Яке аз гузоришгарони баландпояи Созмони Милал аз боз кардани парванда ба зидди фаъолони маданӣ ва ҳомиёни ҳуқуқи бадахшонӣ дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кардааст.
Мери Лавлор, гузоришгари хоси Созмони Милал барои ҳомиёни ҳуқуқи инсон рӯзи 19-уми август дар саҳифааш дар Твиттер навиштааст: “Ман аз таҳқиқи амалҳои ҳомиёни ҳуқуқи инсон, хонум Мамадшоева, ҷаноби Холиқназаров, Иргашов ва ҷаноби Мамадшоев, ки бино ба гузоришҳо бинобар ҳимояташон аз ақаллиятҳои помирӣ ба солҳои тӯлонии зиндон рӯ ба рӯ шудаанд, нигарон ҳастам.” Хонум Лавлор дар ин навиштаи худ, саҳифаи вазорати умури хориҷии Тоҷикистонро пайванд додааст.
Улфатхоним Мамадшоева, рӯзноманигор ва фаъоли мадании бадахшонӣ, Манучеҳр Холиқназаров, мудири Анҷумани ҳуқуқшиносони Помир, Фаромуз Иргашов, Хурсанд Мамадшоева аъзои "Комиссияи 44" баъди нооромиҳои моҳи май дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дастгир шуданд. Мақомот онҳоро ба барангехтани тазоҳуроту нооромиҳо дар Рушон муттаҳам мекунанд, ки дар натиҷаи он ба гуфтаи мақомот 16 нафар кушта шуд.
Ҳомиёни ҳуқуқ ва худи ин афрод гуфтаанд, ки ҳеч гуноҳе надоранд ва барои ҳимоят аз ҳуқуқи мардуми вилоят садо баланд кардаанд. Вазъият дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон моҳи майи имсол печида шуд. Дар ҷараёни амалиёти мақомот дар Хоруғу Рӯшон даҳҳо нафар кушта, беш аз 200 нафар дастгир ва чанде аз онҳо аз 11 то 18-солӣ зиндонӣ шуданд.
Гуфтугӯ