Ҷамолиддин Нуралиев, домоди 45-солаи раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки аввали моҳи июн аз мақоми муовини аввали раиси Бонки Миллӣ барканор карда шуд, ба зудӣ вазифаи нав хоҳад гирифт. Дар ин бора як манбаи наздик ба ҳукумати Тоҷикистон хабар дод ва афзуд, барканории Нуралиев ба як моҷарои дохилӣ дар оилаи Эмомалӣ Раҳмон рабт дошта, мансаби нав гирифтани Нуралиев ба шеваи ҳалли ин баҳс бастагӣ хоҳад дошт.
Ба гуфтаи манбаъ, ки рӯзи 20-уми август ба шарти зикр нашудани номаш бо Радиои Озодӣ суҳбат мекард, бархе аз аъзои Оила пешниҳод кардаанд, ки кумитаҳои андоз ва гумруки Тоҷикистон як карда шуда, яке аз наздикони Оила раҳбари ин ниҳоди давлатӣ таъйин гардад. Ҷамолиддин Нуралиев бо ишора ба ҷудо ва дур аз ҳам будани вазифаҳои ин ду кумита шадидан зидди чунин ислоҳот баромадааст. Ҳамзамон аз эҳтимол дур нест, ки мухолифати ӯ ба номзадии эҳтимолии яке аз домодҳои дигари Эмомалӣ Раҳмон ба ин мақом будааст, ки “таносуби қувваҳо”-ро дар дохили Оила ба куллӣ иваз хоҳад кард.
Як шахси дигари наздик ба Оила низ бо шарти нагуфтани номаш дар мақола ба Радиои Озодӣ гуфт, “ҷанҷол калон аст ва ҳаллашро наёфта истодаанд”. Маълум нест, дар ин кашокаш президент Эмомалӣ Раҳмон тарафдори кадом ақида аст, аммо барканор шудани Ҷамолиддин Нуралиев аз мақоми баланд дар Бонки Миллӣ нишон медиҳад, ки ташаббускорони ислоҳот ба калони хонавода таъсири зиёд доранд.
Ҳарчанд ҳамсари Ҷамолиддин Нуралиев Озода Раҳмон сардори дастгоҳи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон аст ва масъалаҳои кадриро бештар ин дастгоҳ ҳал мекунад, ҷомеаи Тоҷикистон шоҳиди густариши бесобиқаи қудрати Рустами Эмомалӣ, писари раисиҷумҳури Тоҷикистон мешавад, ки ҳамчун раиси Маҷлиси Миллӣ амалан шахси дувуми кишвар буда, дар ҳоли сохтани пойгоҳи иқтисодӣ ва қудратии худ аст.
Зоҳиран раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба камияш дар байни ду қувваи бузурги оилавӣ қарор дорад ва нуфузаш дар тасмимгириҳои асосии сиёсӣ ва кадрӣ акнун бо назардошти ин рақобат гирифта мешаванд. Гумон намеравад, аз вазифаи муовини аввали раиси Бонки Миллии Тоҷикистон барканор кардани Ҷамолиддин Нуралиев, ки аз кадрҳои кордон ва донишманди Оила ба шумор меравад, барои ӯ тасмими осон будааст, аммо ӯ ин таҷрибаро дорад, ки ба рафтори баъд аз барканории кадрҳои худ нигарад ва тасмими нав гирад.
Аз ин ҷо эҳтимоли бозгашти Нуралиев зиёд аст, вале барканории ӯ бе шарҳи ҳукумат дар бораи сабабҳо овозаҳои зиёдеро аз ишораи Маскав гирифта, то зиндагии оилавии духтараш ба миён овардааст. Дар фармони Раҳмон танҳо гуфта мешавад, бинобар “ба кори дигар гузаштанаш”, вале аз барканории Нуралиев наздик ба се моҳ мегузарад, вале ба кадом “кори дигар”гузаштани ӯ маълум нест.
Ситораи Мэрилин
Сафири Иттиҳоди Аврупо Мэрилин Ҷозефсон дар паёме ӯро “ситора” номида, хостааст, “ҳаргиз тағйир наёбад, ҳамоно ҳадафи волоро дунбол ва дар кашфи чарогоҳҳои дастнахӯрда таваккул кунад”.
Ин суханони сафир, ки дар посух ба сипоси Нуралиев аз саҳми Ҷозефсон дар “ҷунбондан”-и тарҳи Роғун гуфта шудаанд, аз як сӯ паёме ба Эмомалӣ Раҳмон буда метавонанд, аз сӯйи дигар духӯрагие доранд, ки ба ҷойи “кашфи обҳои шинонакарда”, “чарогоҳҳо ё чаманҳои дастнахӯрда” истифода шудааст.
Таҳсилкардаи Амрико ва меъмори низоми феълии бонкии кишвар, Ҷамолиддин Нуралиев дар ҳукумати Тоҷикистон “ғарбгаро” дониста мешавад. Бино бар таҷрибаи кораш дар ниҳодҳои молиявии Ғарб вай дар Бонки Миллӣ гуфтушуниди Тоҷикистонро бо Сандуқи Байнулмилалии Пул пеш мебурд. Тоҷикистон чанд сол боз талош дорад, аз ин созмон қарзҳои боимтиёз гирад ва шомили Барномаи васеи қарздиҳӣ шавад ва бинобар ин бисёре аз шартҳои СБП-ро иҷро кард. Аз ҷумла, бо талаби созмон ду бонки дучори мушкилшудаи “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк”-ро барҳам дод, “Барқи Тоҷик” ба се ширкат тақсим карда шуд.
Аммо ҳанӯз Тоҷикистон барои ба даст овардани қарз аз СБП муваффақ нагашт.
Тоҷикистон аз соли 2008 инҷониб пас аз бармало шудани ҳолати “истифодаи ғайримақсаднок”-и пулҳои СБП аз сӯи Бонки Миллӣ аз қарзу грантҳои созмон маҳрум монд ва Нуралиев ҳам натавонист “дили ин созмонро” ёбад.
Дар солҳои кори Нуралиев дар Бонки миллӣ чаҳор бонки Тоҷикистон муфлис шуд ва ҳазорон амонатгузор сарсон. Оғози муфлисшавии ин бонкҳо аз раёсатҳои қаблии Бонки Миллӣ мерос монда буд, аммо шеваи барҳамдиҳӣ ва таракаву тақсими моликияти бонкҳои муфлисшуда ба муштариён ниҳоят тӯл кашид ва садҳо амонатгузор ҳанӯз сарсонанд.
Таҳия ва фурӯши евробондҳои Тоҷикистон дар бозорҳои ҷаҳонӣ низ аз тарҳҳои зери роҳбарии Ҷамолиддин Нуралиев гуфта мешавад. Кишвар тирамоҳи соли 2017 барои сохтмони нерӯгоҳи “Роғун” авроқи гаронбаҳо ё ба истилоҳ евробондҳоро ба маблағи 500 миллион доллар фурӯхт, ки ҳар сол 7,2 дарсад баҳраи онро бояд бипардозад. Ҳарчанд коршиносони Вазорати молия дар як санад баҳраи ин қарзҳоро баланд номида буданд, Эмомалӣ Раҳмон аз он ситоиш карда, гуфта буд, ин нишонаи “боварии сармоягузорон ба иқтисоди Тоҷикистон” аст.
Зимнан моҳи майи соли 2019 Эмомалӣ Раҳмон аз кори раёсати Бонки Миллӣ интиқод кардаву гуфта буд, “дар дохили давлат давлати дигар бунёд кардан даркор нест!” Пас аз ин гуфтаҳо ӯ роҳбарони Бонки миллӣ, аз ҷумла Нуралиевро ба хотири “ба таври дахлдор иҷро накардани вазифаҳои хизматӣ” “танбеҳ” дода буд. Ба ин минвол Нуралиев танҳо аз домодҳои раисҷумҳур аст, ки ба таври расмӣ “танбеҳ” гирифтааст.
Моварои Маскав ва Оила
Дар симати муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон, ки 7 сол бар уҳда дошт, Нуралиев муваффақ ба назар мерасид, ҳарчанд чанде аз ислоҳоте, ки рӯйи даст гирифт, зиддуннақиз буд ва мунтақидоне ҳам дорад.
Нахуст зери раёсати ӯ дар соли 2015 нуқтаҳои саррофӣ дар Тоҷикистон пурра баста шуданд ва умури хариду фурӯши асъори хориҷӣ зери инҳисори бонкҳо даромад. Ин ислоҳот он замон бо мухолифат дучор шуд, чун беш аз 1500 сарроф аз кору даромад маҳрум гардиданд. Фурӯши асъори хориҷӣ дар бонкҳо низ гоҳе то 200 доллар барои як нафар маҳдуд карда шуд. Бо гузашти солҳо баъзе аз аз коршиносон ин иқдоми Бонки миллиро кори дуруст медонанд, ки “боиси то ҳадде муътадил ва пешгӯишаванда шудани қурби асъор гардид.”
Нуралиевро ҳамчунин аз муаллифони тарҳи баҳсбарангези таъсиси Маркази ягонаи интиқоли пул дар назди Бонки миллӣ медонанд.
Дар поёни соли 2019 Бонки Миллӣ дар як иқдоми бесобиқа низоми интиқоли пулро аз хориҷа ба Тоҷикистон тағйир дод. Дар натиҷа, чанде аз низомҳои интиқоли пул ба мисли “Золотая Корона”, “Анелик”, Money gram ва чанде дигар аз бозор маҳрум монданд.
Мунтақидон мегӯянд, ин иқдом бозори интиқоли пулро ба Тоҷикистон зери инҳисори Бонки Миллӣ даровард. Ҷонибдорони иқдом бар инанд, ки истиқлоли молиявии Тоҷикистон тақвият ёфт ва вобастагии кишварро аз ширкатҳои русӣ коҳиш дод.
Русия он замон ба ин иқдом вокуниш накард, вале эҳтимол меравад, будани як “ғарбгаро” дар Бонки Миллии Тоҷикистон дар ҳоле ки Маскав мехоҳад, аз имкониятҳои Тоҷикистон барои чап додани таҳримҳои шадиди молии Ғарб истифода кунад, барои Кремл нохушоянд буда метавонад. Аз ин ҷиҳат барканории Нуралиев барканории вазири пешини корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамроҳхон Зарифиро ба хотир меорад, ки талоши баробаргароияш бо Русия яке аз сабабҳои истеъфояш гашт, вале пас аз муддати тӯлоние сафир дар Ҷопон таъйин шуд.
Агар фарзияи охир замина дошта бошад, бозгашти Нуралиев ба вазифаи баланд ба дарозо мекашад, вале агар фарзияи аввали моҷаро дар Оила асосӣ бошад, мушкил ба зудӣ ҳал хоҳад шуд, чун Нуралиев дар тасмимҳояш ҳамеша манфиатҳои молии аъзои гуногуни Оиларо риоят карда ва барномаҳои бузурги молии худро низ пеш бурдааст.