Наздикони як зодаи Бадахшон, ки дар Русия пас аз боздошт нопадид шуда буд, иддао доранд, ки мақомот ӯро ба Тоҷикистон бурдаанд.
Руслан Пулодбеков, сокини ноҳияи Роштқалъаи вилояти Мӯхтори Кӯҳистони Бадахшон, ки дар Русия муҳоҷири меҳнатӣ буд, охири моҳи июл барои нақзи қоидаҳои муҳоҷират боздошт шуд. Ӯ дар боздоштгоҳе дар Маскав нигаҳдорӣ мешуд.
Наздиконаш ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ӯро аз рӯзи 29-уми июл дигар дар боздоштгоҳ пайдо накарданд. Онҳо ба ин боваранд, ки мақомоти рус Руслан Пулодбековро ҳамроҳ бо Ораз ва Рамзӣ Вазирбековҳо ба Тоҷикистон фиристодаанд. Рӯзи 29-уми июл ин ду фаъоли бадахшонӣ дар Маскав нопадид шуданд ва пас аз як рӯз дар наворе, ки шароити сабташ маълум нест, гуфтанд, бо ихтиёри худ ба Душанбе баргаштаанд, то ба суолҳои мақомот посух диҳанд. Наздикони онҳо ба бозгашти ихтиёрии онҳо бовар надоранд ва наворро саҳнасозии мақомот донистанд.
Пайвандони Руслан Пулодбеков мегӯянд, ӯро мақомоти Тоҷикистон ба хотири наздиктарин дӯсти Амриддин Аловатшоев будан таъқиб мекарданд. Амриддин Аловатшоев, чеҳраи шинохта дар миёни ҷавонони Бадахшон, моҳи январи имсол аз Русия нопадид ва дар Душанбе пайдо шуд. Ӯро охири моҳи апрел бар асоси панҷ банди Кодекси ҷиноӣ ба 18 соли зиндон маҳкум карданд.
Мақомот ҳанӯз дар бораи дӯсти Аловатшоев маълумоте надодаанд ва талошҳои мо барои пайдо кардани назари мақомот натиҷа надод.
Пайвандони Руслан Пулодбеков гуфтанд, ки ӯ мисли як муҳофиз ҳамеша дар канори Аловатшоев буд ва то замони боздошту истирдодаш ба Тоҷикистон ҳамроҳияш мекард. Ба гуфтаи онҳо, Руслан фаъоли иҷтимоӣ набуд ва дар бораи нооромиҳо дар Бадахшон наменавишт. Саҳифаи фейсбукиашро ҳам баста буд.
Пойгоҳи Pamir Daily News, ки хабарҳои Бадахшонро пайгирӣ мекунад, хабар дод, ки дар ним соли охир дастикам 5 зодаи Бадахшон аз Русия ба Тоҷикистон рабуда шудаанд.
Гуфтугӯ