Вазорати корҳои хориҷии Амрико (Департаменти давлатӣ) гуфт, хабари даргирии мусаллаҳона дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон онҳоро нигарон кардааст.
Нед Прайс, сухангӯи вазорат, шаби 17-уми сентябр дар Твиттер навишт, "чунин ҳолатҳо бештар ҷони ғайринизомиёнро дар хатар мегузорад ва мо ба оилаҳои осебдидагон ҳамдардӣ баён мекунем."
Мақомоти Амрико аз ду тараф хостаанд, ки оташбасро риоя карда, "кӯшиши худро барои барқарории оромӣ бо роҳҳои дипломатӣ афзун кунанд."
Аз ин пеш Созмони Милали Муттаҳид аз талафот дар даргирӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ибрози нигаронӣ карда, ду ҷонибро ба оташбаси дарозмуддат хонда буд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Нигаронии СММ аз талафот дар даргирии байни Тоҷикистону ҚирғизистонДушанбеву Бишкек аз 14-уми сентябр ба ин сӯ якдигарро ба шурӯи тирпарронӣ ва куштори низомиёну афроди мулкӣ гунаҳкор мекунанд.
Ба иттилои манобеи Радиои Озодӣ, дар даргирии чаҳор рӯзи охир дар Тоҷикистон 39 кас, аз ҷумла чанд кӯдак, кушта шудаанд. Мақомот омор намедиҳанд.
Вазорати тандурустии Қирғизистон дар бораи ҳалокати 36 нафар ва захмӣ шудани беш аз сад кас гузориш дод. Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии он кишвар аз "талафоти зиёд" гуфт, аммо рақамеро ба забон наовард.