Як рӯзи кори занбӯрпарварони Байтулмуқаддаси Шарқӣ. ВИДЕО

Акс аз бойгонӣ

Бештар аз чаҳоряки занони фаластинӣ дар Байтулмуқаддаси Шарқӣ бекор ҳастанд.

Сабабҳои бекориашон ҳам зиёд аст. Яке - анъанаҳои қадимӣ, ки зан бояд дар хона бошаду фарзанд бузург кунад ва дигарӣ- имконоти ками таҳсил дар қисмати фаластинии Байтулмуқаддаси Шарқӣ аст, ки Исроил онро ишғол кардааст. Айни замон теъдоди бисёр зиёди занони фаластинӣ забони яҳудиро намедонанд ва барои ҳамин ҷойи кор намеёбанд. Ҳоло созмонҳо дар инҷо бо иҷрои тарҳе барои занони фаластинӣ занбӯрпарвариро ёд медиҳанд, то кору даромаде дошта бошанд.

Нур Афғонӣ, қуттиҳои занбӯри асалро се моҳ пеш ва пас аз хатми давраи занбӯрпарварӣ гирифт, ки онро созмони фаластинии Синсила дар Байтулмуқаддаси Шарқӣ амалӣ фароҳам мекунад. Умедвор аст, ба зудӣ аввалин бор асал, яъне ҳосили корашро мегирад. Нур Афғонӣ мегӯяд:

“Нигаҳ доштани занбӯри асал дар хона, дар болои боми худ як кори ғайриоддӣ аст. Мисли ғамхорӣ дар ҳаққи табиат аст. Занбӯрҳо мисли оилаи ман, мисли дӯст ҳастанд. Ман нигоҳубини онҳо, ғамхорӣ дар ҳаққи онҳоро ёд гирифтам. Мисли ҷонвари хонагии ман ҳастанд”, мегӯяд ӯ.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Ба занони фаластинӣ роҳи нави даромадро меомӯзанд

Муаллифи тарҳи занбӯрпарварӣ Тариқ Нассор, мудири созмони Синсила аст ва ҳадафаш таъмини худкифоӣ дар байни фаластиниён мебошад. Ӯ мегӯяд, “Мо саъй дорем, вазъро дар Байтулмуқаддаси Шарқӣ тағйир диҳем. Талош дорем, аз роҳи занбӯрпарварӣ асал ва пул тавонмандии занонро боло барем. Натиҷаи дигари кор бомҳои сабзи онҳост”.

Нассор мегӯяд, то охири сол Синсила то ба 500 зани фаластинӣ дар Байтулмуқаддаси шарқӣ занбӯрпарварӣ меомӯзад, ки онҷо 80 дар сади занон бекоранд. Занон ҳамроҳ кор мекунанд ва асалҳояшонро якҷо мефурӯшанд. Чаҳоряки пул ба ҳисоби Синсила меравад. Барои иддае занҳо занбӯрпарварӣ нахустин кору нахустин манбаи даромад шудааст. Барои як гуруҳ ҷаҳони нав.

Фаттона Ал Аюб, зани фаластинӣ мегӯяд, баробар бо ҳаёти занбӯрҳо бисёо чизи наверо меомӯзад: “Чӣ гуна зиндагӣ мекунанд, шаҳд ҷамъ меоранду асал мекунанд. Барои ман, ки ҳеч чиз намедонистам, мисли кашфи дунёи нав буд”.

Ба занони занбӯрпарвар ёд додаанд, ки ҳангоми кор дар назди лонаҳои занбӯр орому оҳиста ҳаракат кунанд, то онҳоро озор надиҳанд. Маҳорате, ки барои зиндагӣ дар Байтулмуқаддас лозим аст. Дар ҷое, ки муносибат байни яҳудиёни Исроилу Арабҳои фаластинӣ содда нест.

Масъулони Синсила умедворанд, тарҳи занбӯрпарварӣ мардуми зиёдтарро ба гузоштани лонаҳои занбӯр дар боғу бомҳояшон дар шаҳр ташвиқ мекунад ва ё ҳатто дар пешгирӣ аз нобудии занбӯр дар замин мусоидат менамояд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Нерӯҳои Исроил ҳамлаҳо ба Ғаззаро зиёдтар кардаандУмедвории фаластиниҳову Лигаи кишварҳои Араб ба музокироти нав бо маъмурияти Байден  Ишқи духтари яҳудӣДастовардҳои яҳудиёни бухороӣ дар ИсроилХай Давидов. "Ханда-ханда" аз Исроил ба Тоҷикистон ҳам меояд?ВИДЕО