Размандагони курди таҳти ҳимояти Амрико дар Сурия дар яке аз урдугоҳҳое, ки наздикони ҷангҷӯёни ДОИШ зиндагӣ мекунанд, амалиёти фарогиреро оғоз кардаанд. Дар ин урдугоҳ дар ҷанубушарқи Сурия ҳанӯз ҳам даҳҳо зани тоҷик нигаҳ дошта мешаванд.
Ҳадафи амалиёт поксозии “Ал-Ҳол” аз ҳузури гумоштагони ДОИШ будааст, ки ба бовари Нерӯҳои Демократии Сурия қатлу хунрезӣ дар урдугоҳро зиёд кардаанд. Дар урдугоҳ, ки ҷойи иқомати 56 ҳазор нафар аст, ба гуфтаи Созмони Милали Муттаҳид, танҳо ҳамин сол 26 нафар кушта шудаанд.
Низомиёни маҳаллӣ мегӯянд, поксозӣ бояд пештар оғоз меёфт, аммо бинобар эҳтимоли ҳамлаи Туркия ба минтақа ба таъхир уфтод. Алӣ Ҳасан, масъули амнияти дохилӣ, мегӯяд, “азбаски озод кардани ғайринизомиён аз дасти гуруҳҳое, ки дар дохили “Ал-Ҳол” кор мекунанд, масъулияти ахлоқии мост, амалиётро оғоз кардем.”
Дар муддати чаҳор рӯз, ба гуфтаи мақомоти курд, 75 узви гуруҳи террористии “Давлати исломӣ”-ро дастгир ва аслиҳаи зиёде мусодира кардаанд. Чанд нақберо ёфтаанд, ки ҷангҷӯён кандаанд.
Видео дар инҷост:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Эътилофи ба раҳбарии Амрико ба зидди ДОИШ мегӯяд, дар мубориза ба зидди гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ” ба нерӯҳои маҳаллӣ мадад мекунад. Мақомоти курди Воҳидҳои Муҳофизати Мардум мегӯянд, кумакҳо дар воқеъ заруранд.
Сиёманд Алӣ, сухангӯи Воҳидҳои Муҳофизати Мардум, гуфт, “мо дар марҳилаи аввал амалиётро бо эътилофи ҷаҳонӣ ҳамоҳанг кардем. Дар марҳилаи дувум, яъне иҷрои амалиёт ҳам айни корро кардем. Ба воситаи маркази ҳамоҳангсозӣ ва барномарезӣ эътилофи ҷаҳонӣ ба Нерӯҳои Демократии Сурия ва нерӯҳои маҳаллӣ дар анҷоми амалиёт ёрӣ мекунад.”
Поксозии урдугоҳ бахши муҳими мубориза барои маҳви ҷангҷӯёни ДОИШ дар дохил ва хориҷ гуфта мешавад.
Дар паноҳгоҳи “Ал-Ҳол” ва “Рож”-и Сурия садҳо зану кӯдаки тоҷикро нигоҳ медоранд. Онҳо ҳамсару кӯдакони ҷангҷӯёни гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" ҳастанд, ки ба дасти нерӯҳои курд афтодаанд.
Мақомоти Сурия моҳи июли имсол 146 узви хонаводаи ҷангҷӯёни ДОИШ-ро ба Тоҷикистон доданд. Дигарон ҳанӯз онҷо ҳастанд. Баъзе аз занон борҳо аз мақомоти Тоҷикистон хоста буданд, ки онҳоро ба кишвар баргардонанд. Иддае дигар майли бозгаштро надоштаанд.
Пештар Тоҷикистон 89 кӯдакро аз Ироқ бозгардонда буд. Даҳҳо зани тоҷик дар он кишвари Ховари Миёна ба зиндон маҳкум шуданд.