Рӯзи ҳаракати қатора аз Тоҷикистон ба Русия маълум шуд, нархаш - не. ВИДЕО

Вокзали Роҳи оҳани Душанбе. Акс аз соли 2017

Интизор меравад, баъд аз даҳ рӯз, 16 август, ҳаракати қатораҳои мусофирбар аз шаҳрҳои Кӯлоб, Хуҷанд ва Душанбе ба шаҳри Волгогради Русия оғоз мешавад.

Вале нархи чиптаҳо ба ин хатсайре, ки аз ҷониби Корхонаи “Роҳи оҳан”-и Тоҷикистон анҷом мешавад, феълан дақиқ нест ва вазири нақлиёти Тоҷикистон гуфт, сари ин масъала корҳо идома дошта, дар зудтарин фурсат маълум хоҳад шуд.

Шаҳри Волгоград – маркази вилояти Волгогради Русия дар 980-километрии шаҳри Маскав қарор дорад, ки макони муҳими кору даромади шаҳрвандони Тоҷикистон ба шумор меравад. Самти роҳи қатораҳо аз Тоҷикистон ба Русия тавассуи қаламрави Узбекистону Қазоқистон хоҳад гузашт.

Мақомот дар Тоҷикистон мегӯянд, ду сол баъди танаффус дар ҳаракатҳои қатораҳо ба самти Русия бо сабаби пандемияи коронавирус, аввалин қаторааз шаҳри Кӯлоб ҳаракат хоҳад кард.

Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон реҷаи кори қатораҳоро чунин шарҳ дод:

"Қатораи Кӯлоб-Волгоград-Кӯлоб дар назар аст, рӯзи сешанбе соати 10 (ҳаракат карда), рӯзи ҷумъа соати 2:08 мерасад, яъне 72 соат дар роҳ аст. Душанбе-Волгоград-Душанбе рӯзи шанбе соати 10:18 дақиқа, соати 2:08 мерасад. Хуҷанд­-Душанбе-Хуҷанд рӯзи чоршанбе соати 14:39, бозгашт рӯзи шанбе соати 12:08. Масъалаи нархро ман ҳам дирӯз пурсидам. Ин, мутассифона, то ҳол дақиқ нашудааст ва аниқ, ки мешавад, эълон мекунем".

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Равуои қатораҳои мусофирбари роҳи оҳан ба Волгогради Русия барқарор мешавад

Қаблан намояндагони идораи Роҳи оҳани кишвар гуфта буданд, ки ҳаракати қатораҳоро ба самти Русия рӯзи 30-юми август оғоз мешавад, вале ба гуфтаи Азим Иброҳим, нақшаи нав дигар аст.

Оғози ҳаракати қаторҳо миёни Тоҷикистону Русия метавонад барои садҳо муҳоҷир хабари хуш бошад. Ба хотири гарон будани билети ҳавопаймо, муҳоҷирони зиёд тавассути қатор ба Русия рафтуомад мекарданд.

Меҳрубон Алиев, як сокини шаҳри Душанбе ҳам аз шунидани хабари азсаргирии ҳаракати қатораҳо хушнуд аст. Танҳо орзуи ӯ ин аст, ки нархи билетҳо гарон набошанд. Ӯ мегӯяд: "Арзон бошад, боз беҳтар аст, чун ҳозир барои мардуми мо кор мушкил аст, кор намеёбанд, агар арзон бошад беҳтарин мешавад".

Таъкид ба зарурати нархи поинтар аз он ҷост, ки парвоз ба самти Русия бо ҳавопаймо гарон аст ва бар асоси маълумоти охир аз нуқтаҳои билетфурӯшии Тоҷикистон, барои расидан ба Маскав аз Душанбе дар як самт на камтар аз 500 доллар зарур мешавад. Нархи билетҳои ҳавопаймо ба самти Русия дар ду ҳафтаи ахир якбора боло рафт, вале мақомот ин ҳолатҳо шарҳ надоданд. Бархе мақомот тахмин кардаанд, ки шояд нархи билети қатораҳо ба самти Русия аз 1400-1500 сомонӣ (тахминан 150 доллар) шурӯъ шавад, вале ҳанӯз тасмими ниҳоӣ гирифта нашудааст.

Ҷаббор Каримов, сокини дигари шаҳри Душанбе мегӯяд: «Ба ҳама маълум, ки ҳозир халқ аз ҷиҳати буҷет суст аст, модоме, ки поездро кушоданд, як беҳбудӣ мешидагист, барои он ки мо аз Русия вобастагӣ дорем, боз як беҳбудӣ меорад".

Бисёр мусофирони поезду ҳавопаймоҳое, ки ба самти Русия ҳаракат мекунанд, корҷӯён ҳастанд, ки бо сабаби бекорӣ дар Тоҷикистон ба он ҷо мераванд ва аз ин ҳисоб оилаҳои худро дар Тоҷикистон таъмин мекунанд.

Охирин қаторае, ки аз Русия ба Тоҷикистон ҳаракат карда буд, моҳи марти соли 2020 буд. 16-уми марти ҳамон сол Русия ба далели ҳамагири COVID-19 ҳаракати қаторҳои мусофирбарро бо Тоҷикистон муваққатан қатъ кард.

Ҳоло дар назар аст, танҳо ба шаҳри Волгоград ҳаракати қатораҳо сурат гирад. Дар вазорати нақлиёти Тоҷикистон гуфтанд, феълан ҳаракати қатора ба дигар шаҳрҳои Русия маълум нест.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Нархи билетҳои парвоз ба Русия якбора боло рафт Парвози ҳавопаймоҳои Turkish Airlines ба Душанбе бештар мешавадS7 парвози ҳавопаймоҳоро ба Тоҷикистон "оғоз мекунад", вале кай? ВИДЕОХадамот гуфт, билетфурӯшӣ монополия нест, аммо барои поин овардани нарх дасташ кӯтоҳ аст. ВИДЕО