Сафари вазири дифои Русия Сергей Шойгу ба Душанбе корӣ ва якрӯза буд. Дар доираи он вай бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва вазири дифоъ Шералӣ Мирзо дидору гуфтугӯ кард ва бо вазъи нирӯҳои мусаллаҳи Русия дар пойгоҳи 201-ум аз наздик ошно гашт. Вай ҳамкориҳои низомии Душанбеву Маскавро "омили муҳими ҳифзи субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ аст".
Орифҷон Нозимӣ, сухангӯи Вазорати дифои Тоҷикистон, рӯзи 28-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳамкориҳои низомии Тоҷикистону Русия "асосан ба омода кардани кадрҳо, таҷрибаомӯзӣ ва баргузориии тамринҳои муштарак дар доираи созмонҳои минтақавӣ" иборат аст.
Русия гуфтааст, дар солҳои охир ба Тоҷикистон ба маблағи даҳҳо миллион доллар ёриҳои низомӣ карда, аз соли 2015 низомиёни пойгоҳи 201-уми Русия аз ҳисоби низомиёни тоҷик 4,500 мутахассисро омода намудаанд.
Манфиати тарафҳо
Коршиносони низомии рус мегӯянд, Маскав дар фосилаи ду соли гузашта – декабри соли 2017 ва феврали соли 2019 – ду дафъа бо ҳадафи навсозии нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ба ин кишвар кумакҳои низомӣ кардааст.
Охири соли 2017 Вазорати дифои Русия гуфт, ба Тоҷикистон "маҳсулоти низомӣ", аз ҷумла, "аслиҳаи сабук ва тӯпхонаҳо, силоҳҳои зиддитонкӣ, чархбол, васоили мухобирот ва зиддиҳавоӣ ва таҷҳизоти мухталифи дигари низомию тиббӣ" тақдим кард.
Он замон Вазорати дифои Тоҷикистон гуфт, дар маросими вижае дар Ваҳдат "Русия ба Тоҷикистон силоҳҳои оташфишон ва артиллерӣ, тӯп, чархболҳои МИ-8 ва МИ-24, танку зиреҳпӯшҳо, васоили мухобирот ва техникаи муфодиаи зидди ҳавоӣ ё ПВО дод".
Владимир Мухин, хабарнигори низомӣ дар нашрияи “Независимая газета”, аз номи Русия мегӯяд, "мо ба ҳузури низомӣ (дар Тоҷикистон) манфиатдор ҳастем ва Тоҷикистон ҳам ба навсозии нерӯи ҳарбиаш манфитадор аст. Ба ҳамин хотир ҳам, Раҳмон вокуниши мусбат дорад ва пойгоҳи мо ҳам то соли 2042 дар он ҷо хоҳад монд. Аз эҳтимол дур нест, ки тамдид ҳам шавад."
Вале Александр Храмчихин, муовини раиси Пажӯҳишгоҳи мутолеоти низомиву сиёсӣ дар Маскав рӯзи 28-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, иттилое, ки дар ин замина ба матбуот роҳ меёбад, бештар хосияти таблиғотӣ дорад: "Охири соли 2017 як тақдими пур аз таблиғот сурат гирифт, вале дар асл 3 тонк, 3 БТР, 3 БМП доданд. Ман дар бораи таъминоти техникии артиши Тоҷикистон тасаввуроти дуруст надорам, чунки бисёр чизҳое, ки гуфта мешавад, ба ҳақиқат наздик нест."
Ин коршинос мегӯяд, таҷҳизоту муҳимоте, ки дар доираи барномаи модернизатсия дар ихтиёри нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон гузошта мешавад, тавассути пойгоҳи 201-ум дода мешавад ва ин таҷҳизот маъмулан нав нест. Вай гуфт, таҷрибаи маъмул ин аст, ки таҷҳизоти нав бепул тақдим намешавад, чунки арзиши баланд дорад ва барои кор бо он донишу малака зарур аст.
Нақшаи “Икс” ва имкониятҳои маҳдуд
Коршиноси тоҷик Парвиз Муллоҷонов мегӯяд, Русия дар пасманзари таҳримҳои байналмилалӣ дигар он иқтидоре, ки дар гузашта дошт, надорад ва мушкилоти иқтисодиаш дар иҷрои ӯҳдадориҳои давлат дар заминаи модернизатсия ҳам инъикос мешавад. Ӯ гуфт: "Ҳоло имкониятҳои иқтисодии Русия хеле маҳдуд шудааст, бавижа баъд аз соли 2014, замоне ки алайҳи ин кишвар таҳримҳои иқтисодӣ роҳандозӣ шуданд. Бӯҳрони иқтисодии Русия сабаб шудааст, ки дигар ин кишвар имкониятҳои пешинаашро аз даст додааст."
Коршиноси дигари тоҷик сафари вазири дифои Русияро ба таҳдидҳои амниятӣ ва бозтоби ин хатарҳо дар матбуот ва сатҳи мақомоти интизомии ин кишвар рабт медиҳад. Баъди соли 2005 аз назорати марзи Афғонистону Тоҷикистон берун шудани нирӯҳои марзбонии Русия, ба андешаи бархе таҳлилгарон, нақшаи азими бозгашти Русия ба сарҳадҳои “ҷанубии СНГ” ҳеҷ гоҳ аз дурнамои нақшаҳои Кремл берун нашудааст.
Солиёни охир мақомҳои мухталифи низомии ин кишвар аз таҷаммӯи ҳазорҳо ҷангҷӯи Толибону гурӯҳи “Далвати исломӣ” ҳушдор медиҳанд. Вале ба андешаи таҳлилгари тоҷик Абдумалик Қодиров, ин ҳама изҳорот “идомаи сенарияи тарс додан аст”.
Ӯ мегӯяд, "вазифаи Шойгу аз он иборат аст, ки ба мақомоти тоҷик нишон диҳад: дар сурати сар задани низоъ танҳо пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон метавонад наҷотбахши ин кишвар бошад. Ба ин хотир вазири дифои Русия як бори дигар ба Тоҷикистон омадааст, то таъкид кунад, ки Русия дӯсти Тоҷикистон аст ва мо намегузорем сарҳади шумо халалдор шавад."
Бархе аз таҳлилгарони наздик ба ҳукумати Тоҷикистон ҳам тавоноиву зарфияти нирӯҳои мусаллаҳи ин кишвар ва ба вижа марзбонҳоро дар амри муқобила бо таҳдидҳои фаромарзӣ мусбат арзёбӣ мекунанд. Як мақоми пешини Маркази пажӯҳишҳои стратегии назди президенти Тоҷикистон гуфт, мавзӯи бозгашти нерӯҳои Русия ба марзи Афғонистон "ҳаргиз баррасӣ нашудааст ва нахоҳад шуд". Ӯ гуфт, "нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ва марзбононаш аз вазифаи ҳимояи марз ба хубӣ мебароянд. Аммо тақвияти зарфияти пойгоҳи 201 Русия дар Тоҷикистон танҳо ба хотири ҳолати “Икс” ва на бештар аз он зарур аст."
Мақомоти Тоҷикистон таҳдидҳои амниятӣ дар марзи Афғонистонро хеле ҷиддӣ ва мавриди нигаронии на танҳо ин кишвар, балки созмонҳои минтақавие ба монанди СПАД ва СҲШ меноманд. Вале боз ҳам аз тавони низомии марзбонони тоҷик изҳори қаноатмандӣ мекунанд. Рӯзи 28-уми май президенти Тоҷикистон дар маросими таҷлил аз 25-умин солгарди таъсиси нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон онҳоро "қодир ба муқовимат бар зидди таҳдидҳои терроризму экстремизм" донист.
Гузаштаи робитаҳо
Баъд аз пошхӯрии Шӯравӣ, Тоҷикистону Русия дар бораи ҳамкориҳои низомӣ тавофуқ карданд, вале давраи ҳамкориҳои фаъоли ду ҷониб баъди солҳои 2000-ум, замони сари қудрат омадани Владимир Путин дар Русия рост омад. Соли 2012 мақоми дивизияи 201-уми Русия дар Тоҷикистон то пойгоҳи низомӣ баланд шуд ва ҳафт ҳазор низомии рус дар гарнизонҳои Душанбеву Бохтар (то ду соли пеш дар Кӯлоб ҳам) мустақар шуданд.
Русия ҳангоми тамдиди мӯҳлати ҳузури пойгоҳи низомиаш дар Тоҷикистон то соли 2042 ба модернизатсия ё навсозии нерӯҳои мусаллаҳ ва тамрини низомиёни тоҷик вазифадор шуд. Имзои ин созишномаро мунтақидон ба унвони вобастагии дарозмуддати сиёсии Тоҷикистон аз Кремл интиқод карданд.
Пажӯҳишгоҳи байналмилалии мутолеоти стратегӣ (IISS), мақараш дар Лондон, соли 2015 дар гузориши солонааш навишта буд, ки артиши Тоҷикистон ҳамагӣ 30 тонки Т-72, 7 тонки Т-62, 23 БТР, 23 тӯп, 1 ҳавопаймои ТУ-134, 4 ҳавопаймои Л-39, чанд ЯК-52, 4 чархболи МИ-24 ва 11 чархболи МИ-8 доштааст, ки аксар сохти замони Шӯравӣ буда, хеле кӯҳнаву фарсуда шудаанд.
Дар муқоиса бо кишварҳои ҳамсояи мисли Узбекистон, ин нишондод ду-се баробар камтар будааст. Ин гузориш гуфтааст, ки шумори нирӯҳои низомиву ниманизомии Тоҷикистон беш аз 16 ҳазор ва ҷамъи хароҷоти низомиаш 946 миллион сомонӣ будааст.