Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба ном референдум дар минтақаҳои ишғолшудаи украинӣ: "хона ба хона" ва "зери мили силоҳ". ВИДЕО


Шаҳри Севастополи нимҷазираи Қрим, 23 сентябр. Мақомоти Русия барои дастгирии ба ном референдум консерту раҳпаймоиҳо ташкил кардаанд
Шаҳри Севастополи нимҷазираи Қрим, 23 сентябр. Мақомоти Русия барои дастгирии ба ном референдум консерту раҳпаймоиҳо ташкил кардаанд

Дар чор минтақаи  ишғолшудаи Украина  рӯзи дуюм аст, ки Маскав ба ном референдуми пайвастшавӣ ба Русияро баргузор мекунад, коре, ки ба хотири ғайриқонунӣ буданаш аз рӯи меъёрҳои байналмилалӣ мавриди маҳкумияти Украина, Ғарб ва СММ қарор гирифтааст.

Ба ном пурсише, ки дар минтақаҳои аз ҷониби Русия ишғолшудаи Луҳанск, Донетск, Херсон ва Запорожя аз дирӯз ба ин сӯ роҳандозӣ шудааст, дар авҷи азимтарин низои мусаллаҳона да Аврупо баъди Ҷанги дуюми ҷаҳон барпо мешавад. Аз минтақаҳо хабар мерасад, ки мақомоти аз ҷониби Русия нишондашуда мардумро барои овоздиҳӣ фишор меоранду таҳдидашон мекунанд. Дар ин минтақа ҳеҷ як нозири мустақили беруна ҳузур надорад. Ин чор минтақа 15 дарсади қаламрави Украинаро ташкил медиҳад, ки аз назари ҳаҷмаш баробар бо як кишвари Венгрия мебошад. Президенти Украина Володимир Зеленский аз ҷомеаи ҷаҳонӣ тақозо кард, ки ин “референдуми тақаллубиро”, ки бо ҳадафи ишғоли қаламравҳои украинӣ барпо мешавад, маҳкум кунанд.

Рӯзи 23 сентябр дар Вашингтон президент Ҷо Байден раъйпурсии сохтаро маҳкум кард ва ҳушдор дод, ки Маскав бо таҳримҳои аз ин бештар рӯбарӯ мешавад. Ҷо Байден гуфт: “Раъйпурсии Русия сохтакоришуда буда, як баҳонаи дурӯғин барои кӯшиши ишғол кардани як бахши Украина бо зӯри нирӯ ва бар хилофи қонунҳои байналмилалӣ мебошад”. Байден гуфт, "бо ҳампаймонҳо барои ҷорӣ кардани таҳримҳои иловагӣ болои Русия" кор хоҳанд кард.

Баргузории ба истилоҳ референдумро дар минтақаҳои ишғолшуда Русия баробар бо сафарбаркунии нисбӣ ба артиш эълон кард, ки мавриди норизоияти бисёр сокинон шуд ва мавҷи фирориҳо аз ширкат дар ҷангро ба вуҷуд овард.

Назархоҳии "сохтакоронаву ғайридемократӣ" дар манотиқи ишғолшудаи Украина
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:18 0:00

Ба истилоҳ ҳамапурсӣ дар минтақаҳои ишғолшуда то 27-уми сентябр давом мекунад. Мақомоти дастнишондаи Маскав гуфтанд, ки сокинон бояд маҳалҳои зисти худро тарк накунанд ва гурӯҳҳои низомиён дар ба дари мардум гашта, онҳоро бо таҳдиди аз даст додани кору даромад ба овоздиҳӣ маҷбур мекунанд. Мақомоти рӯ ба Маскав гуфтанд, ки бо сабаби ноамниҳо нуқтаҳои овоздиҳӣ танҳо рӯзи панҷум – 27-уми сентябр кор хоҳанд кард.

Серҳий Ҳайдай, волии украинии Луҳанск дар як изҳороташ дар Телеграм канал навишт, ки мақомоти Русия ба хотири таъмини овозҳо мардумро аз ҳақи тарк кардани макони зист маҳрум кардаанд. Ӯ навишт: “Мо гузоришҳое дарёфт мекунем, ки ба истилоҳ “комиссияҳои овоздиҳӣ” ба назди мардум ҳамроҳ бо афроди силоҳбадаст мераванд. Агар дарҳо баста бошанду онҳоро кушодан нахоҳанд, таҳдид мекунанд, ки дарҳоро мешикананд”. Ӯ гуфт, ҳар касеро, ки дар варақаи овоздиҳӣ зидди ҳамроҳшавӣ ба Русия овоз медиҳад, исмаш дар як дафтарчаи махсусе навишта мешавад.

Серҳий Хлан, муовини украинии раиси шӯрои минтақавӣ дар Херсон рӯзи 23 сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар ин минтақа аксар нуқтаҳои ба истилоҳ раъйдиҳӣ холӣ ҳастанд ва ин ҷо низ мақомоти дастнишондаи Русия маҷбур хона ба хона гашта “зери мили силоҳ” овози мардумро ҷамъ мекунанд.

Украинаву Ғарб овоздиҳиро чун як амали номашрӯи Русия ва баҳонае барои ишғоли ғайриқонунии қаламравҳои украинӣ маҳкум кардаанд.

Дар навбати худ Кремлин зиёд ҳадафҳои воқеиашро барои ташкили раъйпурсии дурӯғин пинҳон намекунад. 23-юми сентябр дар Маскав сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт, ки ин маърака “зуд тамом мешавад” ва агар овоздиҳӣ бомуваффақит гузашт, минтақаҳо азхуд карда мешаванд.

Таҳлилгарон мегӯянд, аз роҳи референдуми тақаллубӣ азхуд кардани қаламравҳои украинӣ ба Русия гӯё ҳақ хоҳад дод, ки аз онҳо чун ба истилоҳ қаламравҳои худаш, аз ҷумла дар сурати ҳамлаи ҳастаӣ дифоъ кунад. Украина гуфт, ки ҳеҷ гоҳ ин ишғолгариро қабул нахоҳад кард ва раҳбари НАТО Йенс Столтенберг гуфт, ки ҳампаймонҳо барои кӯмак ба Киев омода ҳастанд. Ҳафтгонаи кишварҳои саноатии ҷаҳон ҳам ба истилоҳ референдумро чун “сохтаву” “номашрӯъ” маҳкум карданд.

Ба ҳисобҳои манобеи ғарбӣ, Маскав тахминан 1,6 миллион сокини ин минтақаҳоро ба Русия ихроҷ крада, бар иваз сокинони Русияро ба қаламравҳои украинӣ сафарбар кардааст.

Ба қавли коршиносон, инчунин садҳо ҳазор маълумоти шиносномаҳои хусусиву биометрии украиниҳоро ҳам ба хотири истифода дар сохтакории натиҷаҳои овоздиҳӣ истифода карда метавонад. Барои ширкат дар овоздиҳии сохтакоришуда украиниҳои минтақаҳои ишғолшударо, ки дар Русия қарор доранд, истифода хоҳанд кард.

Русия таҷрибаи хеле ками ташкили интихоботҳои озоду одилонаро дорад ва нозирони байналмилалии интихоботӣ тарс додани овоздиҳандаҳо, тақаллуб ва ҳам тақаллубкориҳо бо истифода аз матбуотро қайд кардаанд.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG