Роза Отунбоева нахустин зан, як мусалмон ва ҳам аввалин намояндаи Осиёи Марказӣ шуд, ки дар мақоми бонуфузи сафири СММ дар Афғонистон кор хоҳад кард.
Бо як қарораш Антонио Гутерреш, дабири кулли СММ собиқ президенти Қирғизистон Роза Отунбоеваро ба мақоми намояндаи вижаи СММ дар умури Афғонистон таъин кард.
Дар изҳороти матбуотии СММ рӯзи 2 сентябр омадааст, ки Отунбоеваи 72-сола дар ин мақом Дебора Лайонсро иваз мекунад, ки ҳанӯз миёнаҳои моҳи июн аз ин мақом канор рафт. Дар изҳорот гуфта шудааст, ки ӯ намояндагӣ аз СММ-ро дар шароите ба ӯҳда мегирад, ки ҳуқуқи занону духтарон дар Афғонистон аз замони сари қудрат омадани Толибон дар моҳи августи соли 2021 ба таври ҷиддӣ маҳдуд шудааст.
Отунбоева апрели соли 2010 баъди нооромиҳои хунине, ки президент Қурмонбек Боқиевро маҷбур кард, аз кишвар фирор кунад, ба таври муваққатӣ презиенти Қирғизистон шуд. Соли баъдаш, вақте дар ин кишвар интихоботи нав эълон шуд, Отунбоева дар он ширкат накард.
Ӯ дар мақоми вазири корҳои хориҷӣ кор карда, дар солҳои мухталиф сафири кишвараш дар ИМА, Канада ва Бритониё будааст.
Ҳоло ӯ як узви Шӯрои машварати сатҳи олии СММ буда, Бунёди ташаббусҳои Роза Отунбоеваро ҳам раҳбарӣ мекунад, ки бештар сари тарҳҳои иҷтимоӣ ва кӯмак дар рушди кӯдакон тамаркуз кардааст. Отунбоева аз аввалин сиёсатмадорони Қирғизистон буд, ки дар изҳороте роҷеъ ба даргирии марзии миёни Қирғизистон ва Тоҷикистонро дар апрели соли 2021 "таҷовузи душмани мусаллаҳ" ба хоки кишвараш унвон кард ва ҳамзамон аз мардумаш хост, аз "баҳодиҳии якҷониба" ба воқеа худдорӣ кунанд.
Ифтихори қирғизистониҳо
Хабари таъини Роза Отунбоева ба мақоми дипломати калони СММ оид ба умури Афғонистон дар ҳоле нашр мешавад, ки дар як соли баъди сари қудрат омадани гурӯҳи Толибон дар Афғонистон масъалаи маҳдуд будани ҳуқуқи шаҳрвандон, намояндагони гурӯҳу қавмҳои мухталиф ва бахусус духтарону занон ҳамоно муҳим ва дар мадди аввал боқӣ мемонад. Дар давъатҳои батакрори ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, ташкили ҳукумати фарогири ҳама гурӯҳҳои миллию сиёсӣ як шарти муҳими муколама ва эътирофи ҳукумати Афғонистон номида шудааст.
Ҳарчанд худи Отунбоева дар ин бора ҳанӯз изҳори назар накардааст ва маълум нест, ки оё барномаи корашро дар ин вазифа чӣ гуна мебинад, ҳамватанонаш дар Қирғизистон рӯзи 3 сентябр дар шабакаҳои иҷтимоӣ таъиноти ӯро ба вазифаи баланд “ифтихор барои миллат” номиданд.
Вале бисёр соҳибназарон мегӯянд, масъулияте, ки Отунбоева ба дӯш гирифтааст, на ин ки ба як дипломати зан, балки ба ҳар як мард ҳам осон нахоҳад буд. Далелаш ҳам пеш аз ҳама ҳукумати Толибон дар Афғонистон, ки ҳеҷ як кишвар онро то ҳол ба расмият намешиносад.
Имтиҳон барои Толибон
Таҳлилгари узбекистонии муқими Лондон Алишер Илҳомов гуфт, дар таъиноти Роза Отунбоева «ҳеҷ ҳодисаи ғайримаъмулӣ дида намешавад, ба ҷуз ин ки намояндагони элитаи собиқ шӯравиро ба чунин мақомҳо хеле кам таъин мекунанд». Ба андешаи ин сиёсатшинос, муҳимтар ин аст, ки таъиноти Отунбоева «як имтиҳоне барои Толибон аст», ки дар масоили ҳуқуқи зан мавзеи хеле манфӣ доранд. Ӯ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт:
«Агар онҳо Отунбоеваро ба ҳайси шарике дар муколама оид ба масоили муҳими кишвар напазиранд, дар шароити масдуд будани ҳисобҳояшон дар бонкҳои ғарбӣ ва мушкили дарёфти ёриҳои башардӯстона бо хатари дастикам бе ин ёриҳо монданро доранд. Толибонро дар пеши интихобе қарор доданд, ки муколама бо як занро бипазиранд, ваё бе ёриҳои байналмилалӣ мемонанд». Ба бовари Илҳомов, таъини як зани мусламон ба ин мақом «барои Афғонистон як ҷанбаи тарбиявӣ хоҳад дошт».
Таҳлилгари масоили Осиёи Марказӣ Брюс Панир мегӯяд, Роза Отунбоева дар гузашта дар мақоми намояндаи СММ дар Абхозистон таҷрибаи кор дар минтақаҳои бӯҳрониро дорад ва аз ӯҳдаи вазифаҳои нав ҳам мебарояд. Ба қавли Панир, таъини Отунбоева ба ин вазифаро Толибон бояд чун шарте қабул кунанд, ки агар онро напазируфтанд, пас муколамаи ҷомеаи ҷаҳонӣ бо онҳову ёриҳояш ҳам барои онҳо зери суол меравад.
Таҳлилгари масоили сиёсии минтақаи Осиё ва Ховари Миёна Алиризо Нуризода, ки дар Лондон қарор дорад, дар як сӯҳбаташ бо Радиои Озодӣ рӯзи 3-юми сентябр гуфт, “ин иқдомот хуб аст, вале муассир нест”. Ин коршиноси сиёсӣ мегӯяд, “Толибон ба дунболи ҷоандозии идеологияи хосе ҳастанд. Ин идеология мегӯяд, ки “зан – мулки мард аст”, “василаи ошпазхона аст”. Ба андешаи ӯ, эътирозҳои занону духтарон бо талаби барқарории ҳуқуқашон дар Афғонистон, ки дар давраи Толибон гоҳо дида мешавад, натиҷае нахоҳанд дод ва базудӣ Толибон “ба ҳамон ҳолате, ки 20 соли пеш буданд, бармегарданд”.
Ӯ мегӯяд, шояд ҳам раиси “ҷумҳурии пешини Қирғизистон корҳое анҷом бидиҳад, гузоришҳое бидиҳаду саъй кунад аз Толибон ҳам имтиёзҳое бигирад, аммо дар ниҳоят, ман эътиқод дорам, ин бозии ҷаҳонӣ бояд мутаваққиф шавад”. Нуризода ба ин бовар аст, ки “дар ниҳояти кор ҳадаф эътирофи ҳукумати Толибон аст”, вале вазъи занону духтарон дар ин режим хеле сахту сангин боқӣ мемонад.
"Толибон шартнома ва машваратҳоро намедонанд”
Роза Отунбоева нахустин зан, як мусалмон ва ҳам аввалин намояндаи Осиёи Марказӣ шуд, ки дар мақоми бонуфузи сафири СММ дар Афғонистон кор хоҳад кард. Бархе ҳамсӯҳбатони Радиои Озодӣ мегӯянд, аз назари муваффақияти шахсии ин сиёсатмадори собиқадор дастёбӣ ба чунин мақом як комёбии ҷиддӣ аст. Илова ба ин, чунин мақом “ба обрӯи тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ ва ба вижа бонувони он зам мекунад”, мегӯянд ҳамсӯҳбатони Радиои Озодӣ, вале айни замон таъкид мекунанд, ки дар сурати иҷрои самимонаву мунсифонаи ин рисолат чолишҳои дарпешистода хеле ҷиддӣ мебошанд.
Саъдӣ Юсуфӣ, журналист ва як коршиноси минтақавӣ аз Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: “Аз ин ҷиҳат, ки нахустин зан аз Осиёи Марказӣ ба ин мақом мерасад, хушҳолкунанда аст, аммо муваффақияти ӯ дар ин мақом баҳснок аст. Агарчи ӯ дар муҳити кишвари худу минтақаи худ барозандагӣ нишон дод, аммо Афғонистон комилан фарқ мекунад. Фикр накунам интихоби у дар ҳалли масъалаи Афғонистон коро бошад, аммо ба ҳар ҳол умедвор боқӣ мемонам ва барояш орзуи муваффақият мекунам.”
Як фаъоли ҳуқуқи занон аз Тоҷикистон Марям Давлатова, ки таҷрибаи ҳамкорӣ бо Бунёди занони СММ – UNIFEM-ро дорад, ҳамчунин таъиноти Роза Отунбоеваро “аз диди мақоми зани Шарқи мусулмонӣ хеле муҳим” номид. Ӯ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: “Отунбоева намояндаи кишварест, ки масоили гендерӣ ва ҳуқуқи зан ҳанӯз роҳи ҳалли худро меҷӯяд. Мушкилоти занон барои худаш аз наздик ошност. Аз ин дидгоҳ метавон умед баст, ки масоили занони афғонистониро саҳл намегирад ва диққати ҷиддӣ барои кумак ба онҳо равона мекунад. Дуюм - занест, ки дар сиёсат ҷасорат нишон додааст. Пас ҷуръати кофӣ ҳам дорад.
Вале Толибон шартнома ва машваратҳоро намедонанду намепазиранд. Аз ин рӯ, усулҳои озмудаи Созмони Милал бо онҳо ба кор намеравад». Марям Давлатова ба ин андеша аст, ки Отунбоева ба машварату ҳамкории коршиносони умури Афғонистон аз кишвари мисли Тоҷикистон ниёз хоҳад дошт, чун донишу таҷриба доранд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Роза Отунбоева намояндаи СММ дар Афғонистон таъин шудПешниҳоди бекор кардани имтиёзи ду президенти пешин дар ҚирғизистонОё занҳо дар Осиёи Миёна шонси раҳбарӣ доранд?Отунбоева: "Бо рафтани президент умри сиёсии ӯ ба охир намерасад"Отунбоева: Ман имкон додам, ки Боқиев биравадПрезидентҳои собиқ бекор намемонандҚирғизистон: Отунбоева рафт, Атамбоев омад