Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бархӯрди Чинро бо мусулмонҳо "ҷиноят алайҳи башарият" хонданд


Марде дар роҳ ба намози Иди Фитр дар шаҳри Қошғар, Шинҷон. Соли 2017
Марде дар роҳ ба намози Иди Фитр дар шаҳри Қошғар, Шинҷон. Соли 2017

Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) дар як гузориш гуфт, ки муомилаи ҳукумати коммунистии Чин нисбат ба уйғурҳову мардуми дигари мусалмон дар вилояти Шинҷон "ҷиноят алайҳи башарият аст".

"Нажоди онҳоро бишкан, решаҳои онҳоро бикан”

Гузориш рӯзи 19-уми апрел нашр шуд. Дар он омадааст, "дар миёни қонуншиканиҳои дигар, раҳбарияти Чин барои роҳандозии ҳабси дастҷамъӣ, шиканҷа ва таъқиби фарҳангӣ масъулият дорад". Созмони HRW аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хостааст, шахсони масъулро дар татбиқи ин сиёсат таҳрим карда, ба ҷавобгарӣ кашанд ва фишор оваранд, то ҳукумати Чин сиёсаташро тағйир диҳад.

Торафт рӯшан мешавад, ки сиёсат ва амалҳои ҳукумати Чин ба зидди мусулмонон дар Шинҷон ба меъёрҳои ҷиноят алайҳи инсоният мутобиқ буда, бояд бар асоси қонунҳои байналмилалии ҷиноӣ баррасӣ шавад.
Бет Ван Шаак

Амрико қаблан дар мавриди тарзи бархӯрди Чин бо уйғурҳо аз калимаи "генотсид" ё наслкушӣ истифода кардааст.

Чин наслкушии уйғурҳоро рад карда, масоили Шинҷонро “умури дохилӣ” номидааст ва ҳамвора иттиҳоми азияти мардуми ин вилоятро инкор мекунад. Пекин иддао дорад, ки қароргоҳҳои сохташуда дар минтақа тарбиявӣ буда, барои мубориза бо ифротгароии исломӣ пешбинӣ шудааст.

Гузориши нави Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар "Нажоди онҳоро бишкан, решаҳои онҳоро бикан: ҷинояти Чин алайҳи инсоният" ном дорад. Дар гузориш санадҳо аз қонуншиканиҳои зиёде ба монанди боздоштҳои худсарона, шиканҷа, нопадидшавӣ, бозгардони маҷбурӣ ба Чин, меҳнати маҷбурӣ ва хушунати ҷинсӣ хулоса шудаанд.

Аз латукӯб то таҷовузу гуруснагӣ

Дар гузориш омадааст, ҳангоми шиканҷа муфаттишон аз курсиҳои махсус (“курсиҳои бабр”) истифода карда, одамонро ба барқ пайваст мекунанд. Онҳо, инчунин, аз навъҳои дигари хушунатомези бозпурсӣ – латукӯб, муддати дароз танҳо нигоҳ доштан дар утоқ, таҷовуз ва маҳрумӣ аз ғизову об – истифода мекунанд.

Гузориши HRW дар ҳамкорӣ бо Stanford Law School’s Human Rights & Conflict Resolution Clinic таҳия шудааст. Муаллифон гуфтаанд, ин "озор як ҳамлаи фарогир ва доимӣ алайҳи аҳолӣ" мебошад.

Мақомоти Чин мегӯянд, ки ин ҷо маркази бозтарбия аст
Мақомоти Чин мегӯянд, ки ин ҷо маркази бозтарбия аст

Софи Ричардсон, раиси дафтари HRW дар Ню-Йорк, мегӯяд, “мақомоти Чин мусулмонҳои турктабор, ҳаёт, дин ва фарҳанги онҳоро ба таври доимӣ таъқиб мекунанд."

Ӯ афзуд: “Пекин гуфтааст, “омӯзишҳои касбӣ” ва фаъолиятҳои “зидди ифротишавӣ” барпо мекунад, вале ин ҳама ҳарфҳо наметавонад воқеияти торики ҷиноят алайҳи инсониятро пинҳон кунад”.

Ин гузориш шуморе аз амалҳоеро ҳам ном бурдааст, ки ҳамчун “саркӯби фарҳангӣ” ном мебаранд. Инҳо:

  • бастани масҷидҳо ва муассисаҳои дигари муҳими фарҳангию динӣ,
  • берун аз хоҳиш дар организми занҳои мусулмон ҷой кардани васоили қатъи ҳамл,
  • мағзшӯии маҷбурӣ дар дохилу берун аз қароргоҳҳо мебошанд.

Хостори таъсиси як ниҳоди вижа шуданд

Дар гузориш омадааст, солҳои охир сатҳи саркӯбу фишори болои мусулмонон “ба сатҳи бесобиқа” баланд шудааст ва “кори маҷбурӣ, назорат аз паси одамон, ҷудо кардан аз фарзандон ва оила ва боздоштҳои дастаҷамъиву маҳдудият дар иҷрои рукнҳои исломӣ” аз намунаҳои ин сиёсат мебошанд.

Шинҷон, Чин
Шинҷон, Чин

Бет Ван Шаак аз Stanford Center for Human Rights & International Justice мегӯяд, “торафт рӯшан мешавад, ки сиёсат ва амалҳои ҳукумати Чин ба зидди мусулмонон дар Шинҷон ба меъёрҳои ҷиноят алайҳи инсоният мутобиқ буда, бояд бар асоси қонунҳои байналмилалии ҷиноӣ баррасӣ шавад”. Шаак гуфт, барои муқобила бо ин сиёсат иқдомҳои қавиву ҳамоҳангшудаи ҷомеаи байналмилалӣ зарур аст.

Муаллифони гузориш аз Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид тақозо карданд, ки барои таҳқиқи ин ҳама иттиҳомҳо як ниҳоди вижа таъсис диҳанд, то ҷиноят алайҳи инсоният ошкор шавад ва мақомоти масъули ин қонуншиканиҳо маълум ва ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

Дар гузориш машварат додаанд, барои ҷиноят алайҳи мардуми Шинҷон нисбат ба онҳо таҳрими сафар ва дигар навъҳои таҳрим ва ҳам маҳдудиятҳои тиҷорат бо Чин ҷорӣ карда шавад.

XS
SM
MD
LG