Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роза Отунбоева намояндаи СММ дар Афғонистон таъин шуд


Бо як қарораш Антонио Гутерреш, дабири кулли СММ собиқ президенти Қирғизистон Роза Отунбоеваро ба мақоми намояндаи вижаи СММ дар умури Афғонистон таъин кард.

Дар изҳороти матбуотии СММ рӯзи 2 сентябр омадааст, ки Отунбоеваи 72-сола дар ин мақом Дебора Лайонсро иваз мекунад, ки ҳанӯз миёнаҳои моҳи июн аз ин мақом канор рафт. Дар изҳорот гуфта шудааст, ки ӯ намояндагӣ аз СММ-ро дар шароите ба ӯҳда мегирад, ки ҳуқуқи занону духтарон дар Афғонистон аз замони сари қудрат омадани Толибон дар моҳи августи соли 2021 ба таври ҷиддӣ маҳдуд шудааст.

Отунбоева апрели соли 2010 баъди нооромиҳои хунине, ки президент Қурмонбек Боқиевро маҷбур кард, аз кишвар фирор кунад, ба таври муваққатӣ презиенти Қирғизистон шуд. Соли баъдаш, вақте дар ин кишвар интихоботи нав эълон шуд, Отунбоева дар он ширкат накард.

Ӯ дар мақоми вазири корҳои хориҷӣ кор карда, дар солҳои мухталиф сафири кишвараш дар ИМА, Канада ва Бритониё будааст.

Ҳоло ӯ як узви Шӯрои машварати сатҳи олии СММ буда, Бунёди ташаббусҳои Роза Отунбоеваро ҳам раҳбарӣ мекунад, ки бештар сари тарҳҳои иҷтимоӣ ва кӯмак дар рушди кӯдакон тамаркуз кардааст. Отунбоева аз аввалин сиёсатмадорони Қирғизистон буд, ки дар изҳороте роҷеъ даргирии марзии миёни Қирғизистон ва Тоҷикистонро дар апрели соли 2021 "таҷовузи душмани мусаллаҳ" ба хоки кишвараш унвон кард ва ҳамзамон аз мардумаш хост, аз "баҳодиҳии якҷониба" ба воқеа худдорӣ кунанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG