Русия Мирзоевро озод кард, вале ӯ дар Душанбе "пайдо" шудааст

Комёр Мирзоев, акс аз Фейсбук

Додситонии ноҳияи Лефортовои шаҳри Маскав рӯзи 7-уми сентябр қарори раҳоии Комёр Мирзоев, блогери зодаи Бадахшонро содир кард, вале бо ин вуҷуд, ба гуфтаи манобеи Радиои Озодӣ, ӯ ба Тоҷикистон бурда шудааст.

Шеваи то Тоҷикистон бурдани Мирзоев маълум нест. Пайвандонаш иддао доранд, ки пас аз раҳоӣ мақомоти амниятии тоҷик ӯро аз Русия рабудаанд. Мақомот ҳанӯз дар ин бора чизе нагуфтаанд.

Комёр Мирзоев бегоҳи 5-уми сентябр дар Маскав боздошт шуда буд.

Дар қарори Додситонии ноҳияи Лефортовои Маскав, ки нусхаи он ба дасти Радиои Озодӣ расид, гуфта шудааст, Комёр Мирзоев аз ҷониби ШВКД-и шаҳри Хоруғ бо иттиҳоми “ташкил ва иштирок дар гурӯҳҳои ҷиноятӣ” (моддаи 187, қисми 2) ҷустуҷӯ мешавад. Дар қарори додситонӣ гуфта шудааст, ки Тоҷикистон дар робита ба ин иттиҳом далеле пешниҳод накард, аз ин рӯ, Мирзоев озод шудааст.

Нусхаи қарори Додситонии ноҳияи Лефортовои Маскав

Наздикони Комёр Мирзоев гуфтанд, ки ӯ бо роҳҳои номаълум ба Тоҷикистон бурда шудааст ва ҳоло дар яке аз боздоштгоҳҳои Душанбе аст. Як манбаи Радиои Озодӣ дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон низ тасдиқ кард, ки "ӯ боздошт шудааст", вале ҷузъиёти бештар надод.

Рустами Ҷонӣ, рӯзноманигоре, ки масоили Бадахшонро пайгирӣ мекунад, рӯзи 10-уми сентябр дар саҳифаи фейсбукиаш навишт, ки Комёр Мирзоев дар боздоштгоҳи УБОП (Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи ВКД) аст.

Комёр Мирзоев бештар мушкилоти мардуми Бадахшонро дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар миён мегузошт. Гузориши ӯ дар бораи вазъи шифохонаи Бадахшон дар аҳди пандемия сару садои зиёдеро бапо кард ва сабаби ёрии даҳҳо нафар аз хориҷ шуд.

Тибқи иттилои пойгоҳи Pamir Daily News, дар бештар аз ним соли охир зиёда аз 20 зодаи Бадахшон дар ҳудуди Русия дастгир ва баъзе аз онҳо ба Тоҷикистон бурда ва муҳокима шудаанд.

Амриддин Аловатшоев, яке аз афроди бонуфуз дар миёни ҷавонони Бадахшон, моҳи январи имсол дар Русия нопадид шуд. Наздиконаш се ҳафта талош карданд, дар бораи ӯ хатту хабаре ёбанд, вале бенатиҷа буд. Танҳо дар аввали моҳи феврал мақомоти расмӣ дар Тоҷикистон эътироф карданд, ки Аловатшоев дар як боздоштгоҳи шаҳри Душанбе аст ва сипас ба 18 сол зиндон маҳкум карданд.

Ораз ва Рамзӣ Вазирбековҳо дар охири моҳи июли имсол дар Русия нопадид ва дертар дар Тоҷикистон аз худ дарак доданд. Онҳо дар наворе, ки маълум нест, дар чӣ шароит сабт шудааст, гуфтанд, ихтиёрӣ баргаштанд, аммо наздиконашон мегӯянд, саҳнасозӣ аст.

Мақсуд Ғаёсов, як фаъоли маданӣ ва блогери муқими Бадахшон, ки беш аз ним сол дар шаҳри Маскав зиндагӣ мекард, рӯзи 17 август дар хонааш боздошт шудааст.

Мамадбек Атобеков, фаъоли маданӣ аз ноҳияи Мурғоби Бадахшон, рӯзи 1-уми сентябр дар хонааш дар Маскав дастгир шудааст.

Мақомоти Русия дар ин бора шарҳе намедиҳанд. Ҷониби Тоҷикистон пайдо шудани баъзе аз зодагони Бадахшонро дар кишвар бозгашти ихтиёрӣ номидаанд. Чизе, ки наздиконашон батакрор рад мекунанд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Боздошти Комёр Мирзоев, блогери зодаи Хоруғ, дар РусияВазирбековҳо "Бадяга" ва "Фуратсилин" хостаанд. Наздикон аз шиканҷа мегӯянд. ВИДЕООдамрабоӣ ҳамчун абзори сиёсӣ барои ҳукуматҳои Русия ва Тоҷикистон? Пайомаде дар пай хоҳад дошт?Ҳамроҳи Вазирбековҳо як нафари дигар низ нопадид шудаастНаздикон навори "бозгашти ихтиёрӣ"-и Ораз ва Рамзиро саҳнасозӣ номидандДу рӯз баъди нопадидшавии мармуз Вазирбековҳо аз Тоҷикистон "дарак доданд"