Мамадбек Атобеков. Боздошти фаъоли бадахшонӣ дар Русия

Мамадбек Атобеков

Мамадбек Атобеков, фаъоли маданӣ аз ноҳияи Мурғоби Бадахшон, рӯзи 1-уми сентябр дар хонааш дар Маскав дастгир шудааст. Наздиконаш иддао доранд, ки "маъмурони интизомии Русия ҳамроҳи ду намояндаи Тоҷикистон омада буданд" ва аз эҳтимоли истирдодаш ба Душанбе нигаронанд. Мақомоти Русия ва Тоҷикистон иттилое намедиҳанд.

Чанде аз афроди наздик ба Атобеков рӯзи 2-юми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ҳамроҳи ӯ Мансур Дилдорбеков, зодаи дигари Бадахшон, низ дастгир, аммо пас аз чанд соат раҳо шуд.

Тақдири Мамадбек Атобеков то ҳанӯз норӯшан аст. Пайвандонаш намедонанд, ӯро дар кадом боздоштгоҳ нигоҳ медоранд.

Дар ду ҳафтаи охир ин фаъоли дувуми бадахшонӣ аст, ки дар пойтахти Русия дастгир шудааст. Мақсуд Ғаёсов, фаъоли маданӣ ва блогери зодаи Бадахшон, ки беш аз ним сол боз дар Маскав мезист, рӯзи 17-уми август дар хонааш боздошт шуд.

Тибқи иттилои пойгоҳи Pamir Daily News дар ним соли охир зиёда аз 20 бадахшонии муқими Маскав дастгир ва ё пинҳонӣ ба Тоҷикистон оварда шудаанд. Мақомот ҳамвора мегӯянд, ин афрод бо хоҳиши худ ба ватан баргаштанд.

Фаъолони ҳуқуқи башар се сол пеш гуфта буданд, ки аз соли 2005 то 2018 дар хориҷа, бахусус Русия, 15 шаҳрванди Тоҷикистон рабудаву боздошт ва ё нопадид шудаанд. Аксари ин ҳодисаҳоро дорои ангезаҳои сиёсӣ номида, ба нигоҳи танқидии ин афрод нисбат ба ҳукумати Тоҷикистон рабт медиҳанд.

Мақомоти Тоҷикистон пас аз нооромиҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар моҳи ноябри соли 2021 ва моҳи майи имсол даҳҳо фаъоли маданӣ ва тазоҳургаронро дастгир карданд. Танишҳо дар Бадахшон моҳи ноябри соли гузашта ва баъди он авҷ гирифт, ки дар натиҷаи амалиёти нерӯҳои амниятӣ Гулбиддин Зиёбеков, як сокини Роштқалъа, кушта шуд.

Дар ҷараёни тазоҳуроте, ки баъди он бархост, ду нафари дигар ба ҳалокат расиданд ва 17 нафар ҷароҳат бардоштанд. Тазоҳуроти рӯзи 16-уми майи имсол дар Хоруғ низ бо талаби ҷазо додани онҳое бархост, ки ба гуфтаи сокинон Зиёбековро бегуноҳ куштанд.

Созмонҳои байнулмилалӣ ва кишварҳои ғарбӣ аз саркӯби фаъолони маданӣ ва тазоҳургарон изҳори нигаронӣ карда, аз мақомоти Тоҷикистон хостаанд, ба ҳуқуқу озодиҳои бунёдии мардуми Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон эҳтиром бигузоранд. Дархосте, ки то ҳоло акси садое надоштааст.