Комиссариати олии ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид рӯзи 31-уми август дар гузорише эълон кард, ки ҳукумати Чин дар ҷараёни иқдомҳои худ алайҳи мусалмонони ӯйғур ва ақаллиятҳои дигари қавмӣ дар Шинҷон, эҳтимол даст ба "ҷиноятҳо алайҳи башарият" зада бошад.
Мишел Бачелет, комиссари олии ҳуқуқи башари СММ, гуфтааст, бо таваҷҷуҳ ба зиёд будани мавридҳои боздошти худсарона ва табъизомези ӯйғурҳо ва гурӯҳҳои дигари мусалмон, ин амалҳои Чин "мумкин аст, ба ҳадди ҷиноятҳои байнулмилалӣ ва ба вижа ҷиноят алайҳи башарият бошад".
Ин гузориш чанд дақиқа пеш аз поёни давраи раҳбарии чаҳорсолаи Мишел Бачелет дар мақоми комиссари олии ҳуқуқи башари СММ нашр шуд. Хонум Мишел Бачелет пештар ваъда дода буд, ки пеш аз поёни кори худ ин гузоришро нашр хоҳад кард.
Ин гузориш дар "арзёбии умумӣ"-и худ таъкид кардааст, ки ҳукумати Чин дар чорчӯби "корбурди стратегияҳои зидди терроризм ва мубориза бо ифротгароӣ" дар минтақаи Шинҷон муртакиби "нақзи ҷиддии ҳуқуқи башар" шудааст.
Ҳукумати Чин, ки пештар бо нашри ин гузориш мухолифат карда буд, дар вокуниш посухе дар 131 саҳифа нашр кардааст.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Шикоят ба Додгоҳи Гаага: "Тоҷикистон дар саркӯби уйғурҳо ба Чин кумак мекунад"Ҳукумати Чин ҳама иттиҳомотро дар бораи суистифода аз ӯйғурҳо ва ақаллияти дигари мусалмон дар Шинҷон рад карда, мегӯяд, гузориши Комиссариати ҳуқуқи башари СММ бар пояи "маълумоти нодуруст ва дурӯғҳои нерӯҳои зиддичинӣ" таҳия шудааст.
Комиссариати олии ҳуқуқи башари СММ санаду ҳуҷҷат ва ҳамчунин мусоҳиба бо 40 намояндаи қавмии ӯйғур, қазоқ ва қирғизро ҷамъоварӣ кардааст. Бисту шаш нафар аз мусоҳибон дар гузориш гуфтаанд, ки ё бозҷӯӣ шудаанд ва ё дар марказҳои иҷборӣ дар Шинҷон кор кардаанд.
Ин гузориши СММ ҳукумати Чинро ба "маҳдудиятҳои густурда ва худсарона муттаҳам кардааст, ки мухолифи меъёрҳои байнулмилалӣ мебошанд"
Бар асоси гузориши ниҳодҳои байнулмилалӣ ва ҳукуматҳои ғарбӣ, Чин беш аз як миллион мусалмони ӯйғурро, ки дар минтақаи Шинҷон ба сар мебаранд, дар урдугоҳҳои иҷборӣ нигоҳ медорад ва дар талош барои "наслкушӣ"-и сокинони ин минтақа аст.
Аз сӯи дигар, гузоришҳое низ аз "ақим" ё "безурёт" кардани занон, шиканҷа ва шустушӯи мағзии боздоштшудаҳо, ҳамчунин, истифодаи онҳо ба унвони нерӯи кори арзон дар ин минтақа, нашр шудааст.
Чин гузоришҳоро дар бораи урдугоҳ ё боздоштгоҳҳои маҷбурӣ рад карда, онҳоро "марказҳои бозомӯзӣ" барои мубориза бо "ифротгароӣ" меномад ва иддао мекунад, ки бо афрод дар ин марказҳо бадрафторӣ намешавад.