҷиноӣ аст. Аммо кас бояд аз ҳад зиёд хушбин бошад, то бовар кунад, ки мо ба онҷо мерасем. Шикастҳои ҷиддии артиши Русия дар Украина, шӯриши генералҳо ва дур кардани Путин аз қудрат ва ҷанҷоли дохилии атрофиёни Путин каме воқеитар аст. Мурофиаи оммавии Путин ба монанди мурофиаи Нюрнберг як марҳилаи хеле муҳим дар тамоми таърихи поксозӣ, мусолиҳаи миллӣ ва депутинизатсия хоҳад буд. Агар ҳоло касе ба пешонии Путин тир занад, ҷанг тамом мешавад, аммо Русия дарси бисёр муҳим нахоҳад гирифт."
- Чаро Путин ҷангро оғоз кард? Тарси аз даст додани қудрат, "дард"-и империя ва ё қаллобе, ки тасодуфан дар сари қудрат асту вазифаи асосияш ҳарчи бештар ҷамъоварии сарват…
- "Дар байни ин фарзияҳо зиддиятеро намебинам. Ин фарзияҳо якдигарро пурра мекунанд. Путин "дард"-и империя надорад, албатта, инро аз тарзи зиндагии ӯ медонем. Вай марди хушгузарон аст. Духтарони ҷавон, зиндагии зебо, қасрҳои зебо, яхтаҳои боҳашаматро дӯст медорад. "Шаҳрзода"-и 700-миллиондолларӣ ва ё қасри ӯ бозгӯи вазъ аст."
- Чӣ гуна қудрат дар Русия метавонад, дигар шавад? Дар Беларус чунин ба назар мерасид, ки фурӯ рехтани режими Лукашенко наздик аст (беш аз ним миллион нафар ба кӯчаҳо баромаданд), аммо нашуд…
- "Лукашенко танҳо ба шарофати Путин тавонист, ки дар Беларус бимонад. Ин комилан ошкор аст. Вақте Лукашенко бо котиби матбуотӣ ва писараш танҳо монд, ба нерӯҳои Русия такя кард. Агар Путин намебуду китфонашро ба зери сари ӯ намегузошт, албатта, Лукашенко тоб намеовард. Худи Путин ин имконро нахоҳад дошт."
Гуфтугӯ