Мақомоти Фаластин ва Лигаи кишварҳои Араб гуфтанд, ки умедвор ҳастанд маъмурияти нави ИМА дар амри бунёди давлати мустақили Фаластин нақши “мусбат” бозӣ хоҳад кард. Президенти Фаластин Маҳмуд Аббос ва раҳбари Лигаи кишварҳои Араб Аҳмад Абулғайт рӯзи 29 ноябр дар Қоҳира, пойтахти Миср мулоқот карда, аз ҷумла, натиҷаҳои интихоботи раёсатҷумҳурии ИМА-ро баррасӣ карданд. Интихоботи 3 ноябр зоҳиран бо пирӯзии Ҷо Байден бар президенти амалкунанда Доналд Трамп анҷомид. Мақомот гуфтанд, ки шоҳи Урдун Абдуллоҳ бо Аббос мулоқот кард ва изҳори умедворӣ намуд, ки Байден ба хотири дастёбӣ ба идеяи ҳамзистии ду кишвар дар паҳлӯи ҳам ва хатми низои тӯлонии Арабу Исроил музокироти сулҳро аз сар хоҳад гирифт. Дар изҳороти қасри Урдун омадааст, ки “Ҷаноби олӣ ба мавқеи Урдун таъкид карданд, ки ин кишвар бо тамоми тавонмандиаш дар пушти фаластиниҳо дар амри дастёбии онҳо ба ҳақи таъсиси давлати мустақил истодааст”.
Байден ҳафтаи гузашта бо Абдуллоҳ сӯҳбате дошт ва ба шоҳи Урдун гуфт, ки умедвор аст дар амри пуштибонӣ аз идеяи бунёди ду давлат ва аз ҳамин роҳ хотима ёфтани низои Арабу Исроил ҳамкорӣ хоҳад кард.
Маҳмуд Аббос се сол пеш бо интиқоди ин ки маъмурияти ИМА аз мавқеи рӯ ба Исроил кор мегирад, робитаҳояш бо Вашингтонро қатъ кард. Президент Доналд Трамп аз сиёсати даҳсолаҳо пеш танзимшуда дар заминаи эҷоди ду давлати мустақил ҳамчун формулаи ҳалли ҳамзистии сулҳомези фаластиниҳову исроилиҳо даст кашид. Ӯ инчунин Байтулмуқаддас, аз ҷумла қисматҳои шарқии онро ҳамчун “қисматҳои ҷудонашавандаи пойтахти” Исроил эътироф кард ва сафорати ИМА-ро ба он шаҳр кӯч дод. Ин ҳодиса боиси ранҷидани фаластиниҳо шуд, чун онҳо Шарқи Байтулмуқаддасро ҳамчун пойтахти ояндаи кишвари худ арзёбӣ мекунанд.