Ҷамолиддин Нуралиев, муовини аввали раиси Бонки Миллӣ ва домоди раисҷумҳури Тоҷикистон, гузориши OCCRP (Маркази пажӯҳиши фасод ва ҷиноятҳои созмонёфта)-ро дар бораи таъсир расондани ӯ ба фурӯши саҳмияҳои ташкилоти "Имон интернешнл" (Imon International) рад кард.
Ӯ рӯзи 22-юми июл гуфт, касе аз Бонки Миллӣ ба моликони пешинаи "Имон интернешл" фишор наовардааст, то саҳмашонро бифурӯшанд. Ин дар ҳолест, ки пештар OCCRP дар як таҳқиқот ошкор намуд, ки Бонки Миллии Тоҷикистон ҳангоми як амалиёт муассисон ва роҳбарони ташкилоти "Имон интернешнл"-ро маҷбур кардааст, бо нархи арзон саҳмияҳои худро фурӯшанд ва роҳбарони пешинааш барканор шаванд.
Нуралиев: Соҳибкори итолиёвиро намешиносам
Ҳоким Холиқзода, раиси Бонки Миллӣ гуфт, хариду фурӯши саҳмияҳои "Имон интернешнл" бар асоси дастурамали 239-и Бонки Миллӣ сурат гирифтааст.
Бар асоси ин дастурамал, ки соли гузашта қабул шуд, созмонҳои хурд ва фонд ё бунёдҳои қарзии кишвар вазифадор шуданд, дар муддати 3 моҳ аз саҳм ё авроқи гаронбаҳои худ дар ташкилоти дигари молиявӣ ё ширкатҳо даст кашанд. Ин қарор он вақт ташкилоти қарзиро нигарон карда буд.
Гузориши видеоиро дар инҷо бубинед:
Рӯзи 22-юми июл роҳбарияти Бонки Миллӣ батакрор таъкид карданд, ки фурӯши саҳмияҳои "Имон интернешнл" қонунӣ ва дар асоси дастурамали 239 буд.
Ҷамолиддин Нуралиев, муовини аввали раиси Бонки Миллӣ, рӯзи 22-юми июл ҳангоми нишасти хабарӣ гуфт, ба хариду фурӯши саҳмияҳои "Имон интернешнл" дахолате накарда, ба касе фишор наовардааст. Чун ба гуфтаи Нуралиев, сарпарастии ин соҳаро на ӯ, балки муовини дигари раиси Бонки Миллӣ ба уҳда дорад. Нуралиев ҳамчунин вохӯрииашро бо соҳибкори итолиёвӣ Винчензо Транӣ рад кард ва гуфт, "умуман намешиносам, ки ҳамон одам кӣ аст".
Аммо муҳаққиқони OCCRP ошкор кардаанд, ки "Имон интернешнл" дар амалиёти печида аз дасти муассисони тоҷикистониаш бо нархи арзон гирифта шуд ва соҳибкори итолиёвӣ Винчензо Транӣ бастаи асосии саҳмияҳоро ба даст овард. Муаллифони таҳқиқот навиштаанд, дар харидани саҳмияҳо, соҳибкори итолиёвӣ аз пуштибонии Ҷамолиддин Нуралиев, муовини аввали раиси Бонки Миллӣ, бархӯрдор буд.
Гузоришгарони OCCRP навиштаанд, "ҳангоме ки Транӣ аз пайи харидани саҳмияҳои "Имон" буд, Бонки Миллӣ, ки дер боз бо муассисони "Имон интернешнл" душманӣ дошт, фишорро афзоиш дод, то оне ки муассисон розӣ шуданд, саҳмияҳои худро фурӯшанд", -- гуфта шудааст дар таҳқиқот.
Харидуфурӯши "Имон интернешнл", ки баҳсҳои зиёдро ба миён овардааст, моҳи марти соли 2021 анҷом шуд. Бар асоси он, ширкати Mikro Kapital, Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ва Бонки рушди соҳибкории FMO-и Ҳолланд ба сурати умум 43,5 дарсади саҳмияҳои Imon International-ро, ки дар дасти саҳоми асосии он -- Фонди хурди қарздиҳии "Имон" буд, ба 5,4 миллион доллар хариданд.
"Агар харидуфурӯши саҳмияҳо нодуруст мебуд..."
Муовини аввали раиси Бонки Миллӣ дар ҳузури хабарнигорон далел овард, ки агар харидуфурӯши саҳмияҳои "Имон интернешнл" нодуруст мебуд, Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар он ширкат намекард.
"Ташкилоте, ки нуфузи баланд доранд, дар ягон омилҳои инсоние, ки дар чунин намуд транзаксияҳо пайдо шавад, ҳеч вақт сармоягузорӣ намекунанд. Инҳо сармоягузороне буданд, ки 15 сол ҳамроҳ бо ташкилот кор карда, онро рушд доданд", -- афзуд Ҷамолиддин Нуралиев.
Вале дар гузориши OCCRP омадааст, ғасби саҳмияҳои "Имон" дар ҳамдастӣ бо Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд сурат гирифтааст. Чун ба навиштаи таҳқиқот, БАТР дар ин давра тавонист саҳмияҳои изофӣ ба даст орад. Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд маъруфтарин саҳмдори хориҷии "Имон интернешнл" мебошад.
"Имон интернешл" яке аз ташкилоти фаъоли қарзӣ дар Тоҷикистон мебошад, ки соли 2005 аз сӯйи Гулбаҳор Маҳкамова ва Санавбар Шарифова ташкил шуд. Ҳадафи онҳо аз ибтидо расондани хадамоти молиявӣ ба занони соҳибкор буд. Ташкилоти "Имон интернешнл" дар солҳои охир ба яке аз иштирокчиёни асосии бозори бонкии Тоҷикистон табдил шуд ва аз сармоягузорони хориҷӣ маблағҳои калони қарзӣ ҷалб кард.
Мушкил дар кори "Имон интернешл" соли 2017 оғоз шуд. Дар он сол Бонки Миллӣ эълон кард, ки дар кори "Имон интернешл" ва бонки "Эсхата" камбудҳои зиёд ошкор шудааст. Дар пайи эълони Бонки Миллӣ, роҳбарияти онвақтаи "Эстаха" ва "Имон интернешл" аз мақомҳояшон барканор шуданд, ҳарчанд баъдан гуфтанд, қарори барканориашон нодуруст буд.