Русия тувагиҳоро аз Қирғизистон ба ҷанги Украина бурдааст

Нерӯҳои Русия дар Мариуполи Украина, 13-уми апрели 2022

"Озодӣ" ва "Азаттик", ду расонаи RFE/RL, дар таҳқиқи хурде якҷоя талош карданд, бифаҳманд, ки ҷанг дар Украина ба вазъи пойгоҳҳои низомии Русия дар Тоҷикистон ва Қирғизистон чӣ таъсир дорад. Дар ин матлаб аз пойгоҳи "Кант" дар Қирғизистон мегӯем.

Русия аз пойгоҳи ҳавоии "Кант" дар Қирғизистон ба ҷанги Украина сарбоз фиристодааст. Бахши қирғизии Радиои Озодӣ муайян кард, ки даҳҳо низомӣ аз Ҷумҳурии Тува* то оғози ҷанг дар Украина дар пойгоҳи низомии Русия дар шаҳри Кант, 20-километрии пойтахти Қирғизистон, хидмат мекарданд. Дертар баъзе аз онҳо дар Украина кушта шуданд. Сокинони маҳаллӣ мегӯянд, пас аз ҳамлаи Русия ба Украина, "даробаро" дар пойгоҳи ҳавоии "Кант" нисбат ба пештара камтар шудааст.

*Тува яке аз фақиртарин минтақаҳои Русия ба шумор меравад. Маоши миёнаи ин ҷумҳурӣ наздик ба 10-15 ҳазор рубл аст. Аз ин рӯ, хидмати шартномавии ҳарбӣ барои сокинони он яке аз роҳҳои таъмини оила шумурда мешавад.

"Нимашон кушта шуданд, дигарон асир уфтоданд"

"Тувагиҳо моро ба мисли мардуми худ медонистанд. Аз ин рӯ, бо онҳо муносибати хуб доштем. Пас аз оғози ҷанг дар Украина дигар онҳоро надидем,” - гуфт яке аз сокинони маҳаллаи наздик ба пойгоҳи ҳавоии "Кант".

Вақте ба Тува расиданд, ба онҳо гуфтаанд, “кори хуб кардед, ки ба Украина нарафтед”. Баъзе ҳамхидматони онҳо ҳалок ва бархеи дигар захмӣ шудаанд.
Аяна

Ҳамсуҳбати бахши қирғизии Радиои Озодӣ ба далели амниятӣ нахост, ному насабаш фош шавад. Суҳбат бо ӯ дар яке аз майдонҳои воқеъ дар наздикии пойгоҳ сурат гирифт.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати радио, сарбозоне, ки аз Тува даъват шуда буданд, зимистону тобистон дар хаймаҳои воқеъ дар ҳудуди пойгоҳи ҳавоӣ зиндагӣ мекарданд.

“Тувагиҳо аз соли 2014 ба ин ҷо меоянд. Дар тирамоҳи соли 2021 шумораи онҳо ба таври назаррас зиёд шуд. Якбора тақрибан 300 нафар омад. Медонистам, ки онҳо чатрбозӣ (парашют)-ро тамрин мекунанд ва вақте ҷанг сар шуд, дигар онҳоро надидем. Қаблан яке аз онҳо гуфта буд, ба ҷанг омодагӣ мебинанд ва эҳтимол аст, ӯ низ биравад. Ҳозир хаймаҳое, ки дар онҳо тувагиҳо мезистанд, дигар нестанд. Ҳамаашро бардоштаанд. Шунидам, ки ними онҳо кушта шуданд ва боқӣ асир уфтоданд,” - сокини маҳаллӣ.

Сокинони Кант шунидаанд, ки дар пойгоҳи ҳавоии Русия (“Кант”) дар ин шаҳр сарбозон аз Тува хидмат мекунанд. Онҳо зуд-зуд ба шаҳр рафта, аз дӯконҳои наздик ба пойгоҳ харид мекарданд.

Хаймаҳо дар паси ин дарахтон истода буданд

Ирискелдӣ, ронандаи таксӣ аз Кант, шарқи шаҳри Бишкек, мегӯяд, чанд дафъа як сарбози тувагиро савор кард ва онҳо ҷанг дар Украинаро ба баҳс кашидаанд.

“Вай ба ман гуфт, ки занаш аз Тува бояд биёяд ва аз ин рӯ, барои муҳлати кӯтоҳ хонаи иҷора меҷӯяд. Дертар мо боз вохӯрдем ва ман аз ӯ пурсидам, ки хона ёфт ва оё ҳамсараш барои хабаргирӣ омадааст? Дар посух гуфт, ки “моро ба Украина мефиристанд. Ҳамаро ба онҷо мебаранд”. Ин суҳбат аллакай баъди оғози ҷанги Украина буд.

Низомиёни тувагӣ ба сокинони маҳаллаи наздик ба пойгоҳи “Кант” дар Қирғизистон гуфтаанд, дар артиши Русия шартномавӣ (қарордодӣ) хидмат мекунанд. Онҳо дар ҳудуди пойгоҳ дар хаймаҳо мезистанд ва бо ҳайати пойгоҳи ҳавоӣ иртиботи хосе надоштанд.

Ба гуфтаи сокинони атрофи пойгоҳ, теъдоди даъватшудагон аз Тува тахминан 300-500 нафар буд. Тасдиқи ин хабар тавассути манобеи расмии Русия ғайриимкон аст.

Яке аз сокинони маҳаллии дигар бо нишон додани макони низомиёни Тува дар харита гуфт, “дар миёни онҳо ягон рус набуд. Ҳама аз Тува буданд. Баъзе аз калимаҳои онҳо ба забони қирғизӣ монанд буд. Онҳо ҳарчанд дар ҳудуди пойгоҳ қарор доштанд, ба ҳайати он шомил намешуданд. Ҷойи зист, хӯрокхӯрӣ ва ҳаммоми онҳо, ҳатто техника ва аслиҳаашон алоҳида буд. Онҳо чатрбозиро меомӯхтанд. Аз чархбол бо чатр ба замин мефаромаданд. Ба ҷуз ин, пойгоҳро муҳофизат мекарданд. Дар фасли баҳор инҷо буданд, ҳоло нестанд,” - илова кард ӯ.

Дар бораи он ки низомиёни Тува кай пойгоҳи ҳавоии “Кант”-ро тарк карданд ва оё кадоме аз онҳо дар он ҷо мондааст ё не, маълумоти дақиқ рӯйи даст нест.

Бар асоси аксҳое, ки барномаи “Google Earth Pro” дар моҳи июни имсол гирифта буд, дар пойгоҳи ҳавоӣ тақрибан 10 хаймаи калон ва 12 хаймаи хурдтар ҷойгир аст, ки аз сӯи низомиёни Тува истифода мешуданд.

Тасвири моҳвораии пойгоҳи Русия дар Қирғизистон

Хабарнигорони бахши қирғизии Радиои Озодӣ ба минтақае рафтанд, ки дар онҷо пойгоҳи “Кант” ҷойгир аст ва тибқи мушоҳидаҳои онҳо, маконе, ки то оғози ҷанги Украина дар онҷо барои сарбозони Тува хаймаҳо насб шуда буд, ҳоло холӣ аст.

Далели “Туваи нав”

Интиқоли низомиёни Туваро аз пойгоҳи ҳавоии “Кант”-и Русия ба ҷанги Украина чандин манбаи мустақил низ тасдиқ карданд. Иттиҳодияи “Туваи нав” ба тувагиҳое мадад мекунад, ки ба ҷанги Украина рафтан намехоҳанд.

Фаъоли иттиҳодия Аяна (ном ба далоили амниятӣ иваз шудааст) бо бахши қирғизии Радиои Озодӣ дар бораи сарбозоне суҳбат кард, ки шаҳрванди Русия ҳастанд, аммо дар ҳудуди Қирғизистон хидмат кардаанд.

Ба гуфтаи Аяна, яке аз низомиёни тувагӣ 21-уми июни имсол бо созмони онҳо тамос гирифта, изҳор доштааст, ки бо сафари хидматӣ дар Қирғизистон қарор дорад, аммо намехоҳад ба Украина равад.

Вай гуфтааст, ӯву чанд ҳамхидматаш, ки дар пойгоҳи “Кант” ҳастанд, ният доштанд, қарордодро бекор карда, ба ҷанги Украина нараванд, вале раҳбарияташон иҷозат надодааст. Тавре маълум шуд, ба онҳо танҳо пас аз рафтан ба Украина иҷозат шудааст, ки хидматро тарк кунанд.

Тувагиҳое, ки аз Қирғизистон тамос гирифтанд, гуфтанд, ки макони доимии онҳо гуруҳи 55-уми алоҳидаи мототирандозӣ дар шаҳри Қизил (Ҷумҳурии Тива) мебошад.

“Ин бачаҳоро ҳанӯз моҳҳои ноябр - декабр ба Қирғизистон фиристода буданд. Онҳо дар онҷо истода, чизеро муҳофизат мекарданд. Ман намедонам, чӣ масъулият доштанд. Сипас, тобистон онҳоро ба Украина фиристоданд,” - афзуд Аяна.

Як афсари пойгоҳи Русия дар Қирғизистон, моҳи октябри соли 2013

Фаъолони “Туваи нав” ба ҳамватанони муроҷиаткардаи худ бо фиристодани намунаи санадҳои лозимӣ фаҳмондаанд, ки онҳо метавонанд барои қатъи хидмати шартномавӣ дар Тува ариза пешниҳод кунанд.

Бар асоси маълумоти дастрасшуда, шиносномаи сарбозони тувагие, ки дар пойгоҳи қирғизистонии Русия қарор доштанд, дар дасти фармондеҳашон будааст.

Ба 9 нафари онҳо муяссар шудааст, ки бо роҳи фиреб ва ба баҳонаи фиристодани пул ба хешу наздикон ҳуҷҷатҳои худро гирифта, тавассути масири “Бишкек-Красноярск” 29-уми июни имсол худро ба шаҳри Қизил расонанд.

“Вақте ба Тува расиданд, ба онҳо гуфтаанд, “кори хуб кардед, ки ба Украина нарафтед”. Зеро ҳамхидматони онҳо баъди сафарбар шудан ба дом афтода, баъзе ҳалок ва бархеи дигар захмӣ шудаанд,” - илова кард Аяна.

Аяна мегӯяд, дар моҳи июни имсол дастикам 90 низомии тувагӣ дар ду гурӯҳ аз Қирғизистон ба Украина фиристода шуданд. Ҳудуди 10 нафари онҳо кушта ва наздик ба 20 каси дигар захмӣ гардидаанд. Беш аз 30 сарбоз баъди ба Украина рафтан аз ҷанг даст кашида, ба Русия баргаштаанд.

“Ман хабар дорам, ки бисёре аз низомиёни тувагӣ баъди сафарбар шудан аз Қирғизистон дар рӯзи 29-уми июн дар Лисичанск кушта шуданд. Дар онҷо задухӯрде сурат гирифтааст. Дар бораи онҳо дар шабакаҳои таблиғотии Русия наворҳои зиёд дидан мумкин аст. Гуё дар онҷо ба онҳо медал додаанд. Дар миёни онҳо тувагиҳои зиёде ҳастанд, ки дар Қирғизистон буданд,” - афзуд Аяна.

Дар ҳақиқат, як қатор расонаҳои русӣ навиштанд, ки “дар набардҳои шадид барои шаҳри Лисичанск гуруҳи 55-уми мототирандозии низомиёни Тува фаъолияти хуб нишон доданд” ва “ҷанговарони фидокори ҷумҳурӣ дар ин ҷо ҳалок шуда, маҷруҳон низ ҳастанд”.

Аяна мегӯяд, ҳамаи низомиёни тувагие, ки дар Қирғизистон хидмат мекарданд, сарбозони шартномавӣ буданд ва ду нафарашон, ки ӯ онҳоро медонист, 30-сола буданд.

Вай ҳамчунин акси яке аз онҳоро, ки дар Бишкек гирифта шудааст, нишон дод ва ҷое, ки акс гирифта шудааст, ба минтақаи наздик ба “Кант” монанд аст. Вале ба далоили амниятӣ акси сарбоз нашр карда намешавад.

Фаъолони “Туваи нав” таъзияномаро ба сарбози тувагӣ низ пешниҳод карданд, ки баъди сафарбар шудан аз пойгоҳи қирғизистонӣ дар Украина кушта шудааст.

Бахши қирғизии Радиои Озодӣ бо ҳамсари ин сарбози кушташуда телефонӣ суҳбат кард. Ҳамсари сарбоз тасдиқ кард, ки шавҳараш дар ҳайати гуруҳи 55-ум хидмат мекард ва баҳори имсол ба пойгоҳи “Кант” фиристода шуд. Мо тасмим гирифтем, ному насаби ин зан ва шавҳари кушташудашро ҳам ба далоили амниятӣ ифшо накунем.

“Вай аввалҳои моҳи март бо сафари хидматӣ ба Қирғизистон рафт. Ӯ се моҳ онҷо монд. Баъди се моҳ бояд ба рухсатӣ мефиристоданд, вале иҷозат нашуд. Онҳоро аз Қирғизистон рост ба Украина фиристоданд. Тавре маълум шуд, ӯ 19-уми июн ба Украина сафарбар ва 26-уми июн дар онҷо кушта шуд”, - гуфт ҳамсари сарбози кушташуда.

Аз ин сарбоз ду фарзанд мондааст. Ба гуфтаи ҳамсараш, ӯро иҷборан ба Украина фиристодаанд. “Онҳоро маҷбурӣ фиристоданд. Ариза навиштанд, ки намеравем, вале аризаашонро қабул накарданд,” - илова кард ӯ.

“Фаъолиятҳо дар пойгоҳ коҳиш ёфтанд”

Маълум нест, ки аз пойгоҳи ҳавоии “Кант” ба ҷуз аз тувагиҳо, боз киҳоро ба ҷанги Украина фиристодаанд. Сокинони маҳаллӣ мегӯянд, баъди оғози ҷанг дар Украина дигаргуниҳои зиёдеро дар наздикии пойгоҳи Русия мушоҳида кардаанд.

Кормандони пойгоҳи ҳавоии “Кант” ба шаҳраки низомии худ бо як роҳ мераванд ва сатҳи фаъолиятҳо дар пойгоҳ низ аз равуоҳо тариқи ин роҳ маълум мешавад.

Сокинони маҳаллӣ мегӯянд, “дар наздикии пойгоҳ таваққуфгоҳе аст, ки 100-150 мошин дар он ҷой мегирад. Пештар он пури мошин буд, вале пас аз оғози ҷанг дар Украина дар онҷо на бештар аз 20-30 мошин дида мешавад. Ҳаракати мошинҳо ҳам тавассути роҳе, ки ба пойгоҳ мебарад, кам шудааст”.

Сокинони Кант мегӯянд, сатҳи фаъолиятҳо дар пойгоҳро низ мешавад, пайгирӣ кард. Зеро аз онҷо чархболу ҳавопаймоҳо парвоз мекунанд ва ба замин менишинанд. Пеш аз ҷанги Украина аз ҳудуди пойгоҳ чархболу ҳавопаймоҳои зиёд ба осмон баланд мешуд.

Як сокини дигари маҳаллӣ низ мушоҳидаҳои худро дар ин замина чунин нақл кард: “Вақте ҷанг оғоз шуда буд, ҳар рӯз ба осмон парвоз ва тамрин мекарданд. Хеле фаъол буданд. Худи ман дидам, ки чӣ тавр ҳавопаймоҳои боркаш омада, рафтанд. Онҳо аз чархболҳо бо чатр ба замин мепариданд, шумораашон хеле зиёд буд. Ҳоло ин корҳо нестанд ва ҳавопаймоҳо қариб ноаёнанд. Чунин ба назар мерасад, ки ҳавопаймо дар як ҳафта як бор ба замин менишинад. Мо шумораи дақиқи сарбозонро, ки дар инҷо ҳастанд, намедонем. Майдонро бо симчӯб девор гирифтанд, аммо кам шудани теъдоди чархболу ҳавопаймоҳоро метавон мушоҳида кард.”

Дар ҳамин ҳол, манобеи наздик ба артиш ва мақомоти Қирғизистон мегӯянд, парвозҳо ба пойгоҳи ҳавоии Русия коҳиш наёфтааст ва тибқи ҷадвали муайян идома доранд.

Ҳавопаймои Ан-26-и Русия дар пойгоҳи "Кант"

Бахши қирғизии Радиои Озодӣ рӯзи 6-уми сентябр ба намояндаи пойгоҳи ҳавоии Русия дар Кант нома фиристода, дар бораи низомиёни Тува ва коҳиши фаъолиятҳо дар пойгоҳ пурсид. Ба сафорати Русия дар Қирғизистон низ чунин нома фиристода шуд, аммо то ҳол посухе дарёфт нашуд.

Сергей Шойгу, вазири дифои Русия, рӯзи 24-уми август, дар нишасти вазирони дифои кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой дар Тошканд аз афзоиши омодагии ҷангии пойгоҳҳои низомии кишвараш дар Қирғизистон ва Тоҷикистон хабар дод.

Ӯ аз ҷумла гуфт, “таҳдиди ҷиддӣ барои амнияти Осиёи Марказӣ ҳамоно вазъи Афғонистон аст, ки дар онҷо созмонҳои байнулмилалии террористӣ, аз қабили ДОИШ ва Ал-Қоида фаъолтар мешаванд.”

Аммо ёфтаҳои хабарнигорони бахши қирғизии Радиои Озодӣ нишон медиҳад, ки баръакс, фаъолиятҳо дар ин пойгоҳҳои Русия коҳиш ёфтаанд.

Русия дар Қирғизистон чанд иншооти низомӣ дорад. Бузургтарини онҳо пойгоҳи низомии ҳавоии “Кант” аст, ки моҳи октябри соли 2003 боз шудааст. Вазифаҳои аслии онро назорат бар ҳарими ҳавоии Осиёи Марказӣ ва ҳамчунин расонидани кумакҳои низомӣ дар чаҳорчӯби Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ (СПАД) арзёбӣ мекунанд.