Як сокини 49-солаи Душанберо аз шаҳрвандии Тоҷикистон маҳрум карда, ба Афғонистон рондаанд. Мақомот мегӯянд, ин мард Аслишо Мирзогули Ҷондоршо шаҳрванди Афғонистон аст, ки солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба Тоҷикистон омада, бо санадҳои тақаллубӣ шиноснома гирифтааст. Ӯ худро Бегмуҳаммад Давлатов ва шаҳрванди комилҳуқуқи Тоҷикистон медонад. Хонаводааш низ айни гапро мегӯянд.
"Гуфт, дар Файзобод аст"
Додгоҳи ноҳияи Синои пойтахт рӯзи 18-уми августи имсол Бегмуҳаммад Давлатов ё Аслишо Мирзогули Ҷондоршоро ҳудуди 1000 сомонӣ ҷарима баста, ба қавли ҳамсараш, ҳукми ихроҷро низ ҳамон ҷо эълон намудааст. Масъулони додгоҳ дар бораи ин қазия иттилоъ надоданд.
Ҳоло рақами телефони Аслишо Мирзогули Ҷондоршо ё Бегмуҳаммад Давлатов фаъол нест. Ҳамсараш рӯзи 22-юми август гуфт, ӯ ба воситаи телефони каси дигар хабар додааст, ки «дар Файзободи Афғонистон аст».
Маълум нест, сарнавишти минбаъдаи ин мард, ки аъзои оилааш дар Душанбе ва худаш дар қаламрави зери назорати Толибон аст, чӣ хоҳад шуд.
“Қариб даҳ сол дар хобгоҳи "Гипрозем"-и Душанбе зистам. Бо занам дар маҳаллаи "Зарафшон" дар хонаи иҷора будем. Дар маҳаллаи "Мясокомбинат" як сол зиндагӣ кардем. Аз соли 1999 боз дар хонаи ҳозираам зиндагӣ мекунем," – нақл карда буд Бегмуҳаммад Давлатов рӯзи 18-уми август ба Радиои Озодӣ.
Ӯ гуфта буд, бо Нурбибӣ Неъматова издивоҷ карда, соҳиби шаш фарзанд шудаанд, аммо ҳоло танҳо ду нафари онҳо барҳаётанд. Таъкид кард, ки аз рӯзе худро шинохт, дар Тоҷикистон аст, вале ба пурсишҳои мо, ки волидонаш кистанду куҷоянд, посухи дақиқ надод. Танҳо гуфт, "маро аз хурдӣ як зан бузург кардааст."
Навор дар инҷост:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
"Мушкил соли 2019 пайдо шуд"
Нурбибӣ Неъматова, ҳамсари Бегмуҳаммад Давлатов ё Аслишо Мирзогули Ҷондоршо, ба Радиои Озодӣ гуфт, ӯро ҳамчун Бегмуҳаммад Давлатов мешиносад. "Вақте хонадор шудем, соли 1996, ҳамин номро дошт: Бегмуҳаммад Давлатов. Соли 1999 хона гирифтем, ба номаш сабт кардем. Ҳамин қадар сол дар масъалаи шиноснома мушкиле надошт. Соли 2019 чунин мушкил пайдо шуд," – афзуд хонум Неъматова.
Ин мард дар даст санадҳои зиёде дорад, ки шахсияти ӯро чун Бегмуҳаммад Давлатов тасдиқ мекунад. Бар асоси дафтарчаи меҳнатияш, дар чанде аз идораҳои давлатии Тоҷикистон ба номи Бегмуҳаммад Давлатов ва ба ҳайси посбон кор кардааст.
Бори аввал нест, ки Бегмуҳаммад Давлатовро аз Тоҷикистон ба Афғонистон меронанд. Додгоҳи ноҳияи Синои Душанбе соли 2019 ӯро ба гуноҳи сохтакории ҳуҷҷат ва ба роҳи тақаллубӣ гирифтани шиносномаи Тоҷикистон ду сол зиндонӣ карда, сипас ба Афғонистон ихроҷ карда будааст.
Санад аз ҳукумати пешин
"Чанд вақт дар Афғонистон мондам. Мақомоти ҳукумати пешини Афғонистон ба ман санад доданд, ки ба номи Аслишо Мирзогули Ҷондоршо шаҳрванд надоранд. Ман дигарбора омада, санадҳоро нишон додам, ки ман шаҳрванди Тоҷикистонам, на Афғонистон," – нақл карда буд ӯ рӯзи 18-уми август.
Дар ҳукми пешинаи додгоҳ навиштаанд, ӯ ба чунин иттиҳом дар мурофиаҳои додгоҳӣ иқрор шудааст, вале худаш гуфта буд, ҳеч гоҳ гуноҳи сохтакориро ба дӯш нагирифтааст.
Баъзе аз ҳуқуқдонҳо бо таваҷҷуҳ ба ин ки мард дар тақрибан сӣ сол чанд дафъа шиноснома гирифтааст, мепурсанд, чаро мақомот шиносномаи тақаллубии ӯро ошкор накарданд. "Пас аз қариб 30 сол ӯро муттаҳам кардан ба он ки шиносномаи қалбакӣ кардааст, каме нодуруст аст. Муҳлати даъво гузаштааст ва ӯро барои сохтакории ҳуҷҷат ҷалб намудан ба ҷавобгарӣ ғайриқонунӣ мебошад," – гуфт ҳуқуқдон Шӯҳрат Қудратов.
Дар Тоҷикистон бештар аз 10 ҳазор паноҳандаи афғонистонӣ ҳастанд. Қисме аз онҳо солҳои пеш ва бахше дигар пас аз суқути ҳукумати пешини Афғонистон аз сӯи Толибон дар моҳи августи соли гузашта ба Тоҷикистон фирор кардаанд.