Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ба муҳоҷират рафтанд". Сафи довталабони таҳсил дар донишгоҳҳои Тоҷикистон кам шудааст. ВИДЕО


Ҳангоми имтиҳони қабул ба донишгоҳ
Ҳангоми имтиҳони қабул ба донишгоҳ

Намояндагони Маркази миллии тестӣ тасдиқ карданд, ки сафи довталабон ба мактабҳои олии Тоҷикистон камтар шудааст, вале сабаби асосии онро ба "муҳоҷират" пайванд доданд. Қаблан баъзе аз коршиносон гуфта буданд, ки ин вазъ ҳосили ба иҷро даромадани қонуни нав дар бораи хидмати сарбозӣ аст.

Хуршед Икромӣ, раиси Маркази миллии тестӣ, 16-уми феврал гуфт, чунин арзёбӣ то ҳол дақиқ ва собит нашудааст. "Рости гап, дар ин бахш таҳқиқоте нагузарондем. Пурсиш нагузарондем, ки таъсири қонуни нави хидмат дар артиш чӣ гуна аст. Барои ин, албатта, таҳқиқот лозим аст," – афзуд ӯ.

Хуршед Икромӣ, раиси Маркзаи миллии тестӣ
Хуршед Икромӣ, раиси Маркзаи миллии тестӣ

Қонуни нави хидмат дар артиши Тоҷикистон дар аввали соли 2021 қабул шуд. Бар асоси он донишҷӯёне, ки дар кафедраи ҳарбӣ таҳсил мекунанд, бояд як сол хидмат кунанд ва муҳассилони риштаи магистратура ва докторантура ҳаққи ба таъхир гузоштани хидматро надоранд.

Ба гуфтаи масъулони Марказ, дар соли 2021 бештар аз 90 ҳазор довталаб сабти ном шуданд, аммо беш аз 10 ҳазор нафари онҳо ба имтиҳонҳо наомаданд. Натиҷаи пурсиши нишон додааст, ки

  • "29 дарсад ба муҳоҷират рафтаанд;
  • 28 дарсад имкони пардохти маблағро надоштаанд;
  • 13 дарсад бемории худ ё наздиконашонро далел овардаанд;
  • 8 дарсад таҳсил дар хориҷа ва сабабҳои дигарро номбар кардаанд."

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

"Талабгорон"-и донишгоҳҳои Тоҷикистон кам шудааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:53 0:00

Намояндагони Маркази миллии тестӣ гуфтанд, аз 65 ҳазор нафаре, ки аз имтиҳонҳои қабул гузаштанду донишҷӯ шуданд, тақрибан 12 ҳазор нафар низ аз идомаи таҳсил даст кашиданд.

Абдулвосит Шодиниё, ёвари раиси Маркази миллии тестӣ, сабаби иҷро нашудани нақшаи қабули довталабонро ба кам будани хатмкунандагони мактабҳои миёна рабт дод. Вай гуфт: "Масалан, соли 2021 шумораи хатмкардагон нисбат ба 2020 панҷ дарсад камтар буд. Яъне, 6 ҳазору 314 нафар камтар. Ин ҳам метавонад, яке аз сабабҳо бошад."

Ин дар ҳолест, ки чанде пеш дар як нишасти Маркази тадқиқоти стратегӣ таҳлилгарон сабаби якбора кам шудани шумораи довталабон ва даст кашидан аз таҳсил дар мактабҳои олиро ба қонуни нави даъват ба артиш рабт доданд. Профессор Абдураҳмон Қурбонов, сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои иҷтимоии Маркази тадқиқоти стратегӣ, коҳиши шумори донишҷӯёнро яке аз пайомадҳои қонуни нави даъват ба артиш номид.

Ӯ аз ҷумла гуфт: "Қабул гардидани қонуни мазкур ба низоми мактабҳои олӣ ва муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ таъсири ҷиддии манфӣ расонд. Аввалан бо қабул гардидани ин қонун сатҳи нуфуз ва эътибори мактаби олӣ, майлу хоҳиши ҷавонон барои таҳсил дар ин муассисаҳо коҳиш ёфт."

Ҳомиёни ҳуқуқ низ қабули қонуни нави хидмат дар артишро танқид карда, гуфтаанд, аз оғоз хоҳони бозбинии баъзе бандҳои он ҳастанд. Вале масъулони Вазорати дифоъ ва маорифи кишвар бар ин назаранд, ки қонун монеи таҳсили ҷавонон дар донишгоҳҳо намешавад.

Тибқи иттилои масъулони Маркази миллии тестӣ, нақшаи қабули донишҷуён дар муассисаҳои таълимии кишвар дар соли ҷорӣ бештар аз 95 ҳазор пешбинӣ шудааст. Вале маълум нест, ки нақша то куҷо иҷро хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG