Муҳоҷирони афғон дар Тоҷикистон рӯзи 5-уми сентябр дар номае аз раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон хостаанд, ки "раванди ихроҷи иҷбории паноҳҷӯён"-ро ба Афғонистони зери назари Толибон боздорад. Манобеи муътамади Радиои Озодӣ гуфтанд, дар рӯзҳои охир беш аз 100 муҳоҷири афғонистонӣ маҷбуран аз хоки Тоҷикистон берун карда шудаанд. Мақомоти Тоҷикистон масъаларо шарҳ намедиҳанд ва сабаби чунин маърака маълум нест.
"Иддаи зиёде аз афғонҳо барои онки зинда бимонанд ва битавонанд ояндаи атфолашонро тазмин кунанд, маҷбур ба тарки хонаву кошона ва модару ватанашон шуданд. Рафтанд ба гӯша-гӯшаи ин кураи хокӣ овора шуданд," – омадааст дар номаи муҳоҷирони афғон дар Тоҷикистон. Онро ба хати форсӣ ва забонҳои русиву англисӣ навиштаанд.
Мақомоти Тоҷикистон нагуфтанд, ки оё номаро гирифтанд ё не. Дар ду ҳафтае, ки хабари ихроҷи паноҳҷӯёни афғон аз Тоҷикистон нашру пахш мешавад, ҳеч ниҳоди расмӣ масъаларо шарҳ надодааст. Як намояндаи Вазорати корҳои дохилӣ ду ҳафта қабл танҳо гуфта буд, ки зиёда аз сӣ муҳоҷири афғонро барои риоя накардани қоидаҳои будубош ҷарима бастанд, аммо ихроҷ накарданд.
Муҳоҷирони афғон дар нома ба раиси ҷумҳурии Тоҷикистон гуфтаанд, баъзе аз онҳо мунтазири гирифтани виза ё раводид ба кишвари севум ҳастанд.
"Раванди ихроҷи иҷбории муҳоҷирини афғонро мутаваққиф кунед, то мо битавонем дар фазои ороми Тоҷикистон ба зиндагии рӯзмарра идома дода, худамонро ба кишварҳои сеюми муҳоҷирпазир бирасонем. Атфоли мо, ҷавонони мо аз тарбияву таълиму таҳсилоти олӣ баҳраманд шаванд ва битавонанд фардои шукуфоро барои наслашон рақам бизананд," – гуфтаанд онҳо.
"Рӯзи шанбе 22 нафарро берун карданд"
Як манбаи огоҳ аз қазия рӯзи 5-уми сентябр ба шарти зикр нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, ба ҳисоби онҳо "беш аз 100 муҳоҷири афғонистонӣ дар рӯзҳои охир аз Тоҷикистон ихроҷ шудаанд". Манбаъ афзуд, ин ҳисоби ҳадди ақал аст ва теъдоди воқеии ихроҷшудагон метавонад зиёдтар бошад.
"Фақат рӯзи шанбе 22 нафарро ихроҷ карданд. Мақомот ба мо ягон маълумот намедиҳанд ва намегӯянд, ки сабаби ихроҷи пайиҳами шаҳрвандони Афғонистон чист. Ному насаби ихроҷшудаҳо ва омори умумиро аз мо пинҳон мекунанд," -- афзуд як масъули кор бо паноҳандагони афғонистонӣ.
Кӯшишҳои зиёди мо барои суҳбат бо мақомот бенатиҷа буд. Паноҳандагони афғонистонӣ мегӯянд, онҳоро асосан "маъмурони пулис ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ боздошт карда, ба марз мебаранд ва аз онҷо ба Афғонистон мегузаронанд."
Тибқи иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ дар миёни муҳоҷирони афғонистонӣ як нафарашон корти гурезагии Созмони Милалро доштааст.
Бар асоси қонунҳои байнулмилалӣ ихроҷи чунин афрод ба кишваре, ки ҷонашон дар хатар аст, манъ мебошад. Комиссариати олии Созмони Милал рӯзи 25-уми августи имсол дар баёнияе аз ихроҷи паноҳандагони афғонистонӣ нигаронӣ кард ва аз мақомот хост, ба ин кор поён диҳанд. Мақомот ба ин дархости Созмони Милал то ҳол посух надодаанд.
Зевди ба Женева рафтааст
Тибқи иттилои дарёфтӣ, Мулугета Зевди, раҳбари намояндагии Комиссариати олии Созмони Милал дар умури паноҳандагон (UNHCR) дар Тоҷикистон ба Женева рафтааст. Як масъули намояндагии СММ ба Радиои Озодӣ гуфт, ба эҳтимоли зиёд, ҷаноби Зевди масъалаи ихроҷи паноҳандагони афғонистониро аз Тоҷикистон бо Комиссариати олии ҳуқуқи башари СММ аз наздик дар миён хоҳад гузошт.
Аммо Намояндагии Комиссариати олии Созмони Милал дар умури паноҳандагон (UNHCR) дар Тоҷикистон рӯзи 6-уми сентябр дар номаи расмӣ ба Радиои Озодӣ навишт, ки "ҷаноби Зевдӣ бо Комиссари олии ҳуқуқи башар мулоқот нахоҳад кард."
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Ба 5,5 ҳазор афғонистонӣ дар Тоҷикистон мақоми гуреза намедиҳанд. Чаро?Баъзе аз муҳоҷирони афғонистонӣ мегӯянд, онҳоро аз кӯча ва аз хона кашида ба марз мебаранд. "Тамоми мо, афғонҳо, корти гурезагӣ дорем ва дар Созмони Милал сабт ҳастем. Агар ба Афғонистон баргардем, ҷони мо дар хатар аст, чун кормандони ҳукумати пешин ҳастем," – гуфтааст як муҳоҷири афғонистонӣ ба шабакаи "Афғонистон интернешнл".
Дар Тоҷикистон тақрибан 10 ҳазор шаҳрванди Афғонистон зиндагӣ мекунанд. Аксари онҳо мегӯянд, аз тарси Толибон ба Тоҷикистон фирор кардаанд. Ин гуруҳи тундрав як сол боз дар Афғонистон ҳукумат мекунад ва ба нақзи ҳуқуқи одамон, ба вижа занону духтарон, муттаҳам аст.