Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оё занҳо дар Осиёи Миёна шонси раҳбарӣ доранд?


Дар дунёи муосир торафт фаъолтар шудани занон дар сиёсат ва расидан ба мансабҳои раҳбарӣ ба назар мерасад.

Коршиносон таъкид мекунанд, ки дар кишварҳои Осиёи Марказӣ фаъолшавии намояндагони ҷинси латиф ва шонси онҳо барои соҳиби мансабҳои раҳбарӣ имконпазир аст ва танҳои масъалаи замонист, вале дар айни ҳол тафаккури мардсолоронаи ҳоким монеи ин мешавад.

Аврупо пешсаф аст

Дар миёнаҳои моҳи июл маълум шуд, ки барои нахустин бор, мақоми олии ҳокимияти иҷроияро дар Иттиҳоди Aврупо як зан - Урзуло фан дер Лойен, ки то ин замон курсии вазорати дифои Олмон дар ихтиёраш буд, соҳиб мешавад.

Барои таъйини Урзуло фон дер Лойен 383 вакил раъйи мувофиқ ва 327 нафар раъйи мухолиф доданд. Номзадии ин мақом натиҷаи музокироти тӯлонӣ дар саммити Иттиҳоди Аврупо дар Бруссел ва мубоҳисаҳо дар Порлумони Аврупо буд.

Сарфи назар аз он, ки ин таҷрибаи нахустин аст ва як зан бори аввал ин гуна мақоми баландро дар миёни ниҳодҳои ИА соҳиб мешавад, бо вуҷуди ин, ҳузури занҳо дар мақомҳои раҳбарӣ дар кишварҳои Аврупо як раванди комилан нав нест. Ба ҳамин тартиб, чанде пеш дар мақоми Ситоди Генералии Қувваҳои мусаллаҳи Словения зан генерал-майор Оленко Эрменч таъин шуд, президенти Ҷумҳурии Литва аз соли 2014 зан Даля Грибаускайте ва сарвари давлати Хорватия аз соли 2015 Колиндо Грабар Китарович ва бисёри дигарон зан мебошанд.

Ба ҷуз ин, яке аз таъсиргузортарин сиёсатмадрони Иттиҳоди Аврупо садри аъзами Олмон хонум Ангела Меркел мебошад, ки аз соли 2005 ба ин сӯ ин мақомро дар ихтиёр дорад.

"Осиёи Марказӣ қафо монданӣ нест"

Дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, ҳадди ақал дар сатҳи хонавода, масъалаи ҳузури фаъоли занон дар сиёсат бо шакку тардиди хосе пазируфта мешавад, сарфи назар аз ин ки дар Қирғизистон раҳбарии давлатро зан – Роза Отумбоева соҳиб шуда буд. Баъди анҷоми ваколати ӯ, занҳо тақрибан дар ҳама кишарҳо мақомҳои дувумдараҷаро соҳиб шуданд.

Аммо ба гуфтаи қавмшинос ва мардумшиноси рус Сергей Абашин, ки мутахассиси омӯзиши таърихи кишварҳои минтақа аст, дидгоҳҳои ноумедворона ба нақши занон дар сиёсати кишварҳо асоснок нест. "Ман бо ин назар мувофиқ нестам, ки ҷомеаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ин гуна имконро рад мекунад. Дар фарҳанги осиёӣ ва ё кишварҳое, ки фаротар аз Ғарб қарор доранд, зан ҳамеша нақши мушаххасе, ҳатто агар соҳиби мақоми расмӣ набуд, дошт. Дар баъзе маворид ин нақш дар соя ва пушти мард иҷро мешуд ва зан метавонист ҳамаро идора кунад. Режимҳои кунунӣ метавонанд ин вижагиро ба кадом як мақоми сиёсӣ табдил диҳанд",- мегӯяд Абашин.

Коршинос таъкид мекунад, ки дар сатҳи хонавода, хусусан дар музофот мардсолорӣ пуштибонӣ мешавад, вале дар пойтахтҳои кишварҳои минтақа ин навъи нигоҳҳо комилан ба бӯҳрон расидаанд ва фарҳанги шаҳрӣ, ки болои фарҳанги музофот ҳоким аст, аллакай омодаи ин аст, ки занҳоро барои мақомҳои баланд пешбарӣ кунад.

"Дар боло" ба хотири омор?

Тақрибан дар тамоми кишварҳои минтақа мешавад намояндаҳои ҷинси латифро дар мақомҳои хеле баланд пайдо кард. Дар бархе маворид инҳо метавонанд хешу табори раҳбари давлат ва дар ҳолати дигар ҷонибдорони фаъоли ҳизби ҳоким бошанд.

Миёни маъруфтаринҳо метавон аз Дариға Назарбоева, духтари калони раисҷумҳури нахустини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, ки ҳоло курсии раёсати Маҷлиси сенати Қазоқистонро дар ихтиёр дорад, Озода Раҳмон роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон, ки духтари Эмомалӣ Раҳмон аст, раиси Маҷлиси сенати Узбекистон Танзила Норбоева, ки ин мақомро моҳи июни имсол ба даст овард ва ҳамчунин Ақҷа Нурбердиева, ки то соли 2018 раиси парлумони Туркманистон буд, ном бурд.

Дар маҷмӯъ, мувофиқи омор ҳузури занон дар парлумони Қазоқистон 22%, Қирғизистон 23%, Узбакистон 19,2%, Туркманистон 25,8% ва Тоҷикистон 17,5% аст.

Ба гуфтаи коршиноси масоили гендерӣ аз Қирғизистон Олга Ҷанаева, дар бештари маворид занҳоро ба ҳизбҳо барои пур кардани омор ҷалб мекунанд ва дар маҷмӯъ талош намекунанд, ки онҳоро омӯзиш бидиҳанд ва аз онҳо раҳбарон омода кунанд.

"Қолабҳои гендерии мо то ҳанӯз пурқувватанд. Тавре тадқиқот нишон медиҳанд, дар бештари ҳолатҳо то кунун тафаккури пазириши занҳо ба сифати фарди камсаводе, ки кораш ба хона ва ҳавлӣ маҳдуд аст, ҳоким мебошад. Бо боло рафтани сатҳи диндорӣ, ин амр метавонад ин дидгоҳҳро тақвият бахшад ва худбаҳодиҳии занонро поин биоварад".

"Ислом ҳавасманд намекунад"

Дидгоҳҳои мардсолоронаро нисбат ба занон, асосан ба анъанаҳои исломӣ, ки дар минтақа ҳокиманд, марбут медонанд. Коршинос ва диншиноси тоҷик Рустам Азизӣ ба саволи Радиои Озодӣ дар мавриди ин ки то куҷо Ислом ба раҳбарии занон дар умури давлат мувофиқ аст, посух дод, ки дин усулан мардсолорона аст ва тибқи Қуръону ҳадис зан аз ин имкониат маҳрум карда шудааст.

Ба сифати таъйиди суханони худ Азизӣ ҳадисе аз Имом Бухорӣ меоварад, ки "мардуме, ки онҳоро зан раҳбарӣ мекунад, ҳеҷ гоҳ муваффақ намешаванд". “Илова бар ин, дар ҳадис ба забони арабӣ ҳиссачаи тақвиятдиҳанда "лан” (дар воқеъ ҳеҷ гоҳ) мавҷуд аст, ки ба бетағйир будани вазъ аз рӯйи равиши шариат таъкид мекунад",-шарҳ медиҳад коршинос.

Бо ин вуҷуд, вақте дар мавриди ҳузури занон дар мақомҳои раҳбарии сиёсӣ сухан меравад, намешавад аз намунаи Покистон ёдовар нашуд, ки он ҷо намояндаи қишри ашрофӣ Беназир Бҳутто ду бор сарвазири ин кишвар шуд ва сарфи назар аз иштибоҳоте дар фаъолияташ, муваффақ ба касби эътимоди шумораи зиёди шаҳрвандон шуд.

Ба ҷуз Бҳутто дар кишварҳои мусалмонӣ чунин мақомҳои баландро Шайх Ҳасина Ваҷид, сарвазири пешини Бангладеш, Мегавати Сукуарнопутра президенти панҷуми Индонезия, Тонсу Чиллер, сарвазири собиқи Туркия ва Холида Зиё, нахуствазири пешини Банглодеш сазовор гардидаанд.

"Ислом дар навъи муҳофизакоронаи худ қисме аз дидгоҳҳои мардсолорона аст, ки ба занон нақши дувумдараҷа медиҳад, вале аз диди идеологӣ ва фикрӣ метавонад бисёр гуногун бошад",-мегӯяд профессор Абашин.

"Эътимод ба занон-таъкид мекунад ӯ - метавонад на то замоне, ки ӯ соҳиби мақоме мешавад, балки пас аз он, шакл бигирад. Дар натиҷаи ҳодисаҳои мушаххас, масалан дар Қирғизистон, зан метавонад дар мақоми раҳбари давлат биояд ва онро мешавад комилан дӯст дошт".

Вазъ дар Тоҷикистон

Мувофиқи шохиси ҷаҳонии нобаробарии ҷинсиятӣ (гендерӣ) дар соли 2017 сатҳи баробарӣ миёни зану мард дар Осиёи Марказӣ 71 дарсадро ташкил додааст. Зимнан, вазъ аз ҳама бадтар миёни ҳамаи кишварҳои пасошӯравӣ маҳз дар Тоҷикистон мушоҳида шудааст. Шохис дар заминаи ҷанбаҳое чун баробарии иқтисодӣ, дастрасӣ ба таҳсил, вазъи саломатӣ, дурнамои зиндагӣ кардан ва ҳамчунин нуфузи сиёсӣ таҳия шуда буд.

Миёни 19 аъзои Ҳукумати Тоҷикистон зан танҳо як вазоратро раҳбарӣ мекунад. Сумангул Тағойзода Саид вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ.

Коршиноси масоили гендерии Академияи улуми Тоҷикистон Зулайхо Усмонова дар яке аз мусоҳибаҳои чанде пеши худ бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки мушкили асосии шикофи ҷинсиятии Тоҷикистонро дар сатҳи пасти таҳсилоти занҳои ҷавон, дар муносибатҳои қолабӣ аз сӯйи мардон, ки духтарони худро намегузоранд то маълумоти лозимро соҳиб шаванд, ҳамчунин дар набуди иродаи сиёсӣ барои таъини занон дар мақомҳои раҳбарӣ мебинад.

"Агар духтар бихоҳад ба муваффақият дар бахши муайяне даст ёбад ва талош кунад, дар натиҷа ба он мерасад, вале ин ҷо мафҳуми "сақфи шишаӣ" вуҷуд дорад, ки аз он болотар онҳо наметавонад бираванд. Маҳз маҷмӯи омилҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ чунин саҳфро эҷод мекунанд",-мегӯяд коршинос.

Дар соли 2013 талошҳои ягона зани номзад ба мақоми президентии Тоҷикистон Ойниҳол Бобоназарова барои сабти ном кардани номзадияш бо муваффақият анҷом нашуд. Ӯро, ки он вақт аз ҳизби он замон машрӯи мухолифи Наҳзати исломӣ пешбарӣ шуда буд, ба интихобот ба далели шумораи нококфии имзоҳои ҷонибдоронаш роҳ надоданд.

Зимнан, Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода рӯҳонии маъруфи тоҷик он замон, ҳангоме дар мавриди пешбарии номзадии ӯ изҳор назар мекард, гуфта буд, ки зан дар сурате наметавонад роҳбари давлат бошад, ки агар низоми мудирияти давлат салтанатӣ бошад. Дар сурате, ки тақсими қудрат вуҷуд дорад ва раҳбар ҳокими мутлақ нест, пас роҳбарии зан-президент комилан ҷоиза аст.

Дар Тоҷикистони муосир бархе аз коршиносон ва нозирони умур вақте дар мавриди нуфузи занон бар тасмимҳои сиёсӣ сӯҳбат мекунанд, пеш аз ҳама аз духтари президент Озода Раҳмон ном мебаранд, ки тибқи арзёбиҳои гуногун аз шумули чеҳраҳоест, ки муддаии ба даст овардани курсии президенти ояндаи Тоҷикистон мебошад. Ҳамчунин дар сурати бозтар будани фазои интихобот, эҳтимол дорад, ки дигар номзадҳои зан ҳам пайдо шаванд.

Бо вуҷуди ин, дар Тоҷикистони муосир то кунун занҳои дорои мавқеи фаъоли сиёсиву шаҳрвандие нестанд, ки ошкоро аз дидгоҳҳои худ дифоъ кунанд ва онҳоро ба оммаи занон бирасонанд. Занҳое дорои ҳадафҳои пешоҳангӣ, ба мисли садри аъзами Олмон Ангело Меркел, сарвазири собиқи Бритониё Маргарит Тетчер ва ё раисҷумҳури пешини Қирғизистон Роза Отунбоева, ки дар лаҳзаҳои барои кишварҳояшон душвори таърихӣ, таваккал карда ҷилави мудириятро ба даст худ гирифтанд.

XS
SM
MD
LG