Амриддин Аловатшоев, як чеҳраи шинохта дар миёни ҷавонони Бадахшонро аз маҳбаси шаҳри Ваҳдат дубора ба Боздоштгоҳи муваққатии Душанбе овардаанд. Аловатшоев охири моҳи апрел ба 18 соли зиндон маҳкум ва барои адои ҷазо ба маҳбаси Ваҳдат интиқол шуда буд.
Як манбаи Радиои Озодӣ бидуни зикри номаш гуфт, мақомот Амриддин Аловатшоевро аввали ҳафта аз маҳбаси шаҳри Ваҳдат ба боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе интиқол доданд. Пайвандони Аловатшоев, интиқоли ӯро аз маҳбас ба боздошгоҳи муваққатӣ тасдиқ карданд, аммо гуфтанд, сабабашро намедонанд.
Мақомот ҳам нагуфтанд, ки сабаби ба Боздоштгоҳи шаҳри Душанбе овардани Амриддин Аловатшоев чист. Вале як ҳамсуҳбати мо дар Боздоштгоҳи шаҳри Душанбе гуфт, Аловатшоевро барои шоҳидӣ додан дар мурофиаи Холбаш Холбашов аз маҳбас оварданд. Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 22 сентябр генерали Нерӯҳои марзбонӣ Холбаш Холбашовро ба зиндони якумрӣ маҳкум кард.
Амриддин Аловатшоевро охири моҳи апрел бар асоси панҷ банди Кодекси ҷиноӣ ба 18 соли зиндон маҳкум карданд. Наздиконаш он замон гуфтанд, ӯ худро бегуноҳ меҳисобад, вале шикоят бурдан ба зинаи болоиро бефоида донист. Дақиқ нест, ки аз шикоят даст кашидани ӯ тасмими ӯ мустақилона буд , ё зери фишор.
Амриддин Аловатшоеви 44-сола моҳи январи имсол дар Русия нопадид ва як моҳ баъд дар Тоҷикистон “пайдо” шуд. Додситони кулли Тоҷикистон моҳи феврал гуфт, ӯ истирдод шудааст, аммо вазири корҳои дохилӣ гуфт, бо хоҳиши худ баргашту дастгир шуд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Амриддин Аловатшоев аз шикоят ба додгоҳи болоӣ "даст кашидааст" ВИДЕО Наздикони Амриддин Аловатшоев мегӯянд, зидди ҳукми сангини ӯ шикоят нахоҳанд кардПанҷ "гуноҳ"-и Аловатшоев. Наздиконаш шикоят карданд, мақомот хонаашро кӯчондаанд. ВИДЕОХешовандон бозбинии ҳукми Аловатшоевро хостандАмриддин Аловатшоев ба 18 сол зиндон маҳкум шуд