Ҳукумати Украина рӯзи 28-уми сентябр раъйпурсии созмондодаи Русияро дар чаҳор вилояти он кишвар, ки қисман таҳти назорати Маскав ҳастанд, “ботил ва беарзиш” хонд ва аз Ғарб хост, кумакҳои низомиро ба Украина ба ҳадди “чашмгир” зиёд кунад.
Пештар аз ин мақомоти таҳти ҳимояти Маскав натиҷаҳои ниҳоии ба ном раъйпурсиро эълон карда, гуфтанд, ки мардум якдилона ба тарафдории ҳамроҳ кардани вилоятҳо ба қаламрави Русия раъй додаанд.
Раъйпурсӣ, ки кишварҳои ғарбӣ ва Созмони Милал онро “сохта” номидаанд, аз 23-юм то 27-уми сентябр дар вилоятҳои Запорожйе, Луганск, Донетск ва Херсон сурат гирифт, ки Русия онҳоро ишғол кардааст. Ин минтақаҳо 15 дар сади қаламрави Украинаро ташкил медиҳанд.
Украина, ҳукуматҳои ғарбӣ ва Созмони Милал раъйпурсиро беэътибор мешуморанд, чун мухолифи меъёрҳои қонунҳои байнулмилалӣ аст.
Вазорати умури хориҷии Украина бо нашри баёнияе гуфт, раъйпурсии созмондодаи Русия “ботил ва беарзиш” аст ва аз шарикони байналмилалии Украина хост, ба зидди Русия таҳримҳои сахттар ҷорӣ кунанду ба Киев кумакҳои низомии бештар расонанд.
Дар баёния омадааст: “Украина ҳеч гоҳ ва ба ҳеч зарбулаҷал (ултиматум) тан намедиҳад. Украина аз Иттиҳоди Аврупо, НАТО, гуруҳи G8 даъват мекунад, фишор ба Русияро бисёр зиёд кунанд, аз ҷумла аз роҳи эъмоли таҳримоти сахттар ва ба ҳадди чашмгир зиёд кардани кумак ба Украина.”
Раъйпурсии “зери мили туфанг”
Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, рӯзи 27-уми сентябр раъйпурсиро “масхарабозӣ” номид, ки ба қавли ӯ “зери мили туфанг” сурат гирифтааст. Мақомоти Амрико гуфтаанд, агар Русия, қаламравҳои Украинаро аз они худ кунад, зери таҳримҳои нав қарор мегирад.
Ҷозеп Боррел, масъули умури хориҷии Иттиҳоди Аврупо, рӯзи 28-уми сентябр раъйпурсии созмондодаи Русияро “азхудсозии ғайриқонунии” қаламрави дигарон номид ва гуфт, натиҷаи онҳо сохтакоришуда аст.
Ӯ дар Твиттер навишт: “Иттиҳоди Аврупо баргузории раъйпурсии ғайриқонунӣ ва натиҷаҳои сохтакоришудаи онро маҳкум мекунад. Ин як нақзи дигари истиқлол ва тамомияти арзии Украина ва дар миёни помоли пайвастаи ҳуқуқи инсон аст.”
Бино ба гузоришҳо, дар ҷараёни ин раъйпурсии сохта, ба мардум таҳдид кардаанд, ки раъй бидиҳанд ва мақомоти интихоботӣ ҳамроҳи сарбозони рус қуттиҳои раъйдиҳиро хона ба хона гардондаанд.
Дар вилояти шарқии Донетск, гуё 99.23 дарсади мардум ба тарафдории ҳамроҳ шудан ба Русия раъй додаанд, ки ба гуфтаи Денис Пушилин, раҳбари ҷудоиталабони таҳти ҳимояти Маскав, натиҷаи “бузург” аст.
Дар вилояти Луганск, мақомоти дастнишондаи Русия гуфтанд, ки натиҷаҳо нишон дод, ки 98.42 дар сади мардуми вилоят тарафдори пайвастан ба Русия ҳастанд.
Дар вилояти Запорожйе ба гуфтаи мақомоти интихоботӣ 93.11 ва дар вилояти Херсон 87.05 дар сади аҳолӣ тарафдор будаанд, ки вилоятҳояшон бахше аз қаламрави Русия шавад.
Нақшаи Русия
Валентина Матвиенко, раиси Шӯрои Федератсия, палатаи болоии порлумони Русия, гуфт, қарор аст, Владимир Путин рӯзи 30-уми сентябр дар бораи раъйпурсӣ дар ҳузури вакилон суханронӣ кунад ва вакилон санади ҳамроҳ кардани қаламравҳои Украинаро ба ҳайати Русия рӯзи 4-уми октябр ба баррасӣ бигиранд.
Дар муроҷиати видеоӣ дар шаби 27-уми сентябр раиси ҷумҳур Владимир Зеленский гуфт, ки “натиҷаҳои ба ном раъйпурсӣ аз пеш омода шудаанд”.
Ӯ афзуд, акнун бояд ҳар кишвар мухолифати ошкори худро ба иқдоми Русия нишон бидиҳад: “Дар пеши чашми ҷаҳониён Русия ба ном раъйпурсиро дар қаламравҳои ишғолии Украина баргузор мекунад. Мардумро маҷбур мекунанд, барои наворгирӣ дар телевизион зери мили туфанг коғазҳоеро пур кунанд.”
Дар як паёми видеоии дигар ба Созмони Милал ва аз ин пештар Зеленский гуфт, баъди раъйпурсӣ, Украина бо Русия музокироте карда наметавонад.
“Баҳонае барои аз худ кардани қаламрав”
Йенс Столтенберг, дабири кулли НАТО, низ раъйпурсии созмондодаи Русияро “сохтакорӣ” ва “нақзи ошкорои қонунҳои байналмилалӣ” номид. Ӯ баъди гуфтугӯ бо Владимир Зеленский дар рӯзи 27-уми сентябр дар Твиттер навишт: “Ҳампаймонҳои НАТО дар аҳди қавии худ барои ҳимоят аз истиқлоли Украина ва ҳаққи дифои он аз худ собит ҳастанд.”
Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико, пештар гуфта буд, раъйпурсӣ фақат як “сохтакорӣ” ва баҳонае барои “бо зӯр аз худ кардани қисме аз қаламрави Украина” аст.
Раъйпурсӣ ҳамчунин дар қаламрави Русия низ сурат гирифт, зеро ҳазорон нафар аз сокинони манотиқи таҳти назорати Русия дар Украина баъди оғози ҷанг аз он ҷойҳо гурехта, ба Русия омаданд. Ба навиштаи РИА Новости, бисёре аз онҳо тарафдори ҳамроҳ шудан ба Русия будаанд.
Нозирон мегӯянд, раъйпурсии баргузоркардаи Русия мисли ҳамон раъйпурсӣ дар бораи нимҷазираи Қрим буд, ки соли 2014 ба қаламраваш ҳамроҳ кард.
Линда Томас Гринфилд, сафири Амрико дар Созмони Милал, гуфт, кишвараш ва Албания ба зудӣ қатъномаеро дар байни аъзои Шӯрои Амният барои баррасӣ тақсим мекунанд, ки дар он “раъйпурсии сохтакоришуда” маҳкум шудааст. Ҳамчунин дар он аз тамоми кишварҳои ҷаҳон даъват шудааст, ки натиҷаҳои онро ба расмият нашиносанд ва талаб кунанд, ки Русия фавран нерӯҳояшро аз Украина берун кашад.