13 ҳазор кам шудани довталабон қонуни хидмати ҳарбиро зери суол бурд

Маркази миллии тестӣ

Дар се соли ахир шумораи довталабони таҳсили олӣ, бахусус писарон, дар донишгоҳҳои Тоҷикистон қариб 13 ҳазор нафар кам шудааст.

Роҳбари Маркази миллии тестӣ сабаби коҳиши довталабонро ба таҳсили ҷавонон дар хориҷа рабт дод, аммо коршиносон мегӯянд, ин натиҷаи қонуни нави даъват ба артиш мебошад.

Маркази миллии тестӣ мегӯяд, агар соли 2020 теъдоди довталабон ба донишгоҳҳои кишвар бештар аз 100 ҳазор нафар буд, пас имсол ин шумора то 82 ҳазор камтар шудааст. Аз ҳамин 82 ҳазор нафар танҳо 69 ҳазор нафарашон ба имтиҳонҳо ҳозир шудаанд.

Сабзалӣ Ҷаъфарзода, роҳбари Маркази миллии тестӣ

Сабзалӣ Ҷаъфарзода, роҳбари Маркази миллии тестӣ, рӯзи 4-уми август тасдиқ кард, ки се соли ахир раванди камшавии довталабон сабт шудааст. Ҷаноби Ҷаъфарзода сабаби инро ба боз шудани роҳҳо баъди аз байн рафтани пандемия рабт дод. Зеро ба гуфтаи ӯ, “соли 2020 соли пандемия буд ва роҳҳо баста буданд, бисёр нафарон ба муассисаҳои таълимоти дохили кишвар таваҷҷуҳ карданд.”

Изҳороти Раиси Маркази тестӣ дар ҳолест, ки қабл аз пандемия ҳам теъдоди довталабон ба монанди имсол кам набуд. Аз ҷумла солҳои 2018 ва 2019 шумораи довталабон аз 90 ҳазор бештар буд. Аммо баъди қабули қонуни нав шумори хоҳишмандони таҳсил дар мактабҳои олии Тоҷикистон то 82 ҳазор кам шуд.

Гузоришҳои нави Маркази миллӣ тестӣ нишон медиҳад, ки дар се соли ахир асосан шумораи довталабони писар дар донишгоҳҳо кам шудааст. Масъулини Маркази тестӣ рӯзи 4-уми август гуфтанд, агар соли 2020 қариб 57 дарсади довталабон писарҳо буданд, пас имсол ин теъдод ба 53 дарсад кам шуд.

Бархе аз коршиносон, аз ҷумла профессор Абдураҳмон Қурбонов гуфта буд, ба таври назаррас кам шудани теъдоди довталабони таҳсил дар мактабҳои олӣ натиҷаи қабули қонуни нави даъват ба артиш аст.

Қонуни нави хидмат дар артиши Тоҷикистон дар аввали соли 2021 қабул шуд. Бар асоси он донишҷӯёне, ки дар кафедраи ҳарбӣ таҳсил мекунанд, бояд як сол хидмат кунанд ва муҳассилони риштаи магистратура ва докторантура ҳаққи ба таъхир гузоштани хидматро надоранд. Пештар донишҷӯёни шаш донишгоҳи калонтарини кишвар баъди хатми кафедраи ҳарбӣ соҳиби билети ҳарбӣ мешуданд. Онҳое, ки дар риштаи магистратура ва аспирантура таҳсил мекарданд, дар вақти таҳсил аз хидмат дар артиш озод буданд.

Профессор Абдураҳмон Қурбонов, сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои иҷтимоии Маркази тадқиқоти стратегӣ моҳи январи имсол гуфта буд, "қабул гардидани қонуни мазкур ба низоми мактабҳои олӣ ва муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ таъсири ҷиддии манфӣ расонд. Аввалан бо қабул гардидани ин қонун сатҳи нуфуз ва эътибори мактаби олӣ, майлу хоҳиши ҷавонон барои таҳсил дар ин муассисаҳо коҳиш ёфт."

Коҳиши довталабон нигаронии бархе аз мақомдоронро ба миён овард. Аз ҷумла Икром Субҳонзода, директори Оҷонсии назорат дар соҳаи маориф оғози ҳафта зимни нишасти хабарӣ гуфтааст, “кам шудани теъдоди донишҷӯён пайомадҳои манфӣ дорад, ки он метавонад ба муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ зарар расонад.”

Ба навиштаи сомонаи Пресса.тҷ, Субҳонзода гуфтааст, коҳиши довталабон метавонад норасоии кадриро дар кишвар ба миён орад.

Бо вуҷуди интиқодҳо аз қонуни нави даъват ба артиш, масъулони Вазорати дифоъ ва маорифи кишвар бар ин назаранд, ки қонун монеи таҳсили ҷавонон дар донишгоҳҳо намешавад. Маҳмадюсуф Имомзода, собиқ вазири маорифи Тоҷикистон, аввали имсол аз қонуни нави даъват ба артиш ҳимоят карда гуфта буд, "хидмат ба ватан-модар қарзи шаҳрвандии ҳар нафар аст.”

Сабзалӣ Ҷаъфарзода, роҳбари Маркази миллии тестӣ мегӯяд, барои дақиқ кардани сабабҳои коҳиши довталабон, ният доранд имсол назарпурсие анҷом диҳанд.

Як манбаъ дар Вазорати маориф бо шарти зикр нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, онҳо ба ҳукумат пешниҳод кардаанд, то қонуни даъват ба артиш ислоҳ карда шавад.

“Пешниҳоди мо ин аст, ки мисли гузашта мақоми кафедраҳои ҳарбӣ барқарор шуда, ҳамчунин магистр ва аспирантҳо дар давраи таҳсил аз хизмат озод бошанд,”-афзуд манбаъ.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

"Пул додем, на ба тамрин бурданд, на билети ҳарбӣ доданд"Самадова: "Тахминан 30%-и муроҷиат аз вайрон шудани қонуни даъват аст"Дилрабо Самадова: Хидмати алтернативӣ нест. Ҳам пул медиҳӣ, ҳам ба артиш меравӣ. ВИДЕО29 соли артиши Тоҷикистон. Мақомот аз пешрафт мегӯянд, дигарон аз мушкилу сустӣ. ВИДЕО"Ба муҳоҷират рафтанд". Сафи довталабони таҳсил дар донишгоҳҳои Тоҷикистон кам шудааст. ВИДЕОШумори магистрҳо дар Тоҷикистон кам шудаст. Таъсири қонуни нав?Профессори тоҷик аз оқибатҳои фалокатбори қонуни хидмати ҳарбӣ ҳушдор дод.ВИДЕО