Мавсими нав. Театрҳои "хуфта"-и тоҷикро кӣ "бедор" хоҳад кард? ВИДЕО

Акс аз бойгонӣ

Дар Тоҷикистон мавсими нави театрӣ оғоз шуд. Ба бовари соҳибназарон, театри тоҷик дар ҳоли "кома" аст ва танҳо мутахассисони хориҷӣ метавонанд, онро дубора "ба худ биоранд". Ин дар ҳолест, ки баъзе аз театрҳои Тоҷикистон аллакай мутахассисони хориҷиро барои кор ба кишвар даъват кардаанд.

Мавсими нав ва 93-юми театриро дар Тоҷикистон дар аввали моҳи сентябр театри русзабони ба номи Владимир Маяковский бо намоишномаи "Фурӯғи орзуҳо" оғоз кард.

Дар поёни ҳафтаи гузашта театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ низ оғози мавсими нави театриро ифтитоҳ кард. 20-уми сентябр театри ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ин равандро бо намоишномаи "Фирдавсӣ" идома дод.

намоишномаи Фирдавсӣ

Султони Усмон, саркоргардони театри ба номи Лоҳутӣ, ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳадаф аз интихоби ин намоишнома дар оғози мавсими нави театрӣ ин аст, ки мехоҳанд ба тамошобинон асари дорои арзишҳои миллиро пешниҳод кунанд.

Намоиши "Фирдавсӣ" аз руйи асари нависандаи шинохтаи тоҷик Сотим Улуғзода таҳия шудааст. "Фирдавсӣ" дар Эрон ҳам ба саҳна гузошта шуд ва ба гуфтаи саркоргардони театри Лоҳутӣ "баҳои баланд гирифт".

"Яке аз беҳтарин намоишномаҳо ба ҳисоб меравад. Мехоҳем, бо ҳамин намоишномае, ки таърихи мо, бузургии “Шоҳнома”, чизе, ки мардуми тоҷик фахр дорад, мавсимро оғоз кунем,” -- афзуд Султони Усмон.

Ба гуфтаи коргардони тоҷик, то охири имсол театри ба номи Лоҳутӣ шаш намоиши навро рӯйи саҳна меорад ва ҳоло тамрини онҳо идома дорад.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Дар Тоҷикистон мавсими нави театрӣ оғоз меёбад

Зиё Олимӣ, мудири иҷроияи оркестри симфонии театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ, мегӯяд, мавсими нави театриро бо намоишномаи “Мақоми ишқ”-и Фирӯз Баҳор оғоз кардаанд. Ҳунарпешагони театр ҳамчунин мехоҳанд, операҳои “Айнӣ”, “Рӯдакӣ”, “Шайх-ур-раис”-ро бознигарӣ ва пешниҳоди тамошобинон кунанд. Ба гуфтаи Зиё Олимӣ, ин намоишномаҳо шиносномаи театр ва классикаи замони мо ҳастанд.

Дар посух ба ин суол, ки чӣ шуморе аз мутахассисони хориҷӣ барои кор ба театри Садриддин Айнӣ ҷалб шудаанд, Олимӣ гуфт, “як сол боз бо профессори консерваторияи Милан ба номи Ҷузеппе Верди, Делфо Миникучи ҳамкорӣ дорем. Ин як травиатаи Ҷузеппе Верди, ки пурра ба забони асл, ба забони итолиёвӣ манзур гардид. Кори дуюме, ки бо профессор Миникучи мо анҷом додем ин бори аввал дар таърихи санъати мусиқии касбии Тоқикистон иҷрои симфонияи нуҳуми Бетховен буд."

Зиё Олимӣ ҳамчунин гуфт, дар театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ҳунарпешаҳо аз Ҷопон низ кор мекунанд ва онҳо мехоҳанд аз Қазоқистон мутахассисонро даъват кунанд.

Театри таҷрибавии ба номи Муҳаммадҷон Қосимов, ки тамошобинон онро бештар бо номи “Аҳорун” мешиносанд, низ асосан намоишномаҳои солҳои пеш ба мисли “Исфандиёр”, “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ, “Ватандорӣ” аз рӯи ашъори Лоиқ Шералӣ, “Макбет” аз руйи достони Уилям Шекспир ва “Таъбири ишқ” аз руйи достони “Лайли ва Маҷнун”-и Низоми Ганҷавӣ, “Маснавии маънавӣ”-и Мавлонои Балхиро пешниҳоди тамошобинон мекунанд.

Фирдавси Қосим, саркоргардони театр гуфт, дар солҳои пеш аз хориҷ коргардонҳоро даъват мекарданд, вале ҳоло талош доранд, ба нерӯи худ такя кунанд.

“Мо, албатта, метавонем аз берун мутахассисонро даъват кунем ва шояд ҳам даъват кунем. Аммо агар ҷавон ҳам бошем намоишномаҳоро он тавре, ки тавонем руйи саҳна гузорем ва ин иқдомро ҳамчун коргардони нав ҷонибдорӣ дорам," -- мегӯяд Фирдавсӣ Қосим.

Аммо, ба эътиқоди Одили Нозир, рӯзноманигори тоҷик, ҳоло дар театрҳои Тоҷикистон ду ё се коргардони ботаҷриба ҳастанд, ки барои кор дар 18 театри касбии кишвар кофӣ нест.

Одили Нозир

Ба гуфтаи Одили Нозир, “театри тоҷикро фақат режиссёри хориҷӣ дар ҳамин шабу рӯз эҳё карда метавонад. Ин гапро як замон Барзу Абдураззоқов гуфта буд, ин гапро ман ҳам ҳозир талқин мекунам. Мисли он ки як замон Александрин, Детсик Миттелман омада, театри тоҷикро ба сатҳи баланди байналхалқӣ бароварда буданд, ҳамин гуна режисёрҳои сатҳи ҷаҳонӣ даркор, ки театри тоҷикро ба сатҳи имрӯза бароранд. Мо ҳамин гуна режисёри қудратманде, ки театри тоҷикро ба чунин сатҳ барорад надорем.”

Қаблан, Барзу Абдураззоқов, коргардони тоҷик, ки дар хориҷи кишвар фаъолият дорад, ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки “театри тоҷик на коргардон дорад, на драмнавис, на толори муносиб ва на нурпардоз ва ҳатто билетфурӯшӣ ҳам надорад. Театри тоҷик дар ҳолати “кома” аст”.

Ин изҳори назари Барзу Абдураззоқов боиси вокунишҳои тунди баъзе аз ҳунармандони тоҷик шуда буд. Дар посух ба чунин назарҳо Барзу Абдураззоқов ба Радиои Озодӣ гуфт, “агар вазъияти театрҳои тоҷик хуб бошад, пас, чаро театри тоҷик дар ҷашнвораҳои театрии байналмилалӣ соҳиби ҷоиза намешавад, чаро театрҳои тоҷикро ба сафарҳои ҳунарӣ ба хориҷи кишвар даъват намекунанд?”

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Марги қуи сафед. Ёде аз Малика Собирова, ситораи ҷаҳонии балети тоҷик. ВИДЕО"Аввал санҷиш, баъд намоиш". Вазорат гуфт, чаро монеи "Манқурт" дар Душанбе шудДар Душанбе монеи "Манқурт" шудаанд"Дилу ҷигар надоранд”. Намоиши кадом намоишномаҳо дар театри тоҷик табу аст?